关于知识产权 知识产权培训 树立尊重知识产权的风尚 知识产权外联 部门知识产权 知识产权和热点议题 特定领域知识产权 专利和技术信息 商标信息 工业品外观设计信息 地理标志信息 植物品种信息(UPOV) 知识产权法律、条约和判决 知识产权资源 知识产权报告 专利保护 商标保护 工业品外观设计保护 地理标志保护 植物品种保护(UPOV) 知识产权争议解决 知识产权局业务解决方案 知识产权服务缴费 谈判与决策 发展合作 创新支持 公私伙伴关系 人工智能工具和服务 组织简介 与产权组织合作 问责制 专利 商标 工业品外观设计 地理标志 版权 商业秘密 WIPO学院 讲习班和研讨会 知识产权执法 WIPO ALERT 宣传 世界知识产权日 WIPO杂志 案例研究和成功故事 知识产权新闻 产权组织奖 企业 高校 土著人民 司法机构 遗传资源、传统知识和传统文化表现形式 经济学 性别平等 全球卫生 气候变化 竞争政策 可持续发展目标 前沿技术 移动应用 体育 旅游 PATENTSCOPE 专利分析 国际专利分类 ARDI - 研究促进创新 ASPI - 专业化专利信息 全球品牌数据库 马德里监视器 Article 6ter Express数据库 尼斯分类 维也纳分类 全球外观设计数据库 国际外观设计公报 Hague Express数据库 洛迦诺分类 Lisbon Express数据库 全球品牌数据库地理标志信息 PLUTO植物品种数据库 GENIE数据库 产权组织管理的条约 WIPO Lex - 知识产权法律、条约和判决 产权组织标准 知识产权统计 WIPO Pearl(术语) 产权组织出版物 国家知识产权概况 产权组织知识中心 产权组织技术趋势 全球创新指数 世界知识产权报告 PCT - 国际专利体系 ePCT 布达佩斯 - 国际微生物保藏体系 马德里 - 国际商标体系 eMadrid 第六条之三(徽章、旗帜、国徽) 海牙 - 国际外观设计体系 eHague 里斯本 - 国际地理标志体系 eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange 调解 仲裁 专家裁决 域名争议 检索和审查集中式接入(CASE) 数字查询服务(DAS) WIPO Pay 产权组织往来账户 产权组织各大会 常设委员会 会议日历 WIPO Webcast 产权组织正式文件 发展议程 技术援助 知识产权培训机构 COVID-19支持 国家知识产权战略 政策和立法咨询 合作枢纽 技术与创新支持中心(TISC) 技术转移 发明人援助计划(IAP) WIPO GREEN 产权组织的PAT-INFORMED 无障碍图书联合会 产权组织服务创作者 WIPO Translate 语音转文字 分类助手 成员国 观察员 总干事 部门活动 驻外办事处 职位空缺 采购 成果和预算 财务报告 监督
Arabic English Spanish French Russian Chinese
法律 条约 判决书 按司法管辖区搜索

塔吉克斯坦

TJ034

返回

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Ҳифзи Иттилоот

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Ҳифзи Иттилоот

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» қабул карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ‐ дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони С. ХАЙРУЛЛОЕВ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе 15 майи соли 2002 №631

ҚАРОРИ МАҶЛИСИМИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»

Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи иттилоот» баррасӣ намуда, қарор мекунад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.

УБАЙДУЛЛОЕВ ш. Душанбе 12 ноябри соли 2002 №334

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳифзи иттилоот

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002,№11, мод. 696; соли 2005,№12, мод.646)

Қонуни мазкур принсипҳои асосии таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин соҳа ба вуҷуд омадаро муқаррар менамояд.

БОБИ I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мақсадҳои ҳифзи иттилоот Ба мақсадхои ҳифзи иттилоот мансубанд: - пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумшавӣ, ғалат маънидодкунӣ, нусхабардорӣ ва бастани

роҳи паҳншавии иттилоот; - пешгирӣ намудани амалиётҳои беиҷозат оиди нобудсозӣ, тағйирдиҳи, ғалат маънидодкунӣ,

нусхабардорӣ ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот; - пешгирӣ намудани амалиётхои боиҷозат ва беиҷозат, ки боиси қасдан ё бидуни қасд

нобудсозӣ, бастани роҳи пахншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, ихроҷӣ, дигаргунишавӣ ва тағйиребии иттилоот гардиданаш мумкин аст.

Моддаи 2.Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд: - таъмини техникии системаҳои иттилоотӣ‐ маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои кори

системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатнокгардонии дахлдори ин воситаҳо ва равандҳои технологӣ;

- таъмини барномавии системаҳои иттилоотӣ – маҷмӯи барномаҳо барои татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои системаи иттилоотӣ, инчунин барои мӯътадил кор кардани маҷмӯи воситаҳои техникӣ;

- ҳифзи иттилоот – маҷмӯи чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиҷозат, ғалат маънидодкунӣ, тагйирдихӣ (сохтакорӣ), нусхабардории беиҷозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот гузаронида мешаванд;

- самаранокии ҳифзи иттилоот – дараҷаи мутобиқати натиҷаҳои ба даст омадаи амалҳо оиди ҳифзи иттилоот ба мақсадҳои ҳифз;

- назорати самаранокии ҳифзи иттилоот – санҷиши мутобиқати самаранокии чорабиниҳои ҳифзи иттилоот ба талаботҳои муқарраршуда ё меъёрҳои самаранокии ҳифз;

- бехатарии иттилоот – ҳолати ҳимояшавии иттилоотӣ дар системаҳои иттилоотӣ кор карда баромада шуда аз таҳдиди дохилӣ ё берунӣ;

- хориҷшавии иттилоот – паҳнкунии назоратнашавандаи иттилооти ҳифзшаванда дар натиҷаи дастрасшавии беиҷозат;

- дастрасшавии беиҷозат – ба даст овардани иттилооти ҳифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии ҳуқуқ ё қоидаҳои дастрасшавии иттилооти ҳифзшаванда, ки хуҷҷатҳои ҳуқуқи ё молики (соҳиби) иттилоот муқаррар кардаанд;

- фошкунии иттилооти ҳифзшаванда – беиҷозат расонидани иттилооти ҳифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;

- тағйирдиҳии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки иҷозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;

- аз нав сохтани иттилоот – тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиёти аз тарафи система ё технологияи иттилоотӣ амрномадодашуда;

- ғалат маънидодкунӣ ва сохтакории итилоот – тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиётҳои гузаронидашуда оид ба махфидорӣ, рафъсозӣ, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурҳои иттилоот дар сатҳи синтаксисӣ, семантикӣ ё прагматикӣ;

- бастани роҳи паҳншавии иттилоот ‐ амалиёте, ки натиҷаи он қатъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;

- нобудсозии иттилоот – ин амали барқасдона ё беэҳтиётона мебошад, ки дар натиҷаи он мавҷудияти иттилоот барои шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар ҳаҷми пурра ё маҳдуд қатъ мегардад;

- сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот – раванди муқаррар намудани мутобиқати воситаҳои истифодашавандаи ҳифзи иттилоот ба талаботи стандартҳои давлатӣ ё хуҷҷатҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот.

Моддаи 3. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи иттилоот Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст иборат аст.

Моддаи 4. Воситаҳои ҳифзи иттилоот Ба воситаҳои ҳифзи иттилоот мансубанд: - ташкилӣ; - техникӣ; - барномавӣ; - дастгоҳӣ; - ҷисмонӣ; - криптографӣ.

Моддаи 5.Объекти ҳифз Объекти ҳифз иттилооти хуҷҷатнокгардидае мебошад, ки нисбати он қоидаҳои муайян ва

истифодаи маҳдуди он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот муқаррар карда шудаанд.

Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот давлат дар шахси мақомоти

идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи муқарар намудани қоидаҳои муайян ва тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин маҳдудиятҳоро ҳангоми кор бо иттилоот доранд.

Моддаи 7. Кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот барои муҳофизат аз зарари дар

натиҷаи амалиётхои қонунӣ ё ғайриқонунӣ расонидашуда, ки сабаби нобудшавӣ, бастани рохи пахншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, хориҷшавӣ, тағйирёбӣ, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот бо тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 8. Ба танзим даровардани муносибатҳои байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот Муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот бо қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки категорияҳои иттилоотро аз рӯи дараҷаи дастраси ба он муайян менамоянд,

тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин бо шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд. Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд якдигарро оиди хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои

коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд.

БОБИ II. ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Моддаи 9. Танзим ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот Мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилоотро бо роҳҳои

зерин идора мекунад: - гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот; - таҳияи консепсияҳо, талабот, асноди меъёрии техникӣ ва тавсияҳои илмию методии ҳифзи

иттилоот; - тасдиқ намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати иҷрои тадбирҳои ҳифзи иттилооте,

ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияҳо оид ба ҳифзи иттилооте, ки моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад;

- ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот; - таъсиси сохторҳои идоравӣ ва соҳавии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳифзи иттилоот; - гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомот, марказу лабораторияҳои сертификатсионӣ,

додани иҷозатнома дар соҳаи ҳифзи иттилоот; - анҷом додани назорати иҷрои корҳо оиди ташкили ҳифзи иттилоот; - муайян намудани тартиби ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ дастрас будани

иттилооте, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки нисбат ба паҳн намудан ва истифодаи он аз ҷониби давлат маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд. Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳалли масъалаҳои ҳифзи

иттилоотро дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд.

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот тибқи

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад.

Моддаи 11. Умури ҳифзи иттилоот Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ мумкин аст воҳидҳо, умурҳое ташкил карда шаванд, ки

кори вобаста ба ҳифзи иттилоот, дастгирии сатҳи ҳифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии ҳифзи иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур масъул мебошанд.

Моддаи 12.Маблағгузории корҳо Корҳои марбут ба иҷрои талаботи иловагӣ оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз шакли сертификатсионӣ

фарқ дорад, аз ҷониби ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки онҳоро муайян намудаанд ва ё дар асоси шартнома маблағгузори карда мешаванд.

БОБИ III. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Моддаи 13. Таъмини ҳифзи иттилоот Ҳифзи иттилоот бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд: - аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои

хусусияти ташкилӣ ва техникидошта оиди ҳифзи иттилоот; - истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномавӣ ва дастгоҳӣ ва умуман

воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот ҷавобгӯ мебошанд; - ба ҷо овардани назорати ҳифзи иттилоот.

Моддаи 14.Муқаррар намудани талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот Талаботу қоидаҳои ҳифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки ҳифзи он аз

тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот бо тартиби мукаррарнамудаи низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба ҷо оварда мешавад. Ин талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот барои ҳамаи субъектҳои ин муносибатҳо ҳатмӣ

мебошанд.

Моддаи 15. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот Воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд сертификати мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии

Тоҷикистонро дошта бошад. Дар рафти сертификатсияи воситаҳои ҳифз санҷиши (аттестатсияи) онҳо низ гузаронида мешавад. Молики иттилоот ҳуқуқ дорад ба мақомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санҷиши

воситаҳои ҳифз ва гирифтани хулосаҳои дахлдор муроҷиат намояд. Таъсис ва мутобиқати системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро оид ба талаботи

бехатарии иттилоот мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад, ки он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаст, фаъолият мекунад. Мақоми давлатие, ки сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба ҷо меорад, иҷрои вазифаҳои

зайлро таъмин менамояд: - ташкил ва мутобиқ кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба

талаботи бехатарии иттилоот; - ташкил ва кор кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот; - муайян намудани феҳристи воситаҳои ҳифз, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд; - муқаррар намудани қоидаҳои ваколатдоршавӣ барои гузаронидани корҳо оид ба

сертификатсия; - таҳия ва тасдиқи ҳуҷатҳои меъёрӣ ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи

иттилоот ; - тартиб додани рӯйхати давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсия; - ба ҷо овардани назорати давлатӣ (аз ҷумла бозрасӣ) барои риоя намудани қоидаҳои

сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот; - баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия; - ташкили нашри давравии маълумотҳо оиди системаи сертификатсия, талабот ва қоидаҳои он,

бо нишон додани феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бо параметрҳои сертификатсияшавандаи онҳо бояд сертификатсия карда шаванд, феҳристи мақомот оиди сертификатсияи намудҳои муайяни воситаҳои ҳифзи иттилоот, феҳристи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба мутобиқати талаботҳое, ки аз рӯи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот гузаронида мешавад ва ҳуҷҷатҳои методӣ оиди гузаронидани озмоишҳои сертификатсионӣ;

- мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти сертификатсия ва мақомоти озмоишӣ (лабораторияҳо), ки ба системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дохиланд. Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсияи

объектҳои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дар бар мегирад ва бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Моддаи 16. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот Таҳти мафҳуми объектҳои иттилоотонӣ, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд,

системаҳои автоматии (АС) сатҳҳои гуногун ва таъинотҳо, системаҳои алоқа, тасвир ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар якҷоягӣ бо биноҳое, ки дар онҳо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд ҳифз карда шаванд, инчунин худи биноҳо, ки барои бурдани гуфтугӯҳои махфӣ пешбинӣ гардидаанд, фаҳмида мешавад. Мавриди сертификатсияи ҳатмӣ воситаҳо, аз ҷумла истеҳсоли хориҷӣ, ки барои ҳифзи иттилоот

таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо маҳдудияти дастрасӣ, инчунин воситаҳое, ки дар идораи объектҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок истифода мешаванд, қарор мегиранд.Феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи мақомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, кор карда баромада ва тасдиқ карда мешавад.Дар ҳолатҳои боқимонда сертификатсия хусусияти ихтиёрӣ (сертификатсияи ихтиёрӣ) дорад ва бо ташаббуси таҳиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба ҷо оварда мешавад.

Озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқа бо мақоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ мекунад, дар базаи аризадиҳанда гузаронида мешавад. Асоси гузаронидани корҳо ба сертификатсияи шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия

мебошад. Хароҷоти гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил

карда мешавад. Қарори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаҳодатномаи ваколатдориро мақоми

давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, қабул мекунад. Мақомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба амал мебароранд ва

марказҳои (лабараторияҳои) озмоишӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда,таъмини нигоҳдории сирри давлатӣ, дигар маълумотҳои махфӣ, инчунин барои риояи ҳуқуқҳои муаллифии аризадиҳандагон ҳангоми озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилооти онҳо ҷавобгар мебошанд. Дар бораи амалҳои гайриқонунии мақомоти сертификатсияи мумкин аст ба тариқи судӣ шикоят

карда шавад.

БОБИ IV.ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР CОҲАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Моддаи 17. Ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлатӣ, мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оиди ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.

БОБИ V.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур Барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ҷавобгарӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон сурат мегирад. Товони зарари расонидашуда дар ҳаҷми пуррааш бо роҳи ихтиёрӣ ё бо тартиби судӣ рӯёнида

мешавад.

Моддаи 19.Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.

РАҲМОНОВ ш. Душанбе 2 декабри соли2002 №71