ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ” ва мавриди амал қарор додани он
(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001,№7, мод.503)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ” қабул карда шавад. 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ‐ қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад; ‐ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди даровардани тағйироту
иловаҳо ба қонунгузорӣ вобаста ба қонуни мазкур таклифҳо пешниҳод намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ ш. Душанбе 28 июни соли 2001 № 337
ҚАРОРИМАҶЛИСИМИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”
(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001,№7, мод.504)
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи иттилоотонӣ” баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи иттилоотонӣ” ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
М.УБАЙДУЛЛОЕВ ш. Душанбе июли соли 2001 № 216
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иттилоотонӣ
(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001,№7, мод.502; соли 2005,№12, мод. 639)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуҷҷатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот ба миён меоянд, офаридани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоотро танзим мегардонад, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳадафҳои Қонуни мазкур Мақсади Қонуни мазкур муҳайё кардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани талаботи
шахсҳои ҳуқуқӣ, воқеӣ ва мақомоти идораи давлатӣ ба иттилоот дар асоси ташаккул додани инфраструктураи ҳозиразамони иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя кардани он бо шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоот мебошад. Қонун шартҳои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои давлат,шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеиро дар рафти тартиб додан, захира кардан, нигоҳдориву ирсол кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Соҳаи амали Қонуни мазкур 1. Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар рафти фаъолияти мақомоти
идораи давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шаклҳои моликият дар соҳаи иттилоотонӣ ба миён меоянд, аз ҷумла, ҳангоми:
‐ташаккулу истифодаи захираҳои иттилоот дар асоси тартиб додан, дарёфту захира ва ирсол кардан, андухтану омода сохтан, интишор додану пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда;
‐офаридан, татбиқ ва истифода кардани системаҳои омодасозӣ ва ирсол кардани иттилоот, асос ва бонки маълумот, воситаҳои технологияи иттилоотӣ;
‐ҳимояи иттилоот ва ҳуқуқи субъектҳое, ки дар раванди иттилоотӣ бо татбиқи воситаҳои технологияи иттилоотӣ иштирок менамоянд;
‐идора ва танзими равандҳои иттилоотӣ, амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.
2.Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар иттилооти ғайриҳуҷҷатӣ ба миён меоянд ва ҳамчунин муносибатҳоеро, ки бо меъёрҳои моликияти ақлӣ, бо муносибатҳои соҳаи расонаҳои ахбори умум танзим гардонида мешаванд, фаро намегирад.
3.Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонунро дар баробари ташкилотҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ истифода мебаранд, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи дигар муқаррар нагардида бошад.
Моддаи 3.Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин мавриди истифода қарор гирифтаанд: ‐иттилоот ‐ маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рӯйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва
равандҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо; ‐технологияи иттилоотӣ ‐ маҷмӯи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои
барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои дарёфт, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот; ‐инфраструктураи иттилоотӣ (иттилоотонӣ) ‐ маҷмӯи марказ, асос ва бонки маълумот,
системаҳои алоқа ва интиқоли маълумот, сохторҳои дигаре, ки кору фаъолияти шабакаҳои иттилоотиро таъмин мекунанд;
‐иттилооти ҳуҷҷатшуда (ҳуҷҷат) ‐ иттилоти дар ягон ҳомили моддӣ сабтшуда бо маълумоте, ки ин иттилоотро исбот месозад;
‐захираҳои иттилоот ‐ иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешниҳодот ё ки ташкили нигоҳдориаш (аснод, ҷамъи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, асоси маълумот) барои дохилшавӣ ба системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;
‐асоси маълумот ‐ маҷмӯи маълумотҳои якҷояшуда, ки барои истифодаи ҳамаҷониба ва тағйири шакл зарур аст;
‐бонки маълумот ‐ маҷмӯи воситаҳои барномавӣ, иттилоотӣ ва техникие, ки барои андӯхти мутамарказ, нигоҳдорӣ ва истифодаи коллективонаи маълумот дар бораи соҳаи муайян ва мушаххаси фаъолияти инсон заруранд ва ҳамчунин худи маълумоте, ки дар шакли файл (парвандаи компютерӣ) ё худ манъбаҳои аз ҳам ҷудои маълумот нигоҳ дошта мешаванд;
‐равандҳои иттилоотӣ – равандҳои андӯхтан, омода сохтан, сариштаву ирсол кардан, дарёфтан ва интишор додани иттилоот;
‐ҳомили моддии иттилоот ‐ маводи дорои хосиятҳои муайян, ки барои сабт ва нигоҳдории иттилоот истифода шуда метавонад;
‐маводи иттилоотӣ ‐ натиҷаи моддии равандҳои иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ,шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъин гардидааст;
‐маълумот ‐ иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дар рафти омода сохтани он дар мошинҳои ҳисоббарори электронӣ мавриди истифода қарор мегирад;
‐системаи иттилоотӣ ‐ маҷмӯи муташаккили аснод ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро таъмин менамоянд;
‐шаклҳои таъминоти системаҳои иттилоотӣ ‐ техникӣ, барномавӣ, математикӣ, ташкилӣ, забонӣ, ҳуқуқӣ ва дигар шаклҳое, ки барои таъмини иҷрои мӯътадили тамоми вазифаҳои таъингардидаи система заруранд;
‐иттилоотонӣ – таҳия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои иттилоотӣ; раванде, ки ҷузъҳои ташкилӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолию иқтисодӣ ва натиҷаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ҷудогона, иттиҳодҳои онҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тамоми ҷамъият ба иттилоот бо роҳи ташаккул додан ва истифода кардани захираҳои иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият;
‐хизматрасонии иттилоотӣ ‐ хизмате, ки талаботи шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба иттилоот қонеъ мегардонад ва онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мерасонанд, ки дар соҳаи иттилоот кор мекунанд.
‐молики захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ ‐ субъекти дорои ваколатҳои соҳибию истифода ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои мазкур;
‐истеъмолкунандаи (баҳрабарандаи) хизматрасонии иттилооти ва захирахои иттилоот ‐ субъекте, ки ба системаи иттилооти, ба молики захирахои иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани иттилооти зарурӣ муроҷиат менамояд ва аз ин иттилоот ба ҳадди муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳра мебарад;
‐иттилооти махфӣ ‐ иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дастрас намудани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;
‐иттилооти дастрасаш маҳдуд ‐ иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки сирри давлатӣ ва махфӣ ба ҳисоб меравад;
‐ҳифзи иттилоот ‐ пешгирии дахолати худсарона ба захираҳои иттилоот, амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми гирифтан, нусхабардорӣ кардан, интишор додан, таҳриф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд.
‐криптография ‐ мактуби рамзӣ, ки барои шахси воқиф фаҳмост, мактуби махфӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии иттилоотонӣ Принсипҳои асосии иттилоотонӣ чунин аст: ‐ дастраси умум будани иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи
иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдуд нисбат дода нашудааст; ‐ фаврӣ, пурра ва аниқ, будани иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки ба истифодабаранда пешкаш карда
мешавад; ‐ иштироки давлат дар ташаккули захираҳои иттилоот ва ба вазифаҳои иттилоотонӣ мутобиқ
сохтани ин захираҳо; ‐ ба истифодабаранда ба забони давлатӣ ё ба забоне, ки дар шартномаи субъектҳои муносибатҳои
ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ зикр шудааст, пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда; ‐ ҳимояи ҳуқуқи моликият ба объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ.
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё кардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва дигар шартҳо мебошад, ки ба равнақу ривоҷи иттилоотонӣ мусоидат менамояд, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ҳангоми амалӣ гардонидани он ҳимоя менамояд.
2.Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи иттилоотонӣ инҳоянд: ‐ муҳайё кардани шароит барои ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талаботи ба иттилоотдоштаи
шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон;
‐дастгирӣ намудани тараққиёти инфраструктураи миллии иттилоотӣ бо роҳи барпо намудан ва такмил додани системаву шабакаҳои иттилооти компютерӣ дар асоси амалӣ гардонидани сиёсати илмию техникӣ;
‐дастгирии инкишофи шабакаю системаҳои иттилооти байналмилалӣ ва умумичаҳонӣ; ‐ташаккулу тараққӣ додан, эҳтиёту саришта кардан, дастрас ва самарабахш истифода намудани
захираҳои иттилооти миллӣ; ‐муҳайё кардани шароит барои ташаккул ва равнақи бозори маҳсулот, захира, технологияҳои
иттилоотӣ ва ҳамчунин хизматрасонии системаю шабакаҳои иттилоотӣ; ‐таъмин намудани истиқлолият ва амнияти миллӣ дар мавриди таҳия, истифодабарии захираҳо
ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ; ‐таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо оиди дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ, инчунин
ҳимояи ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ дар соҳаи иттилоотонӣ; ‐ташкили истеҳсоли воситаҳои техника ва технологияи иттилоотӣ бо назардошти нерую
имконияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудаи илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ; ‐сохтан ва такмил додани системаи маблағгузорӣ ба таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳо ва
барномаҳои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, манбаъҳои ғайридавлатӣ ва сармояҳои хориҷӣ;
‐ташкил кардани системаи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва имтиёзҳои фаъолият бо мақсади офаридану овардан, пешниҳод ва истифода кардани воситаҳои пешқадами техникаю технологияҳои иттилоотӣ;
‐ҷорӣ намудани системаҳои пешқадами якнавохтсозӣ, таснифотӣ ва стандартонии иттилоот, ки ба таъсис додани фазои (муҳити) ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба муттаҳидшави бо шабакаю системахои байналмилалии иттилоот кумак мекунанд;
‐пойдор сохтан ва тараққӣ додани асосҳои ташкилӣ ва меъёрию ҳуқуқии ривоҷи иттилоотонӣ; ‐дастгирӣ намудани маълумоти касбии ибтидоӣ, миёна ва олӣ, таълими кадрҳо ва тадқиқотҳои
илмӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.
Моддаи 6.Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ 1. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ инҳо мебошанд: ‐ иттилооти ҳуҷҷатшуда; ‐ захираҳои иттилоот; ‐ технологияҳои иттилоотӣ; ‐ маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ; ‐ системаю шабакаҳои иттилоотӣ. 2.Молики ин ҳама объектҳо давлат,шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда метавонанд.
Моддаи 7. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ 1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ давлат дар шахси мақомоти
ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ,шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мебошанд.
2. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми барпо кардан ва кор фармудани объектҳои иттилоотонӣ ба ҳайси чунин касон буда метавонанд:
‐тартибдиҳандагон; ‐ моликон; ‐ соҳибон; ‐ истифодабарандагон; ‐омодасозони иттилооти ҳуҷҷатшудаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ. 3.Шаклҳои муносибати субъектҳои иттилоотонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо шартномаҳо танзим гардонида мешаванд.
Моддаи 8. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи навъу шакл ва воситаҳои ҷудогонаи равандҳои иттилоотӣ иборат аст. Муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ бо шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин бо принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим гардонида мешаванд.
БОБИ II. ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ
Моддаи 9. Таъиноти захираҳои иттилоот 1.3ахираҳои иттилоот барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъияту давлат ба иттилоот, таъсиси
фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва барои ҳамроҳ, шудани он ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот таъин гардидаанд.
2.3ахираҳои иттилоот объектҳои муносибати давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба захираҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо қонун ҳимоя карда мешаванд.
Моддаи 10. Асосҳои низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ 1.Низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоот бо меъёрҳои зерин муайян карда мешавад: ‐тартиби ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ; ‐тартиби баҳисобгирӣ, сабти захираҳои иттилоотӣ; ‐ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ ба захираҳои иттилоот, ҳуҷҷатҳои ҷудогона ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳо; ‐тартиби муайян кардани гурӯҳи захираҳои иттилоот аз рӯи дастрас намудан ва тартиби
истифодабарии онҳо; ‐тартиби муҳофизати захираҳои иттилоот аз истифодаи беиҷозат ва аз харобшавӣ. 2.Низоми ҳуқуқии истифодаи захираҳои иттилоот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, қарордоду созишномаҳои иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ муқаррар карда мешавад.
3.Ба риоя шудани тартиби ҳуқуқии таҳия ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ моликони захираҳои иттилоотии дахлдор назорат мекунанд.
Моддаи 11. Аз системаҳои иттилоотӣ додани иттилооти ҳуҷҷатшуда 1. Иттилооти ҳуҷҷатшуда аз системаи иттилоотӣ бо тартибе, ки барои дастрас кардани захираҳои
иттилоотӣ муайян шудааст ва мувофиқи талаботи шартномаҳои байни операторони системаҳои иттилоотӣ ва истифодабарандагони ин иттилоот баста шудааст, дода мешавад.
2.Талаботи иттилоотии истифодабарандагон аз тариқи зайл таъмин мегарданд: ‐таъмини шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва ғайра барои озодона ҷустуҷӯ намудан ва
гирифтани иттилоот; ‐бо тартиби муайян паҳн намудани иттилооти расмӣ ба воситаи интишори он дар воситаҳои
ахбори умум ва ҷобаҷогузории он дар китобхонаҳо, Интернет ва дигар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;
‐фурӯши маҳсулоти иттилоотӣ аз тариқи хизматрасонии иттилоотӣ; ‐таъмини шароит барои фаъолияти шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;
3. Захираҳои иттилоотӣ дар асоси дархосте, ки шахси алоқаманд бо тартиби муқарраршуда ба операторони системаҳои иттилоотӣ ирсол кардааст, дастрас карда мешавад. Дархост фақат дар ҳолате рад шуда метавонад, ки иттилооти талабшуда дар системаи иттилоотӣ мавҷуд набошад ё дар мавриде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд.
Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандагон ба таври ҳуҷҷатшуда дода мешавад. 4. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла барои истифодаи
афзалиятноки иттилоот аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқуллода дода мешавад.
Моддаи 12. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда 1. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои гирифтани
иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда танҳо бо қонун маҳдуд шуда метавонад.
2. Таъмини ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ набояд ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеиро халалдор намояд.
Моддаи 13.Шаклҳои иттилооти ҳуҷҷатшуда Иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият шакли ҳуҷҷати алоҳида ё маҷмӯи
ҳуҷҷатҳоро (фонди ҳуҷҷатӣ, бойгонӣ, маҳзани маълумот ва дониш, дигар шаклҳои ташкили иттилоотро) дорад.
Моддаи 14. Ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоот 1. Ҳуҷҷат кардани иттилоот шарти ҳатмии ба захираҳои иттилоот ҳамроҳ намудани иттилоот
мебошад. 2. Ҳуҷҷат баъди онро имзо кардани шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Эътибори қонунии ҳуҷҷате, ки бо системаҳои автоматиконидашуда ва телеиртибот (телекоммуникатсия) нигоҳдорию омода ва ирсол карда мешавад, бо имзои рақамии электронӣ тасдиқ шуда метавонад.
3.Имзои электронӣ дар сурати дар системаю шабакаҳои иттилоотӣ мавҷуд будани воситаҳои барномавию техникие, ки имзоҳоро ба ҳам монанду мушобеҳ месозанд ва дорои сертификати мувофиқат ё шаҳодатномаи эътирофи сертификатеанд, ки дар системаи миллии сертификатонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
4.3ахираҳои иттилоот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ ва якнавохтсозӣ бошанд.
5.Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар ҷараёни ҳамкории иттилотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсҳои ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андухт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд.
Моддаи 15. Иттилооти ҳуҷҷатшуда дар бораи шаҳрвандон 1. Манбаи иттилоот дар бораи шаҳрвандон ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки оиди фактҳо, воқеаву
ҳолатҳои мансуби ин ё он шахси воқеӣ маълумот доранд. 2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ иттилооти
ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон андухта, омода месозанд, нигоҳдорӣ мекунанд ва барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳояшон истифода мебаранд.
3. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаи такмилёбанда дар бораи шаҳрвандон ва тартиби истифодаи он дар системаҳои иттилоотӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд ва аз он истифода мебаранд, барои риоя накардани тартиби истифодаи ин иттилоот ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот 1.3ахираҳои иттилоот ҳамчун ҷузъи таркибии амвол буда, моликияти мақомоти ҳокимияти
давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, ташкилот ё худ моликияти хусусии шаҳрвандон
мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
2. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотии молики дигаре, ки ба воситаи онҳо захираҳои иттилоот бо тартиби хизматрасонӣ мавриди коркард қарор мегиранд, дахл надорад.
3.3ахираҳои иттилоот, ба истиснои ҳолатҳое, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратианд, мол буда метавонанд.
Молики захираҳои иттилооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, ин моликиятро танҳо бо иҷозати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ихтиёрдорӣ карда метавонад.
Моддаи 17. Захираҳои давлатии иттилоот 1.3ахираҳои иттилооте, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро
таъмин намуда, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мудофиавии онро нишон медиҳанд, инчунин захираҳои дорои аҳамияти давлатианд, ба моликияти давлат мансубанд.
Захираҳои иттилоотеро, ки аҳамияти давлатӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2.Захираҳои давлатии иттилоот аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд оварда шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораи минтақавӣ ва соҳавиро таъмин менамоянд.
3. Захираҳои давлатии иттилоот ба феҳристи амволи давлатӣ дохил карда мешаванд ва бояд мавриди ҳисобот ва ҳимоя қарор гиранд.
4.3ахираҳои давлатии иттилоотро мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки барои ташаккул додан, нигоҳдорӣ, андухтан ва самаранок истифода бурдани онҳо масъуланд, мутобиқи салоҳияташон идора мекунанд. Корҳои ташаккул додан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани захираҳои давлатии иттилоот ба ӯҳдаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад.
5.Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд ба ташкилотҳое, ки барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, иттилооти ҳуҷҷатшудае пешниҳод намоянд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ муаяйн кардаанд. Субъектҳое, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо барои ҳамроҳ кардан ба захираҳои давлатии иттилоот пешниҳод мекунанд, аз ҳуқуқи ба ин ҳуҷҷатҳо доштаашон ва аз ҳуқуқи истифодаи иттилооте, ки дар ин ҳуҷҷатҳо ҳаст, маҳрум намегарданд. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаеро, ки бояд ҳатман пешниҳод карда шавад ва рӯйхати мақомоту ташкилотҳоеро, ки барои андухтан ва коркарди захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 18. Захираҳои ғайридавлатии иттилоот 1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молики он ҳуҷҷатҳо, маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, захираҳои иттилоотие
мебошанд, ки аз ҳисоби маблағи онҳо тартиб дода шудаанд ё худ қонунан харидорӣ карда шудаанд. Захираҳои иттилоотие, ки худи молик тартиб медиҳад ва ё бо супориши ӯ аз ҳисоби маблағаш тартиб дода мешаванд, захираҳои ғайридавлатӣ ба шумор мераванд.
2.3ахираҳои ғайридавлатии иттилоот дар фаъолияти истеҳсолии молик барои эҷоди маҳсулот ва хизматгузории иттилоотӣ истифода карда мешаванд.
3.Давлат ҳақ дорад иттилооти ҳуҷҷатшударо аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ харида гирад.
Моддаи 19. Захираҳои иттилоот аз рӯи категорияҳои иҷозат 1.Захираҳои давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки
ба категорияи иҷозаташ маҳдуд нисбат дода шудааст, ошкор ва дастраси умуманд. Захираҳои давлатии иттилоотро дастрас кардани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.
2.Агар захираҳои иттилоот иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад, молик ва истифодабаранда ҳақ дорад дар бораи хариду фурӯши ин захираҳои иттилоот шартнома бандад.
3.Тартиби истифодабарии захираҳои иттилоотиро моликон ва ё шахсони ваколатдори онҳо муқаррар менамоянд ва онҳо набояд хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд.
Моддаи 20. Ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарандагон барои дастрас кардани иттилоот ва захираҳои иттилоот
1. Истифодабарандагон ‐ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дастрас кардани захираҳои
давлатии иттилоот ҳуқуқи баробар доранд ва шарт нест, ки дар назди моликони ин захираҳо зарурати гирифтани иттилооти талабкардаашонро, ба истиснои иттилооти дастрасаш маҳдуд, асоснок намоянд.
2.Моликон истифодабарандагонро бо иттилоот аз захираҳои иттилоот дар асоси низомнома ё шартномаҳои тасдиқ гардида бепул ё бо нархи шартномавии хизматрасонии иттилоотӣ таъмин менамоянд.
3.Истифодабаранда барои бе иҷозат истифода бурдан, нусха бардоштан, интишор додани захираҳои иттилоот, барои риоя накардани ҳуқуқи моликият ба захираҳо мутобиқи шартнома (созишнома) ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Тартиби ба иттилоот соҳиб гаштани истифодабарандаро молики захираи иттилоот бо риояи талабҳои ҳамин Қонун муайян мекунад.
4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние, ки барои ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба истифодабаранда фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда шароит муҳайё мекунанд. Барои надодани иттилооти дастраси умум аз захираҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 21. Роҳ додани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилоот оиди онҳо 1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба бепул дастрас кардани иттилооти ҳуҷҷатишуда оиди онҳо ва ба
аниқ намудани ин иттилоот бо мақсади мукаммал ва бодалел будани он ҳуқуқ доранд ва инчунин ҳуқуқ доранд донанд, ки ин иттилоотро кӣ ва ба кадом мақсад истифода кардааст ё истифода карданист.
2.Мақомоти давлатӣ ва дигар соҳибони захираҳои иттилоотӣ оид ба шахсони алоҳида вазифадоранд ин иттилоотро бо талаби он шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, бояд пешниҳод намоянд, ба шарте, ки маълумоти мазкур иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад.
3.Шахсоне, ки ҳуқуқ, ва манфиаташон аз тарафи моликон ва ё истифодабарандагони иттилоот вайрон шудааст, ҳақ доранд бо тартиби судӣ барқарор кардани ҳуқуқҳояшон ва ҷуброни зиёнро талаб намоянд.
Моддаи 22. Вазифаҳо ва масъулияти молики захираҳои иттилоотӣ 1.Молики захираҳои иттилоотӣ вазифадор аст тартиби мукаммал кардан ва замонавӣ
гардонидани захираҳои иттилоот, тартиби коркарди онҳо ва қоидаҳои ба баҳрабаранда пешниҳод сохтани онҳоро риоя намояд.
2.Молики захираҳои иттилоот барои вайрон кардани тартиботи кор бо иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.
БОБИ III. ИНФРАСТРУКТУРАИ ИТТИЛООТОНӢ ВА СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
Моддаи 23. Ҷузъҳои таркибии инфраструктура 1.Инфраструктураи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сохторҳои ташкилию техникӣ,
объекту системаҳое ташкил медиҳанд, ки мақсади кору амали онҳо аз ин иборат аст: ‐ҷамъоварӣ, коркард, расонидан, нигоҳдорӣ кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои
технологияҳои нави иттилоотӣ; ‐хизматрасонӣ ҳангоми қабул ва ирсол намудани иттилоот бо тамоми воситаҳои иртиботи
электронӣ; ‐тадқиқ, таҳия ва истеҳсол кардани система, технологияву воситаҳои нави иттилоотӣ; ‐фиристодан, фурӯхтан ва хизматрасонии системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои
таъмини онҳо; ‐таълим додан, кумаки машваратӣ, методӣ расонидан ва фаъолияти дигари ёрирасон, ки бо
интишору истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ алоқаманданд. 2.Инфраструктураи иттилоотониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои гуногуни ҳамаи
шаклҳои моликият ташаккул медиҳанд. 3.Ягонагии инфраструктураи иттилоотонӣ ба идораву танзими давлатии равандҳои иттилоотонӣ
ва ҳамчунин ба фаъолияти мақомоти махсуси идораи давлатие асос меёбад, ки ба риоя шудани стандарту тасдиқномаҳои ягонаи сифати маводу воситаҳои иттилоотии истеҳсол ва истифодашаванда назорат муқаррар менамоянд.
4.Ҳамаи намудҳои истеҳсоли системаю шабакаҳо, технологияву воситаҳои иттилоотии таъмини фаъолияти онҳо оиди пешниҳоди маводу хизматрасонии иттилоотро соҳаи махсусе ташкил медиҳад, ки пешрафти онро сиёсати давлатии илмию техникӣ ва иқтисодӣ муайян менамояд.
Моддаи 24. Системами давлатии иттилоотӣ 1.Системаҳои давлатии иттилоотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ оиди
ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷӯи иттилоот, шабакаҳои мақомоти марказии ҳокимияту идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, дигар ташкилоту муассисаҳое ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ бунёд шудаанд ва ё моликияти давлатӣ мебошанд.
2.Додан ва мубодилаи иттилоот байни системаҳо ва шабакаҳои давлатии иттилоотӣ аз рӯи шартномаву созишномаҳо дар доираи номгӯи зарурӣ ва сохтор дар асоси ягонагии таъминоти системавию барномавӣ ва шабакавӣ амалӣ мегардад.
3.Тартиби мубодилаи иттилоот байни системаҳои давлатии иттилоот бо санадҳои меъёрие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар ҳадди салоҳияти худ нашр мекунанд, бо шартномаю созишномаҳо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Системаҳои ғайридавлатии иттилоотӣ 1.Системаҳои ғайридавлатии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаҳои иттилоотӣ
оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, аз системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷӯи иттилоот ва шабакаҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, ки бо маблағи онҳо сохта ё харидорӣ карда шудаанд, иборатанд.
2.Системаҳои ғайридавлатии иттилоот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти махсуси моликони онҳо ё худ барои пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.
Моддаи 26. Ба вуҷуд овардани технологияи иттилоотӣ ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ 1. Ҳуқуқи ба вуҷуд овардани технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ,
системаю шабакаҳои иттилоотиро барои фаъолияти худ ва ба истеъмолкунандагон расонидани хизмати иттилоотиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ,шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доранд.
2. Системаҳои иттилоотиро, ки дар бораи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ маълумот доранд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ё худ ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ ва идоракунӣ барпо менамоянд. Агар мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад, чунин системаҳоро субъектҳои моликияти ғайридавлатӣ барпо карда метавонанд.
3. Системаҳои байнидавлатии иттилоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ барпо карда мешаванд.
4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ҳуқуқ доранд шабакаҳои минтақавӣ (ки ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд), байнисоҳавӣ ва байнидавлатии иттилоотро барпо намоянд ва (ё) бо системаҳои иттилоотии худ ба онҳо ҳамроҳ шаванд.
5.Тартиби ба чунин шабакаҳо ҳамроҳ шудан ва қоидаҳои мубодилаи иттилоотро дар ин шабакаҳо моликон ё худ шахсони ваколатдори онҳо дар асоси қонунгузории ҷорӣ, шартномаю созишномаҳои байналмиллалӣ муқаррар менамоянд.
6.Намудҳои муайяни технологияҳои иттилоотӣ ва маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ, ки дар соҳаи мудофиа ва хоҷагии умумӣ истифода мешаванд, метавонанд ба категорияҳое нисбат дода шаванд, ки аҳамияти давлатӣ доранд.
Онҳо моликияти давлатанд ва аз ин рӯ дар тасарруфи шахсони ҷудогонаи ҳуқуқиву воқеӣ буда наметавонанд. Номгӯй ва ҳамчунин тартиби офаридан ва истифода кардани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
7. Ҳуқуқи моликият ба технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд. Объектҳои иттилоотонии дорои аҳамияти давлатӣ бояд ҳатман ба қайд гирифта шаванд. Тартиби ба қайд гирифтани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ IV.МУҲОФИЗАТИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ ВА ҲУҚУҚИ СУБЪЕКТҲО ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТОНӢ
Моддаи 27.Мақсади муҳофизат 1. Захираҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ бояд мавриди муҳофизат
қарор гиранд. 2.Мақсади муҳофизат чунин аст:
‐таъмин намудани низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ ҳамчун объекти моликият, пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, амалҳои беиҷозати нусхабардорӣ, бандубаст, тағйир додан, таҳриф ва нобуд кардани иттилоот;
‐пурра, саҳеҳу, аниқ ва яклухт нигоҳдоштани иттилооти ҳуҷҷатишуда, имконияти идора кардани раванди коркард ва истифода мутобиқи шароите, ки молики ин иттилоот ё шахси ваколатдори ӯ муқаррар кардаанд;
‐ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва махфӣ будани маълумоти шахсӣ дар системаҳои иттилоотӣ;
‐фош накардани сирри давлатӣ ва маҳрамияти иттилооти ҳуҷҷатшуда, пешгирии ихроҷ, дуздӣ, сохтакорӣ ва таҳрифи иттилоот;
‐таъмин намудани ҳуқуқи субъектҳо дар равандҳои иттилоотӣ ҳангоми ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан, истеҳсолу татбиқ намудани системаю технологияҳои иттилоотӣ.
Моддаи 28.Муҳофизати иттилоот 1.Ҳар иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки дар натиҷаи муносибати ғайриқонунӣ нисбати он ба молик,
соҳиб, истифодабарандагон ва дигар шахсон зарар оварда метавонад, мавриди муҳофизат қарор мегирад.
Низоми муҳофизати иттилоот дар мавридҳои зерин муқаррар карда мешавад: ‐нисбати маълумоте, ки сирри давлатӣ ба ҳисоб мераванд аз тарафи мақомоти ваколатдори
давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”; ‐нисбати иттилооти ҳуҷҷатшудаи ошкоро ё маҳрамона аз тарафи молики захираҳои иттилоот ё
худ шахси ваколатдор дар асоси ҳамин Қонун. 2.Молики захираҳои иттилоот ва ё шахсони ваколатдор ҳуқуқ доранд ба иҷрои талабҳо оиди ба
муҳофизати иттилоот назорат кунанд ва коркарди иттилоотро дар сурати иҷро накардани ин талабот манъ кунанд ё боздоранд.
3.Молик ё соҳиби иттилооти ҳуҷҷатшуда барои донистани иҷрои дурусти меъёрҳо ва талабот оиди муҳофизати иттилооти ӯ дар системаҳои иттилоотӣ ҳақ дорад ба мақомоти салоҳиятдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, муроҷиат намояд. Ин мақомот шартҳои маҳрамияти худи иттилоот ва натиҷаи санҷишро риоя мекунад.
Моддаи 29. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоотонӣ 1. Амалу кирдорҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои муносибатхои
ҳуқуқии соҳаи иттилоотонаи, муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ,шахсҳои ҳуқуқиву воқеии дар раванди иттилоотӣ иштироккунанда пешгирӣ карда ва хотима дода мешаванд.
2.Моликони захираву системаҳои иттилоотӣ, офарандагони воситаҳои муҳофизати барномавию техникӣ ва криптографии иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳофизат ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти махсуси ваколатдори давлатиро оид ба муҳофизати иттилоот ба роҳбарӣ мегиранд.
Моддаи 30. Ҳимояи ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шаҳрвандон барои тартиб додан ва офаридани
системаю технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмини онҳо, инчунин ба фаъолияти вобаста бо пешниҳод намудани маҳсулот ва хизматрасонии иттилооти ҳуқуқи баробар доранд.
2.Ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи ташаккули равандҳои иттилоотӣ ва иттилоотонӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва ҷуброни зиён ҳимоя карда мешавад.
3.Ҳуқуқи субъектҳоро суд бо назардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва зиёни расонидашуда ҳимоя мекунад.
4.Барои ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми кор кардан бо иттилооти ҳуҷҷатшуда мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
5.Масъулияти вайрон кардани меъёру қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан ва ба кор бурдани системаҳои иттилоотӣ, талаботи созишномаҳои байналмилалӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мутобиқи шартномаҳои бо ҳамкорони хориҷӣ имзокардаи онҳо, бо
назардошти санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, гузошта мешавад.
Моддаи 31. Ҳимояи ҳуқуқи истифодабаранда барои дастрас кардани иттилоот 1. Аз роҳ надодан барои дастрас кардани иттилооти ошкоро ё аз дидаву дониста пешкаш
намудани иттилооти барғалат (нодуруст) ба суд шикоят кардан мумкин аст. Дар ҳар ҳолат шахсоне, ки онҳоро аз дастрас намудани иттилоот маҳрум гардонидаанд ва шахсоне, ки иттилооти барғалат гирифтаанд, ба товони зарар ҳуқуқ доранд.
2. Тарафҳо барои иҷро накардан ё худ номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯш, пешкаш намудани захираҳои иттилоот тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
3.Суд баҳсҳоро оиди беасос нисбат додани иттилоот ба категорияи иттилооти дастрасаш маҳдуд ва даъвоҳоро оиди ҷуброни зиён дар ҳолатҳои беасос ба истифодабарандагон пешкаш накардани иттилоот ё ки барои ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати истифодабарандагон ва ӯҳдадориҳои шартнома дида мебарояд.
4.Роҳбарон, хизматчиёни дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳое, ки дастрас намудани иттилоотро ғайриқонунӣ маҳдуд сохтаанд ва тартиботи ҳифзи иттилоотро риоя накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
БОБИ V. ИДОРА ВА ТАНЗИМИ СОҲАИ ИТТИЛООТОНӢ
Моддаи 32.Мақомоти идораю танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ 1. Давлат соҳаи иттилоотониро бо мақсади ба амал баровардани сиёсати худ дар соҳаи
иттилоотонӣ идора мекунад ва танзим мегардонад. 2. Идораю танзими давлатии муносибатҳои соҳаи иттилоотониро Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои худ ва ҳамин Қонун ба воситаи системаи ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
З.Сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи иттилоотонӣ мақоми давлатии махсуси ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул медиҳад ва равандҳои пешрафти ин соҳаро ҳамоҳанг месозад.
Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти давлатии идоракунӣ ва танзим дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Ба ваколатҳои мақомоти давлатии идоракунӣ ва танзим дар соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд: ‐тарҳрезӣ кардани сиёсати ягонаи давлатии инкишофи иттилоотонӣ ва муайян намудани самтҳои
афзалиятноки он; ‐муқаррар намудани тартиби маблағҷудокунӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ
барои пешрафти соҳаи иттилоотонӣ ва назорат оиди истифодабарии он; ‐роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ тартибдиҳӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои умумидавлатӣ ва лоиҳаҳо
дар соҳаи иттилоотонӣ; ‐барпо кардан, тараққӣ додан ва боэътимод гардонидани кори системаю шабакаҳои телеиртиботи
умумидавлатӣ; ‐танзими тартибу шароити ҳамкории системаю шабакаҳои иттилоотӣ ва ҷузъҳои дигари
инфраструктураи иттилоотонӣ, ҷорӣ кардани системаҳои пешқадами протоколҳои байнишабакавӣ; ‐муайян кардани тартибу шароити бо иттилоот таъмин намудани мақомоти идораи давлатӣ, аз
ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истифода бурдани захираҳои умумидавлатии иттилоот; ‐ташкили санҷиши (экспертизаи) барномаҳо, лоиҳаю таклифҳо дар соҳаи иттилоотонӣ,
сертификатсияи маҳсулот, раванду технологияҳои иттилоотӣ; ‐дастгирӣ намудани бозори маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ; ‐муқаррар кардани стандартҳо, таснифгарон ва системаҳои якнавохтсозии соҳаи иттилоотонӣ,
назорат ба риояи онҳо; ‐муайян кардани тартибу шароити гузаронидани тадқиқот, тарҳрезӣ ва истеҳсоли воситаю
технология ва системаҳои иттилоотӣ; ‐ҳимоя ва эҳтиёт кардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи иттилоотонӣ; ‐муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии давлатии маҳсулоти барномавӣ ва асосҳои маълумот,
ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд ва ҳамчунин ба қайд гирифтани марказҳо, системаю шабакаҳои иттилоотие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеияти идоравии онҳо амал мекунанд;
‐ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳанг сохтани алоқа дар соҳаи иттилоотонӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар идораву танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳояшон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн кардааст, иштирок менамоянд.
Моддаи 34.Маблағгузорӣ барои иттилоотонӣ 1.Маблағгузорӣ барои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
маблағи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин сармояҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд. 2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотониро муайян ва
тартиби маблағгузориро муқаррар менамояд. Қарорҳоро оиди сармоягузории лоиҳаҳои инкишофи иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи барномаи тасдиқшудаи иттилоотонӣ қабул менамояд.
3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба соҳаи иттилоотонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Моддаи 35. (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 26.12.05с №124)
Моддаи 36. Сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат, қобилияти рақобат ва
ҳимояи бозори дохилӣ сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо ба амал бароварда мешаванд.
2.Системаҳои иттилоотӣ, асос ва бонки маълумотеро, ки барои таъмини иттилоотии ташкилоту шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ” бояд сертификатсия кунад.
3.Системаҳои иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние, ки иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, инчунин воситаҳои муҳофизати ин системаҳо бояд бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад.
Моддаи 37. Танзим ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолият дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию ихтироот дар соҳаи
тарҳрезӣ ва офаридани системаю воситаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ шароит муҳайё карда мешавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сиёсати илмию техникӣ ва саноатӣ самтҳои
афзалиятноки инкишофи иттилоотонӣ, инчунин тартиби маблағгузориро ба онҳо муайян менамояд. 3.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ мутобиқи самтҳои афзалиятноки инкишофи
иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезон ва офарандагони системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳоро дастгирӣ мекунанд, ба ҳар чи бештар қобили рақобат шудани маҳсулоти иттилоотӣ ёрӣ мерасонанд, инкишофи тадқиқоти ояндадори илмиро ҳавасманд мегардонанд, ихтироотҳои куллан навро патент мекунанд ва барои аз худ намудани технологияҳои компютерии иттилоот кумак мекунанд. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Қонун содироту воридоти намудҳои муайяни технология, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ, фурӯхтани онҳо дар бозори дохилӣ маҳдуд ва ҳамчунин истеҳсолкунандагон вазифадор карда шуда метавонанд, ки сатҳи зурурии стандарту сифатро таъмин кунанд.
Моддаи 38. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Тамоми объектҳои инфраструктураи иттилоотонӣ, захираҳои иттилоотӣ, моддӣ, техникӣ,
молиявии онҳо, мутахассисон ва дигар захираҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои баҳисобгирӣ ва таҳлили ҳолати инфраструктураи иттилоотии давлатро муқаррар менамояд.
Моддаи 39. Таълимот дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Бо мақсади баланд бардоштани маданияти иттилоотии аҳолӣ ва маҳорати касбии мутахассисон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбияи умум ва бардавом, таълим ва вусъат додани дониш оиди иттилоот ва техникаи компютерӣ муқаррар карда мешавад.
2.Дар барномаи мактабҳо, сарфи назар аз соҳаву шакли моликият, бояд таълимоти асосҳои иттилоотия ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошад.
3.Дар барномаҳои мактабҳои ибтидоӣ, миёна, касбӣ ва олӣ, инчунин дар ташкилоту таълимгоҳҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тибқи соҳаашон бояд таълими курсҳои махсуси иттилоотия ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошанд.
4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба амал баровардани донишу имкониятҳои иттилоотонӣ, системаю технологияҳои иттилоот, инчунин истифодаи захираҳои иттилоотро дар байни аҳолӣ интишор менамоянд ва аҳолиро аз қонунгузории соҳаи иттилоотонӣ бохабар месозанд.
Моддаи 40. Маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Инҳисорӣ намудан дар соҳаи иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин аст. 2.Парвандаҳои инҳисорикунонии соҳаи иттилоотонӣ дар мақомоти давлатии зиддиинҳисории
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ, пешниҳодоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин субъектҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар натиҷаи чунин инҳисорикунонӣ поймол гаштаанд, баррасӣ мешаванд.
3.Қоидаҳои рақобати софдилона ба ҳамаи шаклҳои фаъолияти соҳаи иттилоотонӣ дахл доранд.
БОБИ VI.МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 41.Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ 1.Муносибатҳои соҳаи иттилоотонии байни давлатҳо дар асоси созишномаҳои дутарафа ва
бисёртарафа, барномаҳои муштараки илмию техникӣ, шартномаю ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оиди барпо намудани системаҳои ягонаю муштарак, коллективию барномавӣ ва техникии ягонаи иттилоотии мувофиқ ва ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои дигари иттилоотонӣ муқаррар карда мешаванд.
2.Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ дар асоси шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 42. Тартиботи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳақ доранд дар асоси
шартномаҳо системаҳои иттилоотии худро ба шабакаҳои байналмилалии иттилоот ҳамроҳ кунанд.
Моддаи 43. Ҳамроҳшавӣ (интегратсия) ба шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоотӣ 1.Системаҳои иттилоотиеро, ки иттилооти дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор
медиҳанд, бо шабакаи байналмилалии иттилоотӣ танҳо баъди қабул намудани чораҳои зарурии муҳофизат якҷоя кардан мумкин аст.
2.Бе иҷозат ба шабакаҳои иттилооти ҳамроҳ кардани системаҳои иттилоотии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин аз ин шабакаҳо гирифтани иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.
3.Иттилоот ҳангоми мубодилаи байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад.
Моддаи 44.Шартномаҳои байналмилалӣ Агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба ҳамин Қонун тартиби
дигар муқаррар шуда бошад, он гоҳ меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
БОБИ VII.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 45.Масъулияти вайрон кардани Қонуни мазкур Вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ ш. Душанбе 6 августи соли 2001 №40