À propos de la propriété intellectuelle Formation en propriété intellectuelle Respect de la propriété intellectuelle Sensibilisation à la propriété intellectuelle La propriété intellectuelle pour… Propriété intellectuelle et… Propriété intellectuelle et… Information relative aux brevets et à la technologie Information en matière de marques Information en matière de dessins et modèles industriels Information en matière d’indications géographiques Information en matière de protection des obtentions végétales (UPOV) Lois, traités et jugements dans le domaine de la propriété intellectuelle Ressources relatives à la propriété intellectuelle Rapports sur la propriété intellectuelle Protection des brevets Protection des marques Protection des dessins et modèles industriels Protection des indications géographiques Protection des obtentions végétales (UPOV) Règlement extrajudiciaire des litiges Solutions opérationnelles à l’intention des offices de propriété intellectuelle Paiement de services de propriété intellectuelle Décisions et négociations Coopération en matière de développement Appui à l’innovation Partenariats public-privé Outils et services en matière d’intelligence artificielle L’Organisation Travailler avec nous Responsabilité Brevets Marques Dessins et modèles industriels Indications géographiques Droit d’auteur Secrets d’affaires Académie de l’OMPI Ateliers et séminaires Application des droits de propriété intellectuelle WIPO ALERT Sensibilisation Journée mondiale de la propriété intellectuelle Magazine de l’OMPI Études de cas et exemples de réussite Actualités dans le domaine de la propriété intellectuelle Prix de l’OMPI Entreprises Universités Peuples autochtones Instances judiciaires Ressources génétiques, savoirs traditionnels et expressions culturelles traditionnelles Économie Égalité des genres Santé mondiale Changement climatique Politique en matière de concurrence Objectifs de développement durable Technologies de pointe Applications mobiles Sport Tourisme PATENTSCOPE Analyse de brevets Classification internationale des brevets Programme ARDI – Recherche pour l’innovation Programme ASPI – Information spécialisée en matière de brevets Base de données mondiale sur les marques Madrid Monitor Base de données Article 6ter Express Classification de Nice Classification de Vienne Base de données mondiale sur les dessins et modèles Bulletin des dessins et modèles internationaux Base de données Hague Express Classification de Locarno Base de données Lisbon Express Base de données mondiale sur les marques relative aux indications géographiques Base de données PLUTO sur les variétés végétales Base de données GENIE Traités administrés par l’OMPI WIPO Lex – lois, traités et jugements en matière de propriété intellectuelle Normes de l’OMPI Statistiques de propriété intellectuelle WIPO Pearl (Terminologie) Publications de l’OMPI Profils nationaux Centre de connaissances de l’OMPI Série de rapports de l’OMPI consacrés aux tendances technologiques Indice mondial de l’innovation Rapport sur la propriété intellectuelle dans le monde PCT – Le système international des brevets ePCT Budapest – Le système international de dépôt des micro-organismes Madrid – Le système international des marques eMadrid Article 6ter (armoiries, drapeaux, emblèmes nationaux) La Haye – Le système international des dessins et modèles industriels eHague Lisbonne – Le système d’enregistrement international des indications géographiques eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange Médiation Arbitrage Procédure d’expertise Litiges relatifs aux noms de domaine Accès centralisé aux résultats de la recherche et de l’examen (WIPO CASE) Service d’accès numérique aux documents de priorité (DAS) WIPO Pay Compte courant auprès de l’OMPI Assemblées de l’OMPI Comités permanents Calendrier des réunions WIPO Webcast Documents officiels de l’OMPI Plan d’action de l’OMPI pour le développement Assistance technique Institutions de formation en matière de propriété intellectuelle Mesures d’appui concernant la COVID-19 Stratégies nationales de propriété intellectuelle Assistance en matière d’élaboration des politiques et de formulation de la législation Pôle de coopération Centres d’appui à la technologie et à l’innovation (CATI) Transfert de technologie Programme d’aide aux inventeurs WIPO GREEN Initiative PAT-INFORMED de l’OMPI Consortium pour des livres accessibles L’OMPI pour les créateurs WIPO Translate Speech-to-Text Assistant de classification États membres Observateurs Directeur général Activités par unité administrative Bureaux extérieurs Avis de vacance d’emploi Achats Résultats et budget Rapports financiers Audit et supervision
Arabic English Spanish French Russian Chinese
Lois Traités Jugements Parcourir par ressort juridique

Tadjikistan

TJ026

Retour

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Тухмипарварӣ

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Тухмипарварӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тухмипарварӣ

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008,№1 қисми 2, мод. 20)

БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мақсади Қонуни мазкур Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард,

сертификатсия, фурӯши тухмӣ, ниҳол ва растаниҳо, инчунин ташкил ва бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқаррар мекунад.

Моддаи 2.Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: ‐ тухмипарварӣ – фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия,

фурӯши тухмии растаниҳо, инчунин оид ба бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмӣ; ‐ тухмӣ – қисмҳои растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лӯндамева, бехмева, пиёзак, қаламча, ниҳол,

кӯчат ва ғайра), ки барои такрористеҳсоли навъҳои растаниҳо истифода мешаванд; ‐ аломатҳои навъӣ – маҷмӯи аломатҳое, ки мансубияти растаниро ба навъи муайян ва

тозагии тухмиро дар асоси санҷишҳои саҳроӣ ва лабораторӣ исбот мекунад; ‐ ҳар як маҷмӯи тухмӣ – миқдори муайяни тухмиҳои аз рӯи пайдоиш ва сифаташон

якхела; ‐ навъ – гуруҳи ботаникии растаниҳо, ки як воҳиди муайянро ташкил дода, хусусиятҳои

фарқкунандагӣ, якшаклӣ ва устувории аломатҳоро доранд; ‐ назорати кишти тухмӣ дар саҳро – таҳқиқи кишти тухмӣ бо мақсади муқаррар намудани

мансубияти онҳо ба навъи муайян, муқаррар намудани тозагии навъӣ ва якшаклии навъ, мавҷуд будани алафҳои бегона ва муайянкунии осеби ба растанӣ ва тухмӣ расонидаи намудҳои касаливу ҳашаротҳои зарраррасони зироатҳои кишоварзӣ;

‐ назорати навъӣ – чорабиниҳо оид ба муайян кардани тозагии навъ, муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян тавассути анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ;

‐ назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ – муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян ва муқаррар кардани тозагии навъи растанӣ бо роҳи кишти тухмӣ дар қитъаҳои махсус ва омӯзиши минбаъдаи аломатҳои растанӣ;

‐ назорати тухмӣ – чорабиниҳо оид ба муайян кардани сифати тухмӣ, назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

‐ сертификатсияи тухмӣ – системаи таъмини сифати тухмӣ, ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории тухмии навъҳои ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ дохилшударо дар бар мегирад;

‐ сифати тухмӣ – маҷмӯи аломатҳое, ки шомил будани тухмиро ба навъи муайяни растанӣ ва киштбоб будани онро тавсиф медиҳанд (ба монанди тозагӣ, қобилияти сабзиш ва солимии тухмӣ);

‐ ташхиси лабораторӣ – муқаррар кардани нишондиҳандаҳои сифати тухмӣ бо роҳи анҷом додани ташхиси лабораторӣ;

‐ тухмии гибридӣ – тухмии насли якум, ки дар натиҷаи дурагакунии намудҳои авлодӣ истеҳсол шудааст;

‐ тухмии муқаррарии растаниҳои ҷангалӣ – тухмие, ки аз растаниҳои ҷангалӣ ҷамъ оварда шудааст;

1

‐ тухмии беҳтаргардонидашудаи растаниҳои ҷангалӣ – тухмие, ки аз намунаҳои беҳтарини растаниҳои ҷангалии интихобшуда ва парваришӣ истеҳсол карда мешавад;

‐ тухмии навъии растаниҳои ҷангалӣ – тухмие, ки аз навъҳои парваришии растаниҳои ҷангалӣ истеҳсол карда мешавад;

‐ Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ – феҳристе, ки ба он руйхати навъҳои растании барои истеҳсол ва истифодаи тиҷоратӣ иҷозатдодашуда дохил карда мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4.Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ба амалсозии фаъолияти истеҳсол, такрористеҳсол,

коркард, пешниҳоди тухмӣ ба фурӯш, воридот ва содироти навъҳои тухмӣ алоқаманданд, инчунин ҳангоми ташкил ва анҷом додани назорати навъӣ ва тухмӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 5.Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои

соҳавӣ, инчунин бо роҳи ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ватанӣ амалӣ гардонида мешавад.

БОБИ 2. ГУР�ҲҲОИ ТУХМӢ Моддаи 6. Гурӯҳҳои тухмӣ Вобаста ба усулҳои сертификатсияи намудҳои гуногуни растанӣ гуруҳҳои зерини тухмӣ

муайян карда мешаванд: ‐ аслӣ; ‐ элита; ‐ репродуксионӣ (тухмии репродуксияҳои якум ва минбаъда, инчунин тухмии гибридии

насли якум). Усулҳои истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои дахлдорро мақоми ваколатдори давлатии идораи

кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муқаррар менамояд.

Моддаи 7. Тухмии аслӣ Тухмии аслӣ тухмие мебошад, ки аз тарафи селексионери навъ ё шахси ваколатдоршудаи

ӯ истеҳсол карда мешавад. Селексионери навъ шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки навъи растаниро ба вуҷуд

овардааст, нигоҳдории навъ ва ҳифзи маълумоти навъро, ки ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ дохил шудааст, таъмин менамояд.

Дастурамали бақайдгирии навъро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал тасдиқ менамояд.

Моддаи 8. Тухмии элита Тухмии элита тухмиест, ки аз тухмиҳои аслӣ ҳосил шуда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ

ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мувофиқат мекунад. Шумораи наслҳои тухмии элитаро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва

хоҷагии ҷангал муайян мекунад. Тухмии элита барои истеҳсоли тухмии репродуксионӣ истифода мешавад.

Моддаи 9. Тухмии репродуксионӣ Тухмии репродуксионӣ тухмии наслҳои минбаъдаи аз тухмии элита рӯёнидашуда

мебошад.

2

Шумораи наслҳои тухмии репродуксиониро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

Тухмии гибридии насли якум тухмии репродуксионӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 10 . Гурӯҳҳои тухмии растаниҳои ҷангалӣ Вобаста ба хусусиятҳои ирсиашон гурӯҳҳои зайли тухмии растаниҳои ҷангалӣ муайян

карда мешаванд: муқаррарӣ, беҳтаргардонидашуда, навъӣ. Ба гурӯҳҳои номбаршуда ҷудо кардани тухмии растаниҳои ҷангалиро мақоми ваколатдори

давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТУХМИПАРВАРӢ Моддаи 11. Системаи тухмипарварӣ Системаи тухмипарварӣ маҷмӯи фаъолияти якҷояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ҷиҳати

кор ба ҳам алоқамандро ифода мекунад, ки фаъолияти истеҳсоли тухмиро амалӣ менамоянд. Тартиби амали системаи тухмипарвариро мақоми ваколатдори давлатии идораи

кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

Моддаи 12. Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ тавассути чорабиниҳои зерин сурат мегирад: ‐ ҷудо кардани маблағҳои давлатӣ; ‐ ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмиҳои аслӣ ва элита; ‐ додани қарзҳои имтиёзнок; ‐ истифодаи дигар чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ.

Моддаи 13. Таъминоти илмии тухмипарварӣ Таъминоти илмии тухмипарвариро ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ

ва шахсони воқеии бо тадқиқоти илмии соҳаи тухмипарварӣ машғулбуда ба ҷо меоранд.

Моддаи 14.Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ Бо мақсади муайян намудани афзалияти иқтисодӣ, имкониятҳои истифодабарӣ ва афзун

намудани навъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд санҷиши расмии навъ анҷом дода шуда, навъ ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ дохил карда шавад.

Номгӯи намудҳои растаниҳое, ки бояд барои муайян намудани афзалияти иқтисодиашон мавриди санҷиши расмӣ қарор гиранд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо муқаррар карда мешавад.

Тартиби ташкили санҷишҳои расмӣ барои муайян намудани афзалияти иқтисодии навъ, инчунин дохил кардани навъ ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва хориҷ намудани он аз Феҳрист аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо муқаррар карда мешавад.

Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо бо низом нигоҳ дошта шуда, соле як маротиба нашр мешавад.

БОБИ 4. ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ ТУХМӢ Моддаи 15. Талабот нисбати истеҳсоли тухмӣ Барои истеҳсоли тухмӣ бояд тухмие истифода шавад, ки сифатҳои навъӣ ва гурӯҳҳои он ба

талаботи стандарти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ҷавобгӯ бошанд.

Бо мақсади истеҳсоли тухмӣ кишт намудани тухмие, ки бо тухми алафҳои бегонаи карантинӣ омехта ва ё бо зараррасонҳо ва касалиҳои карантинии растанӣ сироятнок шудааст, манъ аст.

Моддаи 16. Хусусиятҳои хоси истеҳсоли гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ Тухмии аслиро селексионери навъ ё шахси ваколатдори ӯ истеҳсол мекунад.

3

Тухмии элита ва репродуксиониро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамчун истеҳсолкунандагони гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ ба қайд гирифта шудаанд, истеҳсол менамоянд.

Бақайдгирӣ барои истеҳсоли тухмиҳои элита ва репродуксионӣ бо мақсади фурӯши онҳо мутобиқи санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал номгӯи истеҳсолкунандагон, ворид ва содиркунандагони тухмиро тартиб дода, ба низом медарорад.

Тухмиҳои гурӯҳҳои алоҳидаи растаниҳои ҷангалӣ бо тартиби муқараррнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал истеҳсол карда мешаванд.

Моддаи 17.Минтақаҳо ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли тухмӣ Бо мақсади бо тухмии хушсифат таъмин намудани истеҳсолот ва қонеъ гардонидани

талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди фитосанитарӣ ва технологӣ ҳангоми истеҳсоли тухмии дорои сифати баланди навъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарвариро, қатъи назар аз шакли моликияташон, муайян мекунад. Дар ин минтақаҳо ва хоҷагиҳо тартиб, талабот ва шароити махсуси истеҳсоли тухмӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 18. Истеҳсол ва коркарди тухмӣ Тартиби истеҳсол ва коркарди тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи

кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян карда мешавад. Истифодаи тухмиҳое, ки моликияти зеҳнӣ мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 19.Фонди давлатии тухмӣ Фонди давлатии тухмӣ аз захираҳои тухмӣ иборат буда, барои минтақаҳое пешбинӣ

мешавад, ки дар он ҷо истеҳсоли тухмӣ ба роҳ монда нашудааст ё дар истеҳсоли он имконият маҳдуд аст, инчунин барои кӯмак расонидан ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ё дар хоҷагии ҷангал коркунанда ҳангоми ҳолатҳои офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда ташкил дода мешаванд.

Барои фонди давлатии тухмӣ тухмиҳое тайёр карда мешаванд, ки дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобӣ мебошанд.

Фонди давлатии тухмӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, ташкил меёбад.

Фонди давлатии тухмӣ моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Фонди давлатии тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва

хоҷагии ҷангал ташкил дода мешавад. Тартиби ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон муайян мегардад.

Моддаи 20.Фонди суғуртавии тухмӣ Фонди суғуртавии тухмӣ аз захираҳои тухмӣ иборат буда, барои дар ҳолатҳои беҳосилӣ ва

дигар ҳолатҳои фавқулодда истифода намудан ташкил дода мешавад. Тартиби ташкил ва истифодаи фонди суғуртавии тухмиро мақоми ваколатдори давлатии

идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад. БОБИ 5. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ НАЗОРАТИ

НАВЪӢ ВА ТУХМӢ Моддаи 21. Талаботи умумӣ барои назорати навъӣ ва тухмӣ Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати навъӣ ва тухмиро Қонуни мазкур муайян

менамояд. Назорати навъӣ ва тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тухмипарварӣ амалкунанда анҷом дода мешавад.

4

Сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухмӣ нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият доранд.

Тухмӣ ва ё ниҳолҳо бояд аз назорати навъӣ ва тухмӣ гузаронида шаванд. Барои муайян намудани навъ ва сифати тухмӣ усул, мафҳумҳо ва санадҳои меъёрии

ҳуқуқии тухмипарварӣ, ҳамчунин воситаҳои ягонаи техникӣ истифода мешаванд. Сифати тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

дар соҳаи тухмипарварӣ муайян карда мешавад. Нишондиҳандаҳои сифат барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растаниҳо муайян карда мешаванд.

Моддаи 22. Назорати навъӣ Назорати навъии тухмӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки он аз назорати кишти

тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ иборат мебошад. Барои навъҳои ба фурӯш пешбинишуда дар ҳолати истифодаи нақшаи назорат анҷом

додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ҳатмӣ мебошад. Тартиби анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои

санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ, инчунин бақайдгирии киштҳои тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян карда мешавад.

Моддаи 23. Назорати тухмӣ Назорати сифати тухмӣ бо роҳи интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ амалӣ мегардад. Интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ аз маҷмӯи тухмии барои фурӯш пешниҳодшуда аз

тарафи мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аккредитатсияшуда анҷом дода мешавад.

Тартиби аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳуқуқи интихоби намунаи тухмӣ ва муайян кардани сифати киштбобии тухмии растанӣ мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

Интихоби намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмӯи тухмии барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда ва ташхиси он мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ Мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал нақшаи

сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян мекунад. Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои фурӯш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия шавад. Сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори

давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ дода мешаванд. Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати

тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

Моддаи 25.Шаҳодатномаи сифати тухмӣ Шаҳодатномаи сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи

тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал медиҳад.

Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ метавонад дар асоси ташхиси лабораторӣ шаҳодатномаи тозагии навъ диҳад.

БОБИ 6.МАРКЕТИНГИ ҲАР ЯКМАҶМӮИ ТУХМӢ Моддаи 26.Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

тухмипарварӣ амалӣ гардонида мешавад. Ҳар як маҷмӯи тухмӣ ҳангоми фурӯш бояд дар борҷома ҷойгир шуда бошад ва борҷомаю

воситаҳои борбандии он тамғаи муқарраршуда дошта бошанд. Ҳар як маҷмӯи тухмие, ки бо маводи кимиёвӣ ё биологӣ коркард шудааст, бояд дар

борҷома ҷой карда шавад. Борҷома ва воситаҳои борбандии ин гуна тухмиҳо бояд навиштаҷоти

5

дахлдор ва ҳуҷҷатҳои бо он ҳамроҳ фиристодашаванда дошта бошанд, ки дар онҳо тартиби истифодаи чунин тухмӣ ва маълумот дар бораи эҳтимоли таъсири манфии он ба саломатии инсон ва муҳити зист зикр карда шавад.

Ҳангоми фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар борҷома ва воситаҳои борбандии он, тамға, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда зикр кардани маълумоти ба навъи растанӣ, пайдоиш ва сифати тухмӣ аслан номувофиқ, инчунин паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.

Тартиби фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бо назардошти талабот нисбати тухмӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 27. Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ Ба воридоти ҳар як маҷмӯи тухмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд будани

сертификати сифати навъию киштбобӣ, иҷозатномаи воридотии карантинӣ ва ҷавобгӯ будани ҳар як маҷмӯи тухмии мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар ҳолати рехта (бе борҷома), инчунин ҳар як маҷмӯи тухмие, ки навъи онҳо ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ дохил нашудаанд, ба истиснои ҳар як маҷмӯи тухмие, ки барои таҳқиқоти илмӣ, санҷишҳои давлатӣ, истеҳсоли тухмии барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, манъ аст.

Ҳар як маҷмӯи тухмии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бояд таҳти назорати сифати тухмӣ ва фитосанитарӣ қарор гирад.

Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бояд дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ ва сертификати фитосанитарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бошад.

Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар мавридҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотии карантинӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии карантини растаниҳо дода мешавад.

Тартиби додани сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотии карантиниро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

Назорати воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал амалӣ менамояд.

Тартиби воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 28. Кафолати сифати тухмӣ Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии фурӯшандаи ҳар як маҷмӯи тухмӣ кафолат медиҳанд, ки навъ

ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда ба маълумоти дар сертификати дахлдор нишондодашуда мутобиқ мебошанд.

Дар сурати ба сертификати дахлдор мувофиқат накардани навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба фурӯши чунин тухмӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 7. ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ БАҚАЙДГИРИИ НАВЪҲО,НАЗОРАТИ НАВЪӢ ВА ТУХМИРО АМАЛӢМЕНАМОЯНД

Моддаи 29.Мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти ҷумҳуриявӣ, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи тухмипарварӣ ба ҷо меоранд, мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал ва мақомоти маҳаллии онҳоро дар бар мегиранд.

6

Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявӣ, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи тухмипарварӣ ба ҷо меоранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 30. Ташкилотҳое, ки бақайдгирии навъҳо ва назорати навъию тухмиро амалӣ менамоянд

Бақайдгирии навъҳоро мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо анҷом медиҳад.

Назорати навъӣ ва тухмиро нисбати кишти тухмӣ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмӣ мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 31. Нозирони давлатии тухмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ Нозирони давлатии тухмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ

доранд: ‐ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонун ба назди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба

фаъолияти тухмипарварӣ машғуланд рафта, аз шахсони номбаршуда ба таври ройгон маълумоти зарурӣ гиранд;

‐ ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ фурӯш ё истифодаи тухмиро боздоранд ва оиди манъи фурӯш ё истифодаи он ба суд даъво пешниҳод намоянд;

‐ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият менамоянд, оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ дастур пешниҳод намоянд;

‐ дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ гардонанд.

Моддаи 32. Пешниҳоди хизматрасонии пулакӣ Ташкилотҳое, ки барои анҷом додани санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, назорати кишти

тухмӣ, назорати сифати тухмӣ ва додани сертификатҳои гуногун ва тамғаҳо барои борҷомаҳои тухмӣ мутасаддӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тарафҳои манфиатдор дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои расонидашуда ҳаққи пардохт талаб намоянд ва истифодаи минбаъдаи ин маблағро тибқи қонунгузорӣ амалӣ гардонанд.

БОБИ 8.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи

тухмипарварӣ Баҳсҳое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ ба амал меоянд, аз тарафи суд

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 11, мод. 693, соли 2005, № 12, мод. 636, соли 2007,№6, мод. 439) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

7

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 5 январи соли 2008

№355

8