عن الملكية الفكرية التدريب في مجال الملكية الفكرية إذكاء الاحترام للملكية الفكرية التوعية بالملكية الفكرية الملكية الفكرية لفائدة… الملكية الفكرية و… الملكية الفكرية في… معلومات البراءات والتكنولوجيا معلومات العلامات التجارية معلومات التصاميم الصناعية معلومات المؤشرات الجغرافية معلومات الأصناف النباتية (الأوبوف) القوانين والمعاهدات والأحكام القضائية المتعلقة بالملكية الفكرية مراجع الملكية الفكرية تقارير الملكية الفكرية حماية البراءات حماية العلامات التجارية حماية التصاميم الصناعية حماية المؤشرات الجغرافية حماية الأصناف النباتية (الأوبوف) تسوية المنازعات المتعلقة بالملكية الفكرية حلول الأعمال التجارية لمكاتب الملكية الفكرية دفع ثمن خدمات الملكية الفكرية هيئات صنع القرار والتفاوض التعاون التنموي دعم الابتكار الشراكات بين القطاعين العام والخاص أدوات وخدمات الذكاء الاصطناعي المنظمة العمل مع الويبو المساءلة البراءات العلامات التجارية التصاميم الصناعية المؤشرات الجغرافية حق المؤلف الأسرار التجارية أكاديمية الويبو الندوات وحلقات العمل إنفاذ الملكية الفكرية WIPO ALERT إذكاء الوعي اليوم العالمي للملكية الفكرية مجلة الويبو دراسات حالة وقصص ناجحة في مجال الملكية الفكرية أخبار الملكية الفكرية جوائز الويبو الأعمال الجامعات الشعوب الأصلية الأجهزة القضائية الموارد الوراثية والمعارف التقليدية وأشكال التعبير الثقافي التقليدي الاقتصاد المساواة بين الجنسين الصحة العالمية تغير المناخ سياسة المنافسة أهداف التنمية المستدامة التكنولوجيات الحدودية التطبيقات المحمولة الرياضة السياحة ركن البراءات تحليلات البراءات التصنيف الدولي للبراءات أَردي – البحث لأغراض الابتكار أَردي – البحث لأغراض الابتكار قاعدة البيانات العالمية للعلامات مرصد مدريد قاعدة بيانات المادة 6(ثالثاً) تصنيف نيس تصنيف فيينا قاعدة البيانات العالمية للتصاميم نشرة التصاميم الدولية قاعدة بيانات Hague Express تصنيف لوكارنو قاعدة بيانات Lisbon Express قاعدة البيانات العالمية للعلامات الخاصة بالمؤشرات الجغرافية قاعدة بيانات الأصناف النباتية (PLUTO) قاعدة بيانات الأجناس والأنواع (GENIE) المعاهدات التي تديرها الويبو ويبو لكس - القوانين والمعاهدات والأحكام القضائية المتعلقة بالملكية الفكرية معايير الويبو إحصاءات الملكية الفكرية ويبو بورل (المصطلحات) منشورات الويبو البيانات القطرية الخاصة بالملكية الفكرية مركز الويبو للمعارف الاتجاهات التكنولوجية للويبو مؤشر الابتكار العالمي التقرير العالمي للملكية الفكرية معاهدة التعاون بشأن البراءات – نظام البراءات الدولي ePCT بودابست – نظام الإيداع الدولي للكائنات الدقيقة مدريد – النظام الدولي للعلامات التجارية eMadrid الحماية بموجب المادة 6(ثالثاً) (الشعارات الشرفية، الأعلام، شعارات الدول) لاهاي – النظام الدولي للتصاميم eHague لشبونة – النظام الدولي لتسميات المنشأ والمؤشرات الجغرافية eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange الوساطة التحكيم قرارات الخبراء المنازعات المتعلقة بأسماء الحقول نظام النفاذ المركزي إلى نتائج البحث والفحص (CASE) خدمة النفاذ الرقمي (DAS) WIPO Pay الحساب الجاري لدى الويبو جمعيات الويبو اللجان الدائمة الجدول الزمني للاجتماعات WIPO Webcast وثائق الويبو الرسمية أجندة التنمية المساعدة التقنية مؤسسات التدريب في مجال الملكية الفكرية الدعم المتعلق بكوفيد-19 الاستراتيجيات الوطنية للملكية الفكرية المساعدة في مجالي السياسة والتشريع محور التعاون مراكز دعم التكنولوجيا والابتكار نقل التكنولوجيا برنامج مساعدة المخترعين WIPO GREEN WIPO's PAT-INFORMED اتحاد الكتب الميسّرة اتحاد الويبو للمبدعين WIPO Translate أداة تحويل الكلام إلى نص مساعد التصنيف الدول الأعضاء المراقبون المدير العام الأنشطة بحسب كل وحدة المكاتب الخارجية المناصب الشاغرة المشتريات النتائج والميزانية التقارير المالية الرقابة
Arabic English Spanish French Russian Chinese
القوانين المعاهدات الأحكام التصفح بحسب كل ولاية قضائية

طاجيكستان

TJ030

رجوع

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Кино

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Кино

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи кино

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004,№12, қ‐1, мод. 694; соли 2007,№5, мод. 372)

Маҷлиси намояндагон 3‐юми ноябри соли 2004 қабул кардааст Маҷлиси миллӣ 25‐уми ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар намуда, принсип ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд.

Боби 1.Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

‐ кино – соҳаи фарҳанг ва санъат, ки маҷмӯи фаъолияти касбӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, техникӣ, таълимӣ ва иттилоотии ба офаринишу истифодаи филмҳо нигаронидашударо дар бар мегирад;

- филм – асари аудиовизуалӣ дар шакли бадеӣ, хроникавию ҳуҷҷатӣ, илмию оммавӣ, таълимӣ, тасвирӣ, телевизионӣ ё дар шаклҳои дигар дар асоси тахайюли эҷодӣ офарида шуда, аз тасвири дар плёнкаи кино ё дар дигар намуди ҳомилҳо ва кадрҳои пайдарҳаму доир ба як мавзӯи том ба ҳам васлшуда акс ёфтааст, иборат буда, барои дарк намудан тавассути воситаҳои дахлдори техникӣ таъин гардидааст. Филми давомнокиаш на камтар аз 60 дақиқа филми пурраметраж мебошад. Филми давомнокиаш камтар аз 60 дақиқа филми кӯтоҳметраж мебошад;

- киносолнома – банаворгириҳои мунтазами сюжетҳои ҳуҷҷатие, ки хусусиятҳои (ғолибан гузаштаистодаи) хоси вақт, маҳал, вазъиятро инъикос мекунанд ва барои дар оянда офаридани филмҳо дар назар дошта шудаанд;

- филмҳои меросӣ – маводи аслии ҳамаи намуд ва жанрҳои филмҳо ва нусхаҳои филмҳои миллӣ, ки ба мерос гирифташуда, нигоҳдоштаву ба насли оянда супурда мешаванд;

- продюсери филм – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсол ва паҳнкунии филмро ташкил ё (ва) маблағгузорӣ мекунад;

- ташкилоти кинематографӣ –шахси ҳуқуқие, ки соҳаи асосии фаъолияташ истеҳсоли филмҳо, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ, намоиши оммавӣ, нигоҳдории филмҳо, рекламаи кино, нашриёти соҳаи кинематография, тарғиби санъати кино мебошад;

- соҳиби (молики) филм ‐ шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории филмро ба даст овардааст;

- маводи аслии филм – негатив, контратип, нусхаи назоратии филм, нусхаи аслии фонограммаҳои аз нав сабтшуда, мусиқӣ, садоҳо, видеофонограмма‐мастер, компакт‐диск ва дигар маводе, ки дар шакли гуногуни моддӣ барои нусхабардории филм заруранд;

- нусхабардории филм – истеҳсоли як ё якчанд нусхаи филм дар плёнкаи кино, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ё дигар ҳомил;

- Регистри давлатии кино ва видеофилмҳо (регистри кино) – ҷамъоварӣ, захира, коркард, нигоҳдорӣ, додани маълумоти дар регистрбуда.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино Қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино ба Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3.Филми миллӣ Филми миллӣ филме ҳисоб меёбад, ки ҷавобгӯи яке аз талаботи зерин бошад: - мундариҷаи филм, мавзӯи он муҳимтарин принсипҳои рушди фарҳанги тоҷик,

хусусият, анъана ва ҷанбаҳои миллиро инъикос намояд; - продюсери филм шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ, аз он ҷумла

хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда бошад; - на кам аз 50 фоизи ҳаҷми умумии корҳоро бо нархҳои смета ҳангоми истеҳсол,

паҳнкунӣ ва намоиши филм ташкилотҳои кинематографии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

- офарандагони асосии филм (муаллиф, таҳиягар, коргардон, оҳангсоз, рассом) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони дорои ду шаҳрвандӣ, шахсони воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматдошта,шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда бошанд.

Филми истеҳсоли якҷоя филми миллӣ ҳисобида мешавад агар: - якҷоя бо ташкилоти кинематографии хориҷӣ, бо назардошти шартҳои дар

шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, истеҳсол шавад; - ба меъёрҳои дар банди якуми қисми якуми ҳамин модда мувофиқ бошад. Филми миллӣ бояд ба забони тоҷикӣ садо диҳад. Дар филм метавонад нутқ ба забони

хориҷӣ ҳам садо диҳад, агар ин ба филмнома мувофиқат намояд.

Боби 2. Идораи давлатӣ дар соҳаи кино

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино Сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- эътирофи кино ҳамчун соҳаи махсуси фарҳанг ва санъат, ки шарти ҳатмии мавҷудияти он инкишофи заминаи эҷодӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, техникӣ, илмӣ ва иттилоотӣ мебошад;

- масъулияти давлат барои нигоҳдорӣ ва инкишофи кино; - озодии эҷод; - мусоидат ба соҳибкорӣ дар кино; - дастрас намудани асарҳои кино ба аҳолӣ; - риояи меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино.

Моддаи 5. Мақоми ваколатдор оид ба амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи

кино

Сиёсати давлатиро дар соҳаи кино мақоми давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда (минбаъд – мақоми ваколатдор) амалӣ мегардонад, ки он:

- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки соҳаи киноро ба танзим медарорад, таҳия менамояд;

- маблағҳои дар буҷети давлатӣ тасдиқгардидаро, ки барои дастгирии лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли филмҳо, барномаҳо дар соҳаи кино пешбинӣ шудаанд, тақсим ва истифодаи мақсадноки ин маблағҳоро таъмин менамояд;

- дар давоми сол офаридани на кам аз як филми пурраметражи бадеии миллиро таъмин менамояд;

- регистри киноро танзим мекунад; - мутобиқи меъёри синну соли тамошобинон ба филмҳо индекс мегузорад; - тарбия ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи киноро таъмин менамояд; - таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои истеҳсоли филмҳо ва барномаҳоро дар соҳаи кино

ҳамоҳанг месозад; - иштироки ташкилотҳои кинематографии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои

кинематографӣ ва барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино ҳамоҳанг месозад;

- ташаббускор ва ҳамоҳангсози чорабиниҳои соҳаи кино дар Тоҷикистон ва иштироки ташкилотҳои кинематографии тоҷик дар чорабиниҳои байналмилалии соҳаи кино мегардад;

- ташаббускор ва ҳамоҳангсози барномаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф дар соҳаи паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳо мегардад.

Моддаи 6. Дастгирии давлатии кино Самтҳои асосии дастгирии давлатии кино инҳо мебошанд; - қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи кино; - мусоидати молиявии давлат барои истеҳсол, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ва намоиши

филмҳои миллӣ; - маблағгузории пурраи давлатии киносолномаҳо; - дастгирии афзалиятноки офариниши филмҳо барои бачагону наврасон ва филм‐

дебютҳо. Тадбирҳои асосии дастгирии давлатии кино ба самтҳои зерин равона карда мешаванд: - офаридани филмҳои миллӣ, аз ҷумла барои бачагон ва наврасон, ҳамчунин филм‐

дебютҳо; - муҳаё намудани шароит барои паҳнкунӣ ва намоиши филмҳои миллӣ; - нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино; - татбиқи барномаҳои таълимӣ ва илмию техникӣ; - гузаронидани кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ; - иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ. Ҳамаи ташкилотҳои кинематографӣ ба дастгирии давлатӣ ҳуқуқ доранд.

Боби 3.Маблағгузории давлатии кино

Моддаи 7.Шарт ва тартиби маблағгузории давлатии кино Яке аз шаклҳои дастгирии давлатии кино қисман аз ҷониби давлат маблағгузорӣ

кардани он аст. Давлат барои лоиҳаҳои махсусан муҳим оид ба эҷоди филмҳои миллӣ ва дигар

барномаҳои махсусан муҳим дар соҳаи кинои миллӣ кафолати қарзҳои бонкии имтиёзнок

медиҳад.

Шарт ва тартиби маблағгузории давлатии кино аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян гардида, бо шартномаҳои байни он ва продюсер, кирокунанда, намоишдиҳандаи филмҳои миллӣ ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 8.Маблағгузории давлатии истеҳсоли филми миллӣ Мақоми ваколатдор дар бораи ба продюсер ҷудо кардани маблағ барои истеҳсоли

филми миллӣ бо назардошти хулосаи комиссияи экспертие, ки мақоми ваколатдор аз ҷумлаи шахсони эҷодкори касбӣ, продюсерҳо, кирокунандагон ва намоишдиҳандагони филмҳо ташкил намудааст, дар ҳудуди масрафи буҷети давлатӣ, ки дар соли молиявии навбатӣ барои кино пешбинӣ шудааст, қарор қабул мекунад.

Маблағгузории давлатӣ барои истеҳсоли филми миллӣ, чун қоида, наметавонад аз 70 фоизи сметаи хароҷоти истеҳсоли он зиёд бошад.

Дар мавридҳои истисноӣ, бо назардошти аҳамияти бадеӣ ва фарҳангии лоиҳаи филм ва зарурати аз тариқи телевизион намоиш додани филм, мақоми ваколатдор дар бораи маблағгузории давлатӣ дар ҳаҷми 100 фоизи сметаи хароҷоти истеҳсоли он қарор қабул мекунад.

Моддаи 9.Маблағгузории давлатии паҳнкунии филми миллӣ

Мақоми ваколатдор барои ба паҳнкунандаи филм ҷудо кардани маблағ барои паҳнкунии (нусхабардорӣ, субтитркунонӣ, реклама ва ғайра) филми миллии барои намоиш додан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардида, бо назардошти хулосаи комиссияи экспертӣ дар ҳудуди масрафи буҷети ҷумҳуриявии дар соли молиявии навбатӣ барои кино пешбинишуда, қарор қабул мекунад.

Маблағгузории давлатӣ ба кирокунии филми миллӣ наметавонад аз 70 фоизи сметаи хароҷоти кирои он зиёд бошад.

Моддаи 10. Маблағгузории давлатии иштироки филми миллӣ дар кинофестивалҳои байналмилалӣ

Мақоми ваколатдор маблағгузории давлатии иштироки филми миллиро дар кинофестивали байналмилалӣ таъмин мекунад.

Маблағгузории давлатии иштироки филми миллӣ дар кинофестивали байналмилалӣ ба андозаи то 100 фоизи сметаи хароҷоти иштироки он пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 11.Масъулият барои истифодаи маблағгузории давлатии кино

Маблағгузории давлатӣ наметавонад ба мақсадҳои дигар истифода шавад, ба ҷуз он мақсадҳое, ки дар шартномаи миёни мақоми ваколатдор ва продюсер, паҳнкунанда, намоишдиҳандаи филми миллӣ пешбинӣ гардидааст.

Муносибатҳои шартномавии байни мақоми ваколатдор ва продюсер, паҳнкунанда, намоишдиҳандаи филми миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 12. Нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо

Маводи аслии филмҳои миллӣ, ки пурра аз ҷониби давлат маблағгузорӣ шудаанд, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо барои нигоҳдории доимӣ ба бойгонии давлатии асноди кинои Тоҷикистон супорида мешаванд. Тартиби нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Тартиби нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, ки аз тарафи давлат қисман маблағгузорӣ шудаанд, бо шартномаи миёни мақоми ваколатдор ва продюсерҳои ин филмҳои миллӣ муқаррар карда мешавад.

Бойгонии давлатии асноди кинои Тоҷикистон ҳангоми нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба онро таъмин менамояд.

Бойгонии давлатии асноди кинои Тоҷикистон дастрасии озод ва ройгони маводи аслии филмҳоро ба продюсерҳои онҳо таъмин менамояд.

Боби 4. Танзими давлатии соҳаи кино

Моддаи 13.Фаъолият дар соҳаи кино

Фаъолият дар соҳаи кино бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 14. Рекламаи кино

Рекламаи киноро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама танзим менамояд.

Моддаи 15. Регистри давлатии кино

Регистри давлатии киноро мақоми ваколатдор дар асоси низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим мекунад.

Ҳамаи филмҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, ба Тоҷикистон барои киро ва намоиши оммавӣ ворид мегарданд, ба истиснои филмҳое, ки дар фестивалҳо, семинарҳо,

ретроспектива ва дигар чорабиниҳо намоиш дода мешаванд, бояд дар регистри кино ба қайд гирифта шаванд. Филмҳо дар давоми ҳафт рӯзи корӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Ихтиёрдори регистри кино мақоми ваколатдор мебошад.

Мақоми ваколатдор маълумотро оид ба регистри кино ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон пешниҳод менамояд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз маълумоти регистри кино ҳуқуқи истифода бурданро доранд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумоташонро, ки объекти регистри кино ба ҳисоб мераванд, ройгон мегиранд.

Маълумот аз регистри кино ба ҷуз тартиби ба қонунгузорӣ муқарраршуда дигар хел ва бо дигар мақсад истифода бурда намешавад.

Дар регистри кино маълумоти зерин нишон дода мешавад:

номи филм;

офарандагони асосии филм (муаллифи филмнома, таҳиягар, коргардон, наворбардор, оҳангсоз, рассоо( �

соҳиби ҳуқуқи муаллифӣ ва молумулкӣ;

давомнокии филм;

кишваре, ки филм дар он истеҳсол шудааст;

таърихи истеҳсоли филм;

ҷойи нигоҳдории маводи аслии филм;

маълумоти дигар.

Моддаи 16. Индекскунонии филмҳо мутобиқи синну соли тамошобинон

Ҳамаи филмҳои дар киро ва дар кинотеатрҳо, толорҳои кино (толорҳои видео, видеосалонҳо) барои намоиш гузошташуда, бояд мутобиқи синну соли тамошобинон индекс кунонида шаванд.

Индексҳоеро, ки бояд дар эълонномаи филмҳо, рекламаҳои дигар ва маводи иттилоотии дорои хусусияти гуногуни барои эълони филмҳо пешбинишуда, қайд карда шаванд, Комиссия оид ба индекскунонии филмҳо муқаррар мекунад. Ҳайат ва низомномаи қомиссия оид ба индекскунонии филмҳоро бо пешниҳоди мақоми ваколатдор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Андозаи пардохти индекскунонии филмҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Филмҳо дар давоми ҳафт рӯзи корӣ индекс кунонида мешаванд.

Мутобиқи синну соли тамошобинон индексҳои зерини филмҳо муқарар карда мешаванд:

«А» ‐ филмҳое, ки барои тамошобинони синну солашон гуногун пешбинӣ шудаанд;

«Б‐7» ‐ филмҳое, ки барои тамошобинони синну солашон аз 7 сола боло пешбинӣ шудаанд;

«Т» ‐ филмҳое, ки тамошои онҳо барои бачагони синну солашон то 16 сола ҳамроҳи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тавсия мешаванд;

«Б‐16» ‐ филмҳое, ки барои тамошобинони синну солашон аз 16 сола боло пешбинӣ шудаанд;

«Ш» ‐ филмҳое, ки танҳо барои тамошобинони аз синни 18 сола боло пешбинӣ шудаанд.

Боби 5.Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 9 декабри соли 2004 № 67