关于知识产权 知识产权培训 树立尊重知识产权的风尚 知识产权外联 部门知识产权 知识产权和热点议题 特定领域知识产权 专利和技术信息 商标信息 工业品外观设计信息 地理标志信息 植物品种信息(UPOV) 知识产权法律、条约和判决 知识产权资源 知识产权报告 专利保护 商标保护 工业品外观设计保护 地理标志保护 植物品种保护(UPOV) 知识产权争议解决 知识产权局业务解决方案 知识产权服务缴费 谈判与决策 发展合作 创新支持 公私伙伴关系 人工智能工具和服务 组织简介 与产权组织合作 问责制 专利 商标 工业品外观设计 地理标志 版权 商业秘密 WIPO学院 讲习班和研讨会 知识产权执法 WIPO ALERT 宣传 世界知识产权日 WIPO杂志 案例研究和成功故事 知识产权新闻 产权组织奖 企业 高校 土著人民 司法机构 遗传资源、传统知识和传统文化表现形式 经济学 性别平等 全球卫生 气候变化 竞争政策 可持续发展目标 前沿技术 移动应用 体育 旅游 PATENTSCOPE 专利分析 国际专利分类 ARDI - 研究促进创新 ASPI - 专业化专利信息 全球品牌数据库 马德里监视器 Article 6ter Express数据库 尼斯分类 维也纳分类 全球外观设计数据库 国际外观设计公报 Hague Express数据库 洛迦诺分类 Lisbon Express数据库 全球品牌数据库地理标志信息 PLUTO植物品种数据库 GENIE数据库 产权组织管理的条约 WIPO Lex - 知识产权法律、条约和判决 产权组织标准 知识产权统计 WIPO Pearl(术语) 产权组织出版物 国家知识产权概况 产权组织知识中心 产权组织技术趋势 全球创新指数 世界知识产权报告 PCT - 国际专利体系 ePCT 布达佩斯 - 国际微生物保藏体系 马德里 - 国际商标体系 eMadrid 第六条之三(徽章、旗帜、国徽) 海牙 - 国际外观设计体系 eHague 里斯本 - 国际地理标志体系 eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange 调解 仲裁 专家裁决 域名争议 检索和审查集中式接入(CASE) 数字查询服务(DAS) WIPO Pay 产权组织往来账户 产权组织各大会 常设委员会 会议日历 WIPO Webcast 产权组织正式文件 发展议程 技术援助 知识产权培训机构 COVID-19支持 国家知识产权战略 政策和立法咨询 合作枢纽 技术与创新支持中心(TISC) 技术转移 发明人援助计划(IAP) WIPO GREEN 产权组织的PAT-INFORMED 无障碍图书联合会 产权组织服务创作者 WIPO Translate 语音转文字 分类助手 成员国 观察员 总干事 部门活动 驻外办事处 职位空缺 采购 成果和预算 财务报告 监督
Arabic English Spanish French Russian Chinese
法律 条约 判决书 按司法管辖区搜索

塔吉克斯坦

TJ024

返回

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Ҳифзи Навъҳои РастанӢ

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Ҳифзи Навъҳои РастанӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ НАВЪҲОИ РАСТАНӢ

Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқии навъҳои растаниро ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии пешниҳод ва ҳифзи ҳуқуқҳои селексионерро муайян менамояд.

БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: ‐ навъи растанӣ ‐ гурўҳи набототии растаниҳое мебошад, ки ба табақаи (таксони) хурдтарини

маълуми набототӣ мансуб буда, новобаста аз пурра қонеъ карда тавонистани шартҳо барои пешниҳоди ҳуқуқи селексионер метавонад аз рўи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳое, ки натиҷаи татбиқи генотипи мазкур ё комбинатсияи гепотипҳо муайян гардад, аз ҳама гуна гурўҳҳои дигари растаниҳо бо дараҷаи зоҳиршавии ақаллан яке аз аломатҳо фарқ кунад, ҳамчун ҷузъи ягона аз нуқтаи назари қобилияти афзоиш ва ҳосилкунии растании комили ин навъи растанӣ баррасӣ шавад;

‐ селексионер – шахсе, ки навъи растаниро баровардааст ё навъеро кашф карда такмил додааст ё корфармои ў ва ё ворисони ҳуқуқии онҳо;

‐ шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер – ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи селексионерро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд;

‐ Феҳристи навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ (минбаъд – Феҳрист) – махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад;

‐ ҳуқуқи селексионер – ҳуқуқҳои селексионер, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд; ‐ Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ‐ Иттиҳоди байналмилалие, ки онро

Конвенсияи байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ таъсис додааст; ‐ узви Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – давлатҳои иштироккунанда ё

тарафи Аҳдкунандаи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҷинсҳо ва намудҳои растаниҳо, ки номгўи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад, татбиқ мегардад ва он баъди на бештар аз 10 сол аз санаи мавриди амал қарор гирифтанаш нисбат ба тамоми ҷинсҳо ва намудҳои растаниҳо мавриди амал қарор дода мешавад.

Моддаи 4.Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ (минбаъд ‐ мақоми ваколатдори давлатӣ) пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи навъҳои растанӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2.Мақоми ваколатдори давлатӣ ба селексионери навъи растанӣ ҳуқуқи селексионери навъи растанӣ ва шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад, ки он ҳуқуқи ўро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба ҳифзи навъҳои растаниҳо дорои ваколатҳои зерин

мебошад: ‐ пешбурди Феҳристро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд; ‐ масъалаҳоро оид ба ташхиси (экспертиза)‐и дархостҳо ҳал мекунад; ‐ дар ҳолати ба шартҳои пешбининамудаи моддаҳои 8‐11 Қонуни мазкур ҷавобгў будани навъи

растанӣ,шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад; ‐ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд. 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи навъҳои растанӣ, аз ҷумла оид ба расмиёти баррасии дархостҳо барои додани ҳуқуқи селексионер, номи навъи растанӣ, ташхиси дархостҳо, нашри иттилооти даврӣ, расмиёти шикоят намудан ва санаи қайди навъи растанӣ дар Феҳрист қоидаю дастурамалҳо қабул мекунад, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 5. Пешниҳоди хизматрасонии музднок

Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз тарафҳои манфиатдор, инчунин аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағро талаб намояд ва маблағи бадастомадаро минбаъд мутобиқи қонунгузорӣ истифода барад.

БОБИ 2.ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР

Моддаи 6. Ҳуқуқ барои ҳифзи навъи растанӣ

Мутобиқи Қонуни мазкур селексионер барои ҳифзи навъи растанӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 7.Меъёрҳо барои ҳифзи навъи растанӣ

1. Ҳуқуқи селексионер дар ҳолати ҷавобгў будани навъи растанӣ ба меъёрҳои ҳифзи растанӣ дода мешавад.

2.Меъёрҳои ҳифзи навъи растанӣ аз инҳо иборат мебошанд: ‐ навин будан; ‐ фарқкунандагӣ; ‐ ҳамгунӣ; ‐ устуворӣ. 3. Додани ҳуқуқи селексионер аз шартҳои иловагӣ ё фарқкунандае, ки дар қисми 2 моддаи мазкур

номбар шудаанд, вобаста намебошад, агар навъи растанӣ мутобиқи моддаи 22 Қонуни мазкур дорои ном бошад ва аз тарафи дархостдиҳанда расмиёти пешбининамудаи Қонуни мазкур риоя гардида бошад.

Моддаи 8.Навин будани навъи растанӣ

1. Навъи растанӣ ҳангоме навин шуморида мешавад, ки агар маводи тухмӣ ё сабзонидашудаи ин навъи растанӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як сол то санаи супоридани дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи худи селексионер ё бо розигии ў фурўхта нашуда бошад ё бо баъзе роҳҳо ба шахсони дигар барои истифода дода нашуда бошад.

2. Навъи растанӣ ҳангоме навин шуморида мешавад, ки агар маводи тухмӣ ё сабзонидашудаи ин навъи растанӣ ба қаламрави дигар фурўхта нашуда бошад ё бо дигар роҳҳо аз тарафи худи селексионер ба шахси дигар дода нашуда бошад ва ё бо розигии ў бештар аз чор сол (вобаста ба дарахтон ва токҳои ангур бештар аз шаш сол) то санаи ирсоли дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода дода нашуда бошад.

Моддаи 9.Фарқкунандагии навъи растанӣ

Навъи растанӣ дар ҳолате фарқкунанда ҳисобида мешавад, ки агар он дар вақти додани дархост аз ҳама навъҳои дигари растаниҳои маълуми мавҷудбуда ба таври назаррас фарқ кунад. Аз ҷумла, додани дархост барои додани ҳуқуқи селексионер ё дохил намудани навъи растанӣ ба Феҳрист дар ҳама давлатҳо

2

навъи растаниро аз санаи супоридани дархост маълум мегардонад, ба шарте ки дар натиҷаи додани ин дархост ҳуқуқи селексионер дода шуда бошад ё навъи растанӣ ба Феҳрист дохил карда шуда бошад.

Моддаи 10. Ҳамгунии навъи растанӣ

Навъи растанӣ ҳамгун ҳисобида мешавад, агар он бо назардошти тағйироти ҷузъие, ки дар натиҷаи хусусиятҳои афзоиш метавонад ба вуқўъ ояд ва аз рўи аломатҳои ҷинсии худ ба таври кофӣ якхела бошад.

Моддаи 11. Устувории навъи растанӣ

Навъи растанӣ устувор ҳисобида мешавад, агар аломатҳои он баъди афзоиши чандкарата ё дар давраи махсуси афзоиш дар охири ҳар як чунин давра бетағйир монад.

БОБИ 3. ДАРХОСТ БАРОИ ДОДАНИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР

Моддаи 12. Дархостдиҳӣ

1. Дархосткунанда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер дархости шакли дахлдорро пур карда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад.

2. Шакли дархост, номгўи хизматрасонӣ, номгўи маълумот, ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои додани ҳуқуқи селексионер ва мўҳлати супоридани онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

3. Санаи супоридани дархост барои додани ҳуқуқи селексионер санаи қабули дархост, ки он аз рўи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст, ба ҳисоб меравад.

4. Селексионер метавонад дархостро барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ба воситаи шахси дигари боваринок супорад.

5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси он, ки ҳифзи чунин навъи растанӣ зарур намебошад ё пешниҳод барои ҳифзи он рад карда шуда буд ва ё мўҳлати фаъолияти он дар дигар давлат ё ташкилоти байниҳукуматӣ гузаштааст, наметавонад пешниҳоди ҳуқуқи селексионерро рад кунад ё мўҳлати фаъолияти ўро маҳдуд намояд.

Моддаи 13. Ҳуқуқи афзалият

1. Селексионере, ки бо тартиби муқарраршуда барои додани ҳуқуқи селексионер ба яке аз аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ дархост додааст («дархости аввал»), дар давоми 12 моҳ аз ҳуқуқи афзалият ҷиҳати супоридани дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои додани ҳуқуқи селексионер ба ин навъи растанӣ истифода мебарад. Ин мўҳлат аз санаи додани дархости аввал ҳисоб карда мешавад.

2. Барои он, ки селексионер аз ҳуқуқи афзалият истифода барад, вай дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудааш оид ба афзалияти пешниҳоди аввал изҳор менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз селексионер талаб мекунад, ки вай дар давоми се моҳ аз санаи додани дархост нусхаи ҳуҷҷатҳои дархости аввалро, ки мақоми ваколатдори давлатии дархости аввалро қабулнамуда тасдиқ кардааст, инчунин намуна ё дигар маводи шаҳодатдиҳандаи он, ки ин навъи растанӣ ифодагари ҳарду дархост мебошад, пешниҳод менамояд.

3. Ба селексионер барои ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳама гуна маълумот, ҳуҷҷатҳо ё дигар маводи зарурӣ барои гузаронидани ташхисе, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, баъди ба охир расидани мўҳлати ҳуқуқи афзалият ду сол мўҳлат ё дар ҳолати рад ва ё бозхонд карда шудани дархости аввал, баъди чунин раддия ё бозхонд мўҳлате дода мешавад, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад.

4. Додани дархости дигар ё нашри он ва ё истифодаи навъи растанӣ, ки мояи дархости аввал мебошад, дар ҳолате, ки агар он ба мўҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мувофиқ бошад, наметавонад барои рад намудани дархости баъдина асос гардад. Инчунин, амалҳои зикргардида наметавонанд барои пайдо шудани ҳуқуқи шахсони сеюм асос гарданд.

3

Моддаи 14. Ташхиси дархост

1. Қарор оид ба додани ҳуқуқи селексионер баъди гузаронидани ташхис ҷиҳати мутобиқ будани навъи растанӣ ба шартҳои дар моддаҳои 8‐11 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул карда мешавад. Дар рафти ташхис мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад навъи растаниро сабзонад ё дигар санҷишҳои зарурӣ гузаронад, аз селексионер талаб намояд, ки навъи растаниро сабзонида дигар санҷишҳои заруриро гузаронад ё натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашударо ба эътибор гирад.

2. Барои мақсадҳои ташхис мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад аз селексионер пешниҳод намудани тамоми маълумот, ҳуҷҷатҳо ё дигар маводи заруриеро талаб намояд, ки номгўи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 15. Ҳифзи муваққатӣ

1. Бо мақсади таъмини манфиатҳои селексионер дар давоми давраи аз санаи нашри дархост барои додани ҳуқуқи селексионер то додани чунин ҳуқуқ ҳифзи муваққатӣ таъин карда мешавад. Дар ин давра мақоми ваколатдори давлатӣ барои таъмини манфиатҳои селексионер чораҳо меандешад.

2. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад аз ҳамаи шахсоне, ки дар давраи зикршуда бо амалҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур машғул шуда, барои он ҳангоми додани ҳуқуқ иҷозати селексионер талаб карда мешавад, подоши моддӣ гирад. Ҳифзи муваққатӣ нисбат ба амалҳое эътибор дорад, ки ҳангоми додани ҳуқуқ, гирифтани иҷозати селексионерро талаб менамоянд. Агар ҳуқуқи селексионер дода нашавад, ҳифзи муваққатӣ татбиқ карда намешавад.

БОБИ 4. ҲУҚУҚҲОИ СЕЛЕКСИОНЕР ВА ДАВОМНОКИИ ҲИФЗИ НАВЪИ РАСТАНӢ

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои селексионер

1. Барои амалҳои зерин бо маводи тухмии навъи растании ҳифзшаванда гирифтани иҷозати селексионер талаб карда мешавад:

‐ истеҳсол ё такрористеҳсолкунӣ; ‐ хушсифат намудан бо мақсади афзоиши он; ‐ барои фурўш пешниҳод кардан; ‐ фурўш ё ба тарзи дигар ба гардиши тиҷоратӣ ворид сохтан; ‐ содирот; ‐ воридот; ‐ нигоҳдорӣ барои мақсадҳои зикршуда. 2. Барои додани чунин иҷозат селексионер метавонад риояи шартҳо ва маҳдудиятҳои муайянро

талаб намояд. 3. Амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбат ба маводи навъи растанӣ, аз ҷумла

растаниҳои яклухт ва қисмҳои онҳо, ки дар натиҷаи бе иҷозат истифода намудани маводи тухмии навъи растании ҳифзшаванда сабзонида шудаанд, гирифтани иҷозати селексионерро талаб менамоянд, агар селексионер имконияти кофии истифодаи ҳуқуқи худро нисбат ба маводи тухмӣ надошта бошад.

4.Муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи мазкур инчунин дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд: ‐ барои навъҳои растаниҳое, ки аслан аз навъи растании ҳифзшаванда сабзонида шудаанд, агар худи

навъи растании ҳифзшаванда аз дигар навъи растанӣ сабзонида нашуда бошад; ‐ барои навъҳои растаниҳое, ки мутобиқи моддаи 9 Қонуни мазкур аз навъи растании ҳифзшаванда

чандон фарқияти назаррас надоранд; ‐ барои навъҳои растаниҳое, ки истеҳсоли онҳо истифодаи бисёркаратаи навъи растании

ҳифзшавандаро талаб мекунад. 5.Навъи растанӣ аз дигар навъи растанӣ (навъи ибтидоӣ) сабзонида ҳисоб мешавад, агар он: ‐ бештар аз навъи ибтидоии растанӣ ё аз навъи растании дигар сабзонида шуда бошад, ки он аз

навъи ибтидоии растанӣ сабзонида шудааст ва зимнан дараҷаи зоҳиршавии аломатҳои асосиро, ки натиҷаи татбиқи генотип ё комбинатсияи генотипҳои навъи ибтидоии растанӣ мебошанд, нигоҳ дорад;

‐ аз навъи ибтидоии растанӣ ба таври назаррас фарқ кунад; ‐ аз рўи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳои асосӣ, ки натиҷаи татбиқи генотип ё комбинатсияи

генотипҳои навъи ибтидоии растанӣ мебошанд, ба навъи ибтидоии растанӣ мувофиқат кунад, ба истиснои

4

фарқиятҳое, ки сабабгори пайдоиши онҳо мегарданд. 6. Навъҳои аслан аз навъи растанӣ баровардашударо бо истифодаи интихоби табиӣ, индуксияи

мутагенез, тағйироти сомаклонӣ, интихоб аз растаниҳои алоҳидаи навъи ибтидоӣ, беккросс ё таворуди (трансформатсияи) генҳо бо усули муҳандисии генӣ ба даст овардан мумкин аст.

Моддаи 17. Истисноҳо аз ҳуқуқҳои селексионер

Ҳуқуқи селексионер ба амалҳое, ки бо мақсадҳои зерин содир шудаанд, паҳн намешавад: ‐ бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ; ‐ бо мақсадҳои таҷриба содир шудаанд; ‐ бо мақсади баровардани навъҳои нави растанӣ иҷро шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки

муқаррароти қисми 4 моддаи 16 Қонуни мазкур ба амалҳое, ки тибқи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 16 Қонуни мазкур нисбат ба ҳамин гуна навъҳои растанӣ иҷро мешаванд, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 18. Қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер

1. Ҳуқуқи селексионер ба амалҳо нисбат ба ҳар гуна маводи навъи растании ҳифзшаванда ё навъи растание, ки муқаррароти қисмҳои 4‐6 моддаи 16 Қонуни мазкур фаро гирифта, аз ҷониби селексионер ё бо розигии ў дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шудааст ё ба тарзи дигар ба гардиши тиҷоратӣ ворид шудааст ва ё ҳар гуна маводе, ки аз маводи зикршуда сабзонида шудааст, татбиқ намегардад, агар онҳо бо амалҳои зерин алоқаманд набошанд:

‐ афзункунии минбаъдаи навъи растании мазкур; ‐ бо содироти маводи навъи растанӣ, ки барои афзоиши навъи растанӣ дар кишваре, ки навъи

растании чунин авлод ё намуди наботот ҳифз карда намешавад, ба истиснои содирот бо мақсади истеъмоли ниҳоӣ.

2. Барои мақсадҳои қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба навъи растанӣ ҳамчун мавод фаҳмида мешаванд:

‐ маводи тухмии ҳама гуна намуди растанӣ; ‐ маводи растанӣ, инчунин худи растанӣ ва қисмҳои он; ‐ ҳама гуна маҳсулоте, ки бевосита аз маводи растанӣ гирифта шудааст.

Моддаи 19.Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи селексионер

Амалисозии озодонаи ҳуқуқи селексионерро танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардан мумкин аст. Дар ҳолате, ки агар чунин маҳдудият зимни аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахсони сеюм пешниҳод намудани иҷозат оид ба иҷрои амале, ки барои он гирифтани иҷозати селексионер зарур аст, ба вуҷуд ояд, он гоҳ селексионер подоши моддӣ мегирад.

Моддаи 20. Чораҳои танзимкунандаи фаъолияти тиҷоратӣ

Ҳуқуқи селексионер аз ҳама гуна чораҳое, ки бо мақсади ба танзим даровардани истеҳсол, сертификатсия, савдо ё воридоту содироти маводи навъҳои растанӣ пешбинӣ мешаванд, вобаста намебошад, ба истиснои чораҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи навъи растанӣ пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 21.Мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер

Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи навъи растанӣ ба мўҳлати 20 сол (нисбат ба дарахтон ва токҳои ангур ба мўҳлати 25 сол) аз санаи додани чунин ҳуқуқ амал мекунад.

БОБИ 5.НОМИНАВЪИ РАСТАНӢ

Моддаи 22.Номи навъи растанӣ

1. Навъи растанӣ бояд ном дошта бошад, ки он аз ҷониби селексионер ба мақоми ваколатдори 5

давлатӣ пешниҳод гардида, ҳамзамон бо дода шудани ҳуқуқи селексионер дар Феҳрист ба қайд гирифта мешавад. Бо назардошти қисми 4 моддаи мазкур ҳеҷ гуна ҳуқуқ нисбат ба номгузорӣ, ки ба сифати номи навъи растанӣ қайд гардидааст, барои истифодаи озоди чунин номгузорӣ вобаста ба навъи растании мазкур ҳатто пас аз гузаштани мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер монеъ намешавад.

2.Номи навъи растанӣ бояд имкон диҳад, ки навъи растанӣ фарқ карда шавад.Номи навъи растанӣ наметавонад танҳо аз рақамҳо иборат бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба таҷрибаи қабулшудаи номи навъи растанӣ мувофиқат намояд. Он набояд нисбат ба аломатҳо, сифатҳо ва мушаххасоти навъи растании мазкур ё шахсияти селексионер ба иштибоҳ барад ё ба нофаҳмиҳо оварда расонад. Аз ҷумла, номи навъи растанӣ аз ҳама гуна номе, ки бо он навъи растании мавҷудаи ҳамин намуд ё намуди ба он наздик дар қаламрави яке аз аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ номгузорӣ шудааст, бояд фарқ дошта бошад.

3. Агар ошкор гардад, ки номи гузошташуда ба талаботи қисми 2 моддаи мазкур ҷавобгўй намебошад, он гоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ бақайдгирии онро рад менамояд ва талаб мекунад, ки селексионер дар мўҳлати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайяншуда номи дигарро пешниҳод намояд.

4. Ба ҳуқуқҳои пештар бадастовардаи шахсони сеюм дахолат карда намешавад. Агар мутобиқи ҳуқуқҳои пештар бадастомада, истифодаи номи навъи растанӣ ба шахсе, ки онро бояд мутобиқи қисми 1 моддаи 23 Қонуни мазкур истифода барад манъ бошад, пас мақоми ваколатдори давлатӣ талаб менамояд, ки селексионер ба навъи растанӣ гузоштани номи дигарро пешниҳод намояд.

5.Навъи растанӣ бояд ба ҳамаи аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ бо як ном пешниҳод гардад.Мақоми ваколатдори давлатӣ номи бо чунин тартиб пешниҳодшударо ба қайд мегирад, танҳо ба истиснои ҳолате, ки агар номи пешниҳодшударо қобили қабул нашуморад. Дар ин ҳолат мақоми ваколатдори давлатӣ бояд аз селексионер талаб кунад, ки номи дигарро пешниҳод намояд.

6.Мақоми ваколатдори давлатӣ тамоми мақомоти салоҳиятдори аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растаниро оид ба масъалаҳои номи навъи растанӣ, аз ҷумла, дар бораи пешниҳод, бақайдгирӣ ва бекор намудани ном бо маълумоти дахлдор таъмин менамояд. Ҳама гуна мақомоти салоҳиятдори зикргардида метавонанд эродҳои худро дар хусуси бақайдгирии номи навъи растанӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол намоянд.

Моддаи 23. Истифодаи номи навъи растанӣ

1. Ҳар шахсе, ки маводи тухмии навъи растании дар Тоҷикистон ҳифзшавандаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш пешниҳод менамояд ё ба гардиши тиҷоратӣ мебарорад, ўҳдадор аст, ки номи навъи растаниро ҳатто пас аз ба охир расидани мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер истифода намояд, ба шарте ки агар мутобиқи қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур ҳуқуқҳои пешакӣ бадастомада барои чунин истифода мамоният накунанд.

2. Ҳангоми ба фурўш ё ба гардиши тиҷоратӣ баровардани навъи растанӣ мумкин аст, ки номи бақайдгирифташудаи навъи растанӣ якҷоя бо аломати молӣ, номи тиҷоратӣ ё дигар рамзи ба ин монанд истифода бурда шавад. Дар ҳолатҳои истифодабарии якҷоя бояд номи навъи растанӣ ба осонӣ шинохташаванда бошад.

БОБИ 6. БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН ВА БЕКОР КАРДАНИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР

Моддаи 24. Беэътибор донистани ҳуқуқи селексионер

1. Ҳуқуқи селексионер дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ беэътибор дониста мешавад:

‐ агар муқаррар гардад, ки шартҳои дар моддаҳои 8 ё 9 Қонуни мазкур пешбинишуда дар лаҳзаи додани ҳуқуқи селексионер иҷро нашуда бошанд;

‐ дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқи селексионер дар асоси маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи селексионер дода шуда бошад, вале шартҳои дар моддаҳои 10 ё 11 Қонуни мазкур пешбинишуда дар лаҳзаи додани ҳуқуқи селексионер иҷро нашуда бошанд;

‐ агар ҳуқуқи селексионер ба шахсе дода шуда бошад, ки ў ба ин ҳуқуқ надошта бошад, ба шарте ки чунин ҳуқуқи селексионер ба шахси ҳуқуқдошта гузаронида нашавад.

6

2. Беэътибор донистани ҳуқуқи селексионер аз рўи ҳолатҳои дигаре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ карда нашудаанд, манъ аст.

Моддаи 25. Бекор намудани ҳуқуқи селексионер

1. Агар муқаррар гардад, ки шартҳои дар моддаҳои 10 ё 11 Қонуни мазкур пешбинишуда иҷро намешаванд, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ҳуқуқи селексионерро бекор намояд.

2. Ҳуқуқи селексионер бекор карда мешавад, агар тибқи дархости дахлдор ва дар мўҳлати муқаррагардида селексионер:

‐ ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот, ҳуҷҷатҳо ё маводеро, ки барои санҷиши нигоҳдории ҳифзи навъи растанӣ заруранд, пешниҳод накарда бошад;

‐ ҳаққи хизматрасониро вобаста ба нигаҳдории ҳуқуқи ў напардохта бошад; ‐ дар ҳолате, ки номи навъи растанӣ баъди пешниҳоди ҳуқуқи селексионер бекор карда шуда, номи

дигари мувофиқро пешниҳод накарда бошад. 3. Ҳуқуқи селексионер бо дигар асосҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд,

наметавонад бекор карда шавад.

Моддаи 26. Пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер

1. Агар дорандаи ҳуқуқи селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи селексионер дархост пешниҳод намояд, пас ҳуқуқи селексионер то ба охир расидани санаи муқарраршуда хотима меёбад.

2. Агар санаи хотимаёбии ҳуқуқи селексионер дар дархост нишон дода нашуда бошад, пас санаи қабули дархост дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи селексионер аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамчун санаи хотимаёбии ҳуқуқи селексионер ба ҳисоб меравад.

БОБИ 7.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ оид ба ҳифзи навъҳои растанӣ

1. Оид ба пешниҳод ва ҳифзи ҳуқуқи селексионер бе расонидани зарар ба ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд,шаҳрвандони аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ, инчунин шахсони воқеӣ, ки дар қаламрави аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ манзили зист доранд ё шахсони ҳуқуқӣ, ки дар қаламравӣ аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ намояндагии бақайдгирифташуда доранд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои он ҳуқуқҳое мебошанд, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

2. Барои мақсадҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, мафҳуми «шаҳрванд» дар ҳолате, ки агар аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ давлат бошад – барои шаҳрвандони ин давлат ва агар аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ ташкилоти байниҳукуматӣ бошад – барои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ин ташкилот истифода мешавад.

Моддаи 28. Ҳимояи ҳуқуқи селексионер

Ҳуқуқи селексионер мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад.

Моддаи 29. Нашри даврии иттилоот

Мақоми ваколатдори давлатӣ бо роҳи нашри даврии иттилоот дар бораи масъалаҳои зерин иттилоотонии оммаро бояд таъмин намояд:

‐ дархостҳо барои додани ҳуқуқи селексионер ва ҳуқуқҳои додашуда; ‐ номҳои пешниҳод ва қабулшуда.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

7

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995,№22, мод. 257; с. 2002,№11, мод. 732) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 29 декабри соли 2010 № 672

8