À propos de la propriété intellectuelle Formation en propriété intellectuelle Respect de la propriété intellectuelle Sensibilisation à la propriété intellectuelle La propriété intellectuelle pour… Propriété intellectuelle et… Propriété intellectuelle et… Information relative aux brevets et à la technologie Information en matière de marques Information en matière de dessins et modèles industriels Information en matière d’indications géographiques Information en matière de protection des obtentions végétales (UPOV) Lois, traités et jugements dans le domaine de la propriété intellectuelle Ressources relatives à la propriété intellectuelle Rapports sur la propriété intellectuelle Protection des brevets Protection des marques Protection des dessins et modèles industriels Protection des indications géographiques Protection des obtentions végétales (UPOV) Règlement extrajudiciaire des litiges Solutions opérationnelles à l’intention des offices de propriété intellectuelle Paiement de services de propriété intellectuelle Décisions et négociations Coopération en matière de développement Appui à l’innovation Partenariats public-privé Outils et services en matière d’intelligence artificielle L’Organisation Travailler avec nous Responsabilité Brevets Marques Dessins et modèles industriels Indications géographiques Droit d’auteur Secrets d’affaires Académie de l’OMPI Ateliers et séminaires Application des droits de propriété intellectuelle WIPO ALERT Sensibilisation Journée mondiale de la propriété intellectuelle Magazine de l’OMPI Études de cas et exemples de réussite Actualités dans le domaine de la propriété intellectuelle Prix de l’OMPI Entreprises Universités Peuples autochtones Instances judiciaires Ressources génétiques, savoirs traditionnels et expressions culturelles traditionnelles Économie Égalité des genres Santé mondiale Changement climatique Politique en matière de concurrence Objectifs de développement durable Technologies de pointe Applications mobiles Sport Tourisme PATENTSCOPE Analyse de brevets Classification internationale des brevets Programme ARDI – Recherche pour l’innovation Programme ASPI – Information spécialisée en matière de brevets Base de données mondiale sur les marques Madrid Monitor Base de données Article 6ter Express Classification de Nice Classification de Vienne Base de données mondiale sur les dessins et modèles Bulletin des dessins et modèles internationaux Base de données Hague Express Classification de Locarno Base de données Lisbon Express Base de données mondiale sur les marques relative aux indications géographiques Base de données PLUTO sur les variétés végétales Base de données GENIE Traités administrés par l’OMPI WIPO Lex – lois, traités et jugements en matière de propriété intellectuelle Normes de l’OMPI Statistiques de propriété intellectuelle WIPO Pearl (Terminologie) Publications de l’OMPI Profils nationaux Centre de connaissances de l’OMPI Série de rapports de l’OMPI consacrés aux tendances technologiques Indice mondial de l’innovation Rapport sur la propriété intellectuelle dans le monde PCT – Le système international des brevets ePCT Budapest – Le système international de dépôt des micro-organismes Madrid – Le système international des marques eMadrid Article 6ter (armoiries, drapeaux, emblèmes nationaux) La Haye – Le système international des dessins et modèles industriels eHague Lisbonne – Le système d’enregistrement international des indications géographiques eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange Médiation Arbitrage Procédure d’expertise Litiges relatifs aux noms de domaine Accès centralisé aux résultats de la recherche et de l’examen (WIPO CASE) Service d’accès numérique aux documents de priorité (DAS) WIPO Pay Compte courant auprès de l’OMPI Assemblées de l’OMPI Comités permanents Calendrier des réunions WIPO Webcast Documents officiels de l’OMPI Plan d’action de l’OMPI pour le développement Assistance technique Institutions de formation en matière de propriété intellectuelle Mesures d’appui concernant la COVID-19 Stratégies nationales de propriété intellectuelle Assistance en matière d’élaboration des politiques et de formulation de la législation Pôle de coopération Centres d’appui à la technologie et à l’innovation (CATI) Transfert de technologie Programme d’aide aux inventeurs WIPO GREEN Initiative PAT-INFORMED de l’OMPI Consortium pour des livres accessibles L’OMPI pour les créateurs WIPO Translate Speech-to-Text Assistant de classification États membres Observateurs Directeur général Activités par unité administrative Bureaux extérieurs Avis de vacance d’emploi Achats Résultats et budget Rapports financiers Audit et supervision
Arabic English Spanish French Russian Chinese
Lois Traités Jugements Parcourir par ressort juridique

Tadjikistan

TJ042

Retour

Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Табъу Нашр

 Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Табъу Нашр

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи табъу нашр

(АхбориШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994,№ 1, мод. 28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996,№ 3, мод. 48; соли 1997,№ 9, мод. 117; соли 1999,№ 12, мод. 329; соли 2002,№11, мод.726; соли 2004,№5, мод. 338; соли

2005,№12, мод.656)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мақсаду вазифаҳои қонуни табъу нашр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии

Тоҷикистон, ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуни ҳуқуқи табъу нашрро замонат медиҳад. (ҚҶТ 17.05.04№27)

Қонуни мазкур муносибатҳои байни ноширон, таҳиягарон, паҳнкунандагон ва истифодабарандагони маҳсулоти чопиро танзим менамояд. Ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва ашхоси алоҳида низ метавонанд чунин муносибате дошта бошанд.

Моддаи 2. Кори табъу нашр Мувофиқи Қонуни мазкур: табъу нашр ин фаъолияти таъсис додани нашриётҳо ва корхонаҳои матбуотӣ, омодаю таҳия кардан ва ба табъ

расондани маҳсулоти чопӣ мебошад; маҳсулоти чопӣ гуфта нашрияҳои барои муштариён таъиншуда: китоб, рисола (брошюра, албом, плакат, буклет,

откритка ва дигар маҳсулоти матбаа (сарфи назар аз адади нашр ва тарзи тайёр шуданашон) фаҳмида мешавад; таҳти калимаи ношир нашриёт ё дигар корхона (соҳибкор), ки маҳсулоти чопӣ тайёр карда, ба табъ мерасонад,

инчунин шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванди ҳамчун ношир фаҳмида мешавад, ки кори таҳияву нашри маҳсулоти чопӣ фаъолияти асосӣ ё манбаи асосии даромад намебошад;

бахши таҳририяи нашриёт ва ё ташкилоти ба ношир баробар кардашуда воҳиди сохторӣ ё ходими (ходимони) ин ташкилот мебошад, ки маҳсулоти чопиро барои табъ таҳриру омода месозад; омодагари маҳсулоти чопӣ гуфта корхонаи полиграфӣ (соҳибкор) фаҳмида мешавад, ки тиражи маҳсулоти чопиро

ба табъ мерасонад; паҳнкунандаи маҳсулоти чопӣ гуфта ташкилот, корхона, муассиса, шаҳрвандҳо ва иттиҳодияҳои онҳоро гӯянд, ки

маҳсулоти чопиро ба фурӯш мерасонанд ва (ё) тақсим мекунанд.

Моддаи 3.Озодии кори табъу нашр Озодии кори табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки субъектҳои ин соҳа ‐ нашриётҳо,

корхонаҳои полиграфӣ ва савдои китоб дар бобати муайян намудани доираи мавзӯъ, махсусгардонӣ, кооператсияи истеҳсолот, интихоби муаллифон, муайян кардани адади нашр, нарх ва каму зиёд кардани нархи нашрия, муқаррар намудани шаклҳои робитаи байни якдигар ва бо истеҳсолкунандагон ва таҳвилдиҳандагони коғаз, инчунин бо дигар ташкилотҳо комилан мустақил мебошанд. Аз ҷониби шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз нашриётҳо талаб намудани ин ки

мутобиқкунонии пешакии маводи чоп, хориҷ ё ислоҳ намудани баъзе қисмҳои матн, инчунин манъ кардани интишори маҳсулоти чопӣ ба тариқе, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст, ҷоиз намебошад.

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии

Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ 17.05.04№27)

Моддаи 5. Истеҳсоли ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъӣ ва норавоии дар нашрияҳо истифода бурдани маводе, ки чопашон манъ аст.

Ҳамаи намуди ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисисобгирию ҳисоботи қатъӣ танҳо дар корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа истеҳсол карда мешаванд. Номгӯи чунин ҳуҷҷатҳову варақаҳо ва корхонаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ 17.05.04№27)

Нашр, инчунин паҳн кардани нашрияҳои дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунанд, шаъну эътибори давлат ва

Президентро халалдор месозанд, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм бо ҳама гуна зуҳуроташ, экстремизм, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)‐ро таблиғ мекунанд, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамоянд, манъ аст.

Дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғ, маълумоту тӯҳматҳои иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, инчунин паҳн кардани нашрияҳое, ки ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат мекунанд, мувофиқи қонун манъ аст ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад». (ҚҶТ 02.12.02№81)

Моддаи 6. Субъектҳои соҳаи табъу нашр Нашриётҳо, корхонаҳои полиграфӣ ва савдои китоб субъектҳои соҳаи табъу нашранд.

Моддаи 7.Шаклҳои моликият дар соҳаи табъу нашр Нашриётҳо, корхонаҳои полиграфӣ ва савдои китоб дар заминаи шаклҳои гуногуни моликият дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Моддаи 8.Муассисони нашриётҳо, корхонаҳои полиграфӣ ва ташкилотҳои савдои китоб Шаҳрвандони алоҳида, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ташкилот, корхона ва муассисаҳои

давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, муассисони нашриётҳо, корхонаҳои полиграфӣ ва савдои китоб шуда метавонанд. Муносибатҳои байни муассис ва нашриёт, корхонаи полиграфӣ ва савдои китобро, ки вай таъсис медиҳад, оиннома

ва шартномаи таъсисӣ танзим мекунанд. Муассис соҳиби объекти таъсисёбанда буда, фонди аввалия барпо мекунад ва оинномаро тасдиқ менамояд.

Моддаи 9. Статуси муассис Муассис доираи мавзӯъ ва (ё) тахассуси ноширро муайян ва оинномаи онро тасдиқ намуда, дар мавриди зарурат

зимни даъвою талош ба масъулияти ношир шарик мешавад, ба гирифтани ҳиссае аз даромад ҳақ дорад, инчунин дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошад, ки дар Қонуни мазкур ва шартномаи байни муассису ношир муқаррар карда шудааст.

Моддаи 10. Статуси ношир Ношир ҳақ дорад: 1) плани мавзӯии нашри маҳсулоти чопиро мустақилона мураттаб созад ва тасдиқ намояд; 2) ба бахшҳои таҳрирӣ ва шӯъбаҳои дигари сохтори худ нишондиҳандаҳоеро муқаррар кунад, ки иҷрои нақшаҳои

мавзӯӣ ва ӯҳдадориҳои шартномавиро таъмин намоянд; 3) ҳуқуқи амволӣ ва ғайриамволии муаллиф, аз ҷумла ҳуқуқи дар мамолики дигар истифода шудани асарашро

пайдо намояд; 4) зимни бастани шартнома бо ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар бобати истифодаи асарҳои

муаллифони тоҷик дар мамолики дигар ва муаллифони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёнарав шавад; 5) аз мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон фармоиш гирифта, маҳсулоти чопиро таҳия намояд

ва барорад; 6) мувофиқи қонунҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагиро анҷом диҳад. Ношир вазифадор аст: 1) ба қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи мардум кӯшиш намояд; 2) маҳсулоти чопиро мувофиқи андозаҳои (стандартҳои) давлатӣ омода созад. Ношир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дигаре низ дорад, ки дар ин Қонун ва шартномаҳо пешбинӣ шудаанд. Ношир ҳуқуқи таҳия ва (ё) паҳн кардани маҳсулоти чопиро низ анҷом дода метавонад. Масъулияти нашрӣ маҳсулоти чопӣ ба ӯҳдаи ношир вогузор мегардад, агар дар шартнома ё аз ҷониби фармоишгар

чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 11. Статуси таҳиягари маҳсулоти чопӣ Таҳиягари маҳсулоти чопи ҳуқуқ ва вазифаҳои худро мувофиқи қонуни мавҷуда ба амал мебарорад.

Моддаи 12.Шартҳои махсус Ношир, муаллиф, таҳиягар ва паҳнкунандаи маҳсулоти чопӣ ҳақ доранд шартҳои махсуси муносибатҳои байни

худро зикр кунанд, агар ин шартҳо хилофи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари табъу нашр набошанд.

Моддаи 13. Муҳофизати моликияти маънавии (зеҳнии) нашр (ҚҶТ 17.05.04№27) Ҳуқуқи моликияти маънавии (зеҳнии) ношир, ки дар ҷараёни таҳияю нашри маҳсулоти чопӣ ба вуҷуд оварда

шудааст, ба ношир тааллуқ дорад ва бо аломати © ишора шуда, ном ё унвони ношир, инчунин соли нашр зикр мешавад. (ҚҶТ 17.05.04№27)

Моддаи 14.Масъулияти нашриётҳо, корхонаҳои полиграфӣ ва муассасаҳои савдои китоб Дар мавридҳои зайл нашриёт масъулияти амволӣ ва маъмурӣ ба дӯш дорад:

‐ риоя накардани моддаи 5‐уми Қонуни мазкур; ‐ бе шартнома ба табъ расонидани асарҳое, ки онҳоро ҳуқуқи муаллиф ҳимоя мекунад; ‐ идома додани фаъолияти нашриётӣ пас аз қабули қарори қатъ намудани он фаъолият; ‐ бе шаҳодатномаи сабту қайд ба роҳ мондани фаъолияти нашриётӣ; ‐ бидуни риояи стандартҳои давлатӣ чоп кардани адабиёт. Бидуни шартнома бастан бо нашриёт пурра ё қисман чоп (нусхабардорӣ) кардани асарҳои асл боиси мусодираи

фоидаи аз ин нашр ба дастомада ва ҷуброн кардани зиёни ин нашриёт мегардад. Талабҳои зикршуда ба ҳуҷҷатҳои алоҳидаро нусхабардорӣ кардани василаҳои полиграфияи оперативӣ тааллуқ надоранд.

Корхонаҳои полиграфӣ ва савдои китоб барои таҳия ва паҳн намудани нашрияҳои ташкилотҳое, ки ҳуқуқи ноширӣ надоранд, инчунин маълумотномаи нашрияро бе риояи меъёрҳои (стандартҳои) давлатӣ нашр мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ 17.05.04№27)

Моддаи 15. Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмӣ Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии маҳсулоти чопие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасанд ё аз

ҷониби ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа нашр ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз ҳисоби ташкилотҳои табъу нашр баъди нашр ва пеш аз паҳн намудан тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ фиристонида мешаванд.

Номгӯйи мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатиро, ки нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмиро мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Барои вайрон кардани тартиби ирсоли нусхаҳои назоратии ройгон ва ҳатмии маҳсулоти чопӣ шахсони

масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ 28.12.05№144)

БОБИ II. ТАШКИЛИ КОРИ ТАБЪУ НАШР

Моддаи 16. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои табъу нашр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад. Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати

фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Тартиби баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ 28.12.05№144)

Моддаи 17. хориҷ карда шудааст. (ҚҶТ 11.12.99№889)

Моддаи 18. хориҷ карда шудааст. (ҚҶТ 11.12.99№889)

Моддаи 19. Регистрҳои давлатӣ Нусхае аз регистри (феҳристи) давлатии ноширон ва ё феҳристи (регистри) давлатии таҳиягарони маҳсулоти чопие,

ки ба он Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст, санадест, ки ба қайд гирифта шуданро тасдиқ менамояд. (ҚҶТ 01.02.96№223), (ҚҶТ 17.05.04№27),

Моддаи 20. Рад намудани бақайдгирии фаъолияти нашриётӣ Дар мавридҳои зерин рад намудани бақайдгирии фаъолияти ноширӣ ҷоиз аст: ‐ агар мақсаду вазифаи оинномавии субъекти табъу нашр хилофи моддаи 5‐уми Қонуни мазкур бошад; ‐ агар аз тарафи мақоми марбута нашриёти ҳамном ба қайд гирифта шуда бошад; ‐ агар ариза пеш аз он ки аз рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори манъи фаъолияти ҳамин ташкилот як сол

гузарад, дода шуда бошад. Аз қарори рад кардани бақайдгирӣ дар давоми як моҳ ба додгоҳи маҳалли воқеи мақоми бақайдгиранда шикоят

кардан мумкин аст.

Моддаи 21. Қатъ гардидани фаъолияти нашриётӣ Фаъолияти нашриёти танҳо дар асосҳои зерин метавонад қатъ гардад: 1) аз рӯи қарори муассис; 2) ба сабаби барҳам хурдан ё таҷдиди ташкили ношир (таҳиягар) аз рӯи тартибе, ки дар қонун пешбинӣ шудааст; 3) аз рӯи қарори додгоҳ, ки вайрон шудани моддаи 5‐уми Қонуни мазкур ва ё бо роҳи фиреб ба қайд гирифта

шудани ношир (таҳиягар)‐ро муқаррар намудааст. Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун барои қатъ намудани фаъолияти табъу нашр метавонад ба суд муроҷиат кунад. (ҚҶТ 11.12.99№889) Агар ношир дар давоми ду соли ба регистри давлатӣ дохил шуданаш маҳсулоти чопӣ набарорад, қайди пешина аз

эътибор соқит дониста, бояд аз рӯи талаби моддаҳои 17‐20‐уми Қонуни мазкур аз нав ба қайд гирифта шавад.

БОБИ III. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТАБЪУ НАШР (ҚҶТ 17.05.04№27)

Моддаи 22. Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ Аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардан ва аз дигар мамлакатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани

маҳсулоти чопӣ, инчунин дигар шаклҳои ҳамкории байналмилалии ноширон, таҳиягарон ва паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ (маҳсулоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ), мувофиқи қонунҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ва мувофиқи шартномаю созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноширон, таҳиягарон ва паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ имзо кардаанд, сурат мегирад. (ҚҶТ 17.05.04№27)

Моддаи 23. Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ Созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ташкилотҳои давлатӣ, корхона ва муассисаҳо, мақомоти

ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд якҷоя бо сармоягузорони хориҷӣ корхонаҳои табъу нашр, полиграфӣ ва савдои китоб таъсис намоянд. қ

БОБИ IV. БАФУРӮШ РАСОНИДАНИМАҲСУЛОТИ ЧОПӢ

Моддаи 24 хориҷ карда шудааст. (ҚҶТ 28.12.05№144)

Моддаи 25. Тартиби фурӯш Монеъ шудан ба фурӯши маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла бо роҳи инҳисор (монополия) кардани таҷҳизот (мошинҳои

полиграфӣ, техникаи нусхабардорӣ) ва манбаъҳо (корхонаи полиграфӣ, коғаз ва ҳоказо), ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, дигар ташкилотҳо, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон дар асоси Қонун сурат мегирад, ҷоиз нест. Фурӯши маҳсулоти чопӣ метавонад аз ҷониби муассис, ношир, таҳиягар, муаллиф аз рӯи қарордоди тарафайн ва ё

дар асоси шартнома ё дигар асосҳои қонунӣ аз ҷониби муассисаҳои савдо, дигар ашхоси салоҳиятдор ва шаҳрвандон сурат гирад.

Моддаи 26. Аз ҷоп баромадан Ба фурӯши маҳсулоти чопӣ танҳо баъд аз он ки ношир ва ё шахси ваколатдори ӯ рухсати аз чоп баромадани онро

медиҳад, иҷозат дода мешавад.

Моддаи 27.Маълумотномаи асар Ҳар нусхаи маҳсулоти чопӣ бояд чунин маълумот дошта бошад: 1) унвони ношир ва матбаа; 2) маҳал ва соли нашри асар; 3) адади нашр; 4) нарх ё ишораи «нархи озод» ва ё ишораи «ройгон»; (ҚҶТ 17.05.04№27), Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи иловагии маълумотномаи асарро муқаррар карда

метавонад. (ҚҶТ 01.02.96№223), (ҚҶТ 17.05.04№27) БОБИ V.

МУНОСИБАТИ НОШИРОН БОШАҲРВАНДОН ВА ТАШКИЛОТҲО

Моддаи 28. Рад кардани нашри асар Касе ноширро ба чопи дастхат ё дигар мавод, ки қаблан рад кардааст, маҷбур карда наметавонад, ба истиснои

мавридҳое, ки додгоҳ амали вайрон намудани ӯҳдадориҳои шартномавиро муқаррар кардааст.

Моддаи 29.Нашрияҳои муаллифон Шаҳрвандон ва ташкилотҳо ҳақ доранд асарҳояшонро аз ҳисоби маблағи худ ва бо таҳрири бевоситаи хеш ба табъ

расонанд.

Моддаи 30. Ирсоли маблағ ба фондҳо Муносибати молии ноширон бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва фондҳои онҳо дар асоси шартнома сурат мегирад. Ба

фондҳои иттиҳодияҳои эҷодӣ як ҳиссаи маблағ танҳо аз ҳаққи қалами аъзои иттиҳодияҳои дахлдори эҷодӣ ирсол мегардад. (ҚҶТ 17.05.04№27)

БОБИ VI. МАСЪУЛИЯТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ ТАБЪУ НАШР

Моддаи 31. Вогузории масъулият Барои риоя накардани аҳкоми Қонуни мазкур масъулият ба зиммаи муассисон, ноширон, таҳиягарон ва

паҳнкукандагони маҳсулоти чопӣ гузошта мешавад.

Барои риоя накардани қонунгузории мавҷудаи соҳаи барориши маҳсулоти чопӣ муаллиф, ношир (директори нашриёт), шахси мансабдор, ки масъули ба чоп омода сохтани маҳсулот мебошад ва дар сурати набудани чунин касон худи таҳиягар ҷавобгар аст. Дар сурати имконнопазирии муқаррар кардани ашхоси зикршуда масъулият ба зиммаи паҳнкунандаи маҳсулоти чопӣ вогузор мегардад.

Моддаи 32.Масъулияти маҳдуд кардани озодии табъу нашр Маҳдуд кардани озодии кори табъу нашр, яъне мамониат кардан ба фаъолияти қонунии ноширон, таҳиягарон ва

паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла ба воситаи цензура, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ, интизомӣ ё ҷавобгарии дигар мешавад.

Моддаи 33.Масъулияти риоя накардани ҳуқуқи нашр Чопи ғайриқонунии асаре, ки бо ишораи ©‐и ношир ҳифз шудааст ва дигар ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқи

моликияти маънавии ношир боиси он мегардад, ки шахси вайронкардаи ҳуқуқии ношир тамоми зиёни расондашуда, аз ҷумла даромади гирифтанашударо ҷуброн менамояд. (ҚҶТ 17.05.04№27),

Риоя накардани ҳуқуқи ноширии асар бо роҳи тавлиди маҳсулоти чопӣ бидуни ба даст овардани чунин ҳуқуқ ба тартибе, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст, мутобиқи қонунгузории Чумхурии Точикистон боиси ҷавобгарӣ мешавад.

Моддаи 34.Масъулияти риоя накардани тартиби истеҳсол, нашр ва фурӯши маҳсулоти чопӣ Риоя накардани тартиби истеҳсол, нашр ва фурӯши маҳсулоти чопӣ мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси

ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.

Моддаи 35. Тартиби шикоят аз амалиёти ғайриқонунӣ Аз аъмоле, ки боиси риоя нашудани талаботи Қонуни мазкур мегарданд, ба суд ё суди иқтисодӣ шикоят кардан

мумкин аст. (ҚҶТ 15.05.97№422), (ҚҶТ 17.05.04№27),

РаисиШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ шаҳри Душанбе, 27 декабри соли 1993

№ 897

ҚАРОРИШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси мавриди татбиқ қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табьу нашр»

(АхбориШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994,№ 1, моддаи 29)

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» аз лаҳзаи нашраш мавриди татбиқ қарор дода шавад.

2. Минбаъд то замони ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» мувофиқ кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонунгузорӣ то ҷое, ки ба Қонуни зикршуда мухолиф нест, татбиқ мешавад.

3.Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон: ‐ тартиби додани андози бақайдгирии субъектҳои табъу нашр ва миқдори онро муайян кунад; ‐ тартиби додани иҷозатномаи интишори маҳсулоти чопиро муайян намояд; ‐ санадҳои Ҳукумат ва мақомоти идоракунии тобеи онро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр»

мутобиқ гардонад, ҳамчунин дар мавриди зарурат таклифҳои худро дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

РаисиШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ шаҳри Душанбе, 27 декабри соли 1993

№898 1. Дар моддаҳои 15,19, 24 ва 27 калимаҳои «Вазорати матбуот ва иттилооти Ҷумҳурии

Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад. (ҚҶТ 01.02.96№223) Дар моддаҳои 15,19, 24 ва 27 калимаҳои «Вазорати матбуот ва иттилооти Ҷумҳурии

Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад. (ҚҶТ 01.02.96№223) Дар моддаҳои 15,19, 24 ва 27 калимаҳои «Вазорати матбуот ва иттилооти Ҷумҳурии

Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад. (ҚҶТ 01.02.96№223) Дар моддаҳои 15,19, 24 ва 27 калимаҳои «Вазорати матбуот ва иттилооти Ҷумҳурии

Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад. (ҚҶТ 01.02.96№223) 2. Қисми сеюми моддаи 25 хориҷ кардашавад. (ҚҶТ 01.02.96№223)

1. Дар моддаи 35 калимаҳои «ба додгоҳ ё ҳакамият» ба калимаҳои «ба суд ё суди иқтисодӣ» иваз карда шавад. (ҚҶТ 15.05.97№422)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Моддаи 16 дар таҳрири зайл баён карда шавад: «Моддаи 16. Сабти давлатӣ Сабти давлатиро идораи давлатии нотариалии маҳалли воқеъияти корхона ҳангоми

мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин ба ҷо меоварад: ариза дар бораи сабти давлатӣ бо нишондоди тахминии мавзӯъ ва (ё) соҳаи ихтисос,шакли

эҳтимолии ташкилию ҳуқуқӣ ва сарчашмаҳои маблағтаъминкунӣ, маълумот дар бораи дигар ноширон, ки нисбати онҳо аризадиҳанда муассис ва ҳаммуассис, молик, таҳриркунанда (редакция), ношир, тайёркунанда ё паҳнкунанда мебошад; шартномаи таъсис (дар сурати мавҷуд будани якчанд муассис); унвон ва ҷои исти ношир ё таҳиягари маҳсулоти чопӣ; оиннома; хулосаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад; рамзи таснифгари (классификатор) мақомоти омор; тасдиқномае, ки аз ном, маҳалли воқеъияти корхона ё омодагари маҳсулоти чопӣ шаҳодат

медиҳад; ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ; хулосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Талаб намудани дигар маълумот зимни сабти давлатӣ манъ аст». (ҚҶТ 11.12.99№889)

2.Моддаҳои 17 ва 18 хориҷ карда шаванд. (ҚҶТ 11.12.99№889)

3. Ба моддаи 21 қисми дуюм мазмуни зайл илова карда шавад: «Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун барои қатъ намудани фаъолияти табъу нашр метавонад ба суд муроҷиат кунад»; (ҚҶТ 11.12.99№889) қисми дуюм қисми сеюм хонда шавад. (ҚҶТ 11.12.99№889)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Моддаи 5. Истеҳсоли ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъӣ ва норавоии дар нашрияҳо истифода бурдани маводе, ки чопашон манъ аст. Ҳамаи намуди ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисисобгирию ҳисоботи қатъӣ танҳо дар

корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд. Номгӯи чунин ҳуҷҷатҳову варақаҳо ва корхонаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Нашр, инчунин паҳн кардани нашрияҳои дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари қонунан

маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват

мекунанд, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозанд, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм бо ҳама гуна зуҳуроташ, экстремизм, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)‐ро таблиғ мекунанд, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамоянд, манъ аст. Дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғ, маълумоту тӯҳматҳои иғвоангез, ки

шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, инчунин паҳн кардани нашрияҳое, ки ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат мекунанд, мувофиқи қонун манъ аст ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад». (ҚҶТ 02.12.02№81)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Дар матни Қонун калимаи «интеллектуалӣ» ба калимаи «зеҳнӣ», калимаи «интишорӣ» ба калимаи «ноширӣ», калимаи «интишоротӣ» ба калимаи «нашриётӣ», калимаи «байналхалқӣ» ба калимаи «байналмилалӣ», калимаи «интишорот» ба калимаи «нашриёт», калимаи «мақоми» ба калимаи «салоҳияти», калимаи «андозаҳои» ба калимаи «меъёрҳои», калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон», калимаҳои «тайёркунанда», «омодагар» ба калимаи «таҳиягар», калимаҳои «Вазорати матбуот ва ахбор» ба калимаҳои «Вазорати фарҳанг» иваз карда шаванд. (ҚҶТ 17.05.04№27)

2.Дар қисми якуми моддаи 1 калимаҳои «Қонуни асосии» ба калимаҳои «Конститутсияи (Сарқонуни)» иваз карда шаванд. (ҚҶТ 17.05.04№27)

3.Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: «Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр ба Конститутсияи

(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад». (ҚҶТ 17.05.04№27)

4.Дар қисми якуми моддаи 5 баъд аз калимаҳои «дар корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа» илова карда шаванд. (ҚҶТ 17.05.04 №27)

5. Дар банди 5 қисми якуми моддаи 10 калимаҳои «аз ҳисоби коғази онҳо» хориҷ карда шаванд. (ҚҶТ 17.05.04№27)

6. Қисми сеюми моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: «Корхонаҳои полиграфӣ ва савдои китоб барои таҳия ва паҳн намудани нашрияҳои

ташкилотҳое, ки ҳуқуқи ноширӣ надоранд, инчунин маълумотномаи нашрияро бе риояи меъёрҳои (стандартҳои) давлатӣ нашр мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд». (ҚҶТ 17.05.04№27)

7.Дар моддаи 30 калимаи «таълифи» ба калимаи «қалами» иваз шавад. (ҚҶТ 17.05.04 №27)

8.Дар моддаи 33 калимаи «Азнавчопкунии» ба калимаи «Чопи» иваз карда шавад. (ҚҶТ 17.05.04№27)

9.Дар моддаи 35 калимаи «нуқтаҳои» ба калимаи «талаботи» иваз карда шуда, калимаҳои «ё ҳакамият» хориҷ карда шаванд. (ҚҶТ 17.05.04№27)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Моддаи 15 дар таҳрири зайл баён карда шавад: «Моддаи 15.Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмӣ Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии маҳсулоти чопие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба

табъ мерасанд ё аз ҷониби ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа нашр ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз ҳисоби ташкилотҳои табъу нашр баъди нашр ва пеш аз паҳн намудан тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ фиристонида мешаванд. Номгӯйи мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатиро, ки нусхаҳои ройгони назоратӣ ва

ҳатмиро мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Барои вайрон кардани тартиби ирсоли нусхаҳои назоратии ройгон ва ҳатмии маҳсулоти

чопӣ шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.». (ҚҶТ 28.12.05№144)

2.Моддаи 16 дар таҳрири зайл баён карда шавад: «Моддаи 16. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои табъу нашр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад. Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз

ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Тартиби баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.». (ҚҶТ 28.12.05№144)

3.Моддаи 24 хориҷ карда шавад. (ҚҶТ 28.12.05№144)