关于知识产权 知识产权培训 树立尊重知识产权的风尚 知识产权外联 部门知识产权 知识产权和热点议题 特定领域知识产权 专利和技术信息 商标信息 工业品外观设计信息 地理标志信息 植物品种信息(UPOV) 知识产权法律、条约和判决 知识产权资源 知识产权报告 专利保护 商标保护 工业品外观设计保护 地理标志保护 植物品种保护(UPOV) 知识产权争议解决 知识产权局业务解决方案 知识产权服务缴费 谈判与决策 发展合作 创新支持 公私伙伴关系 人工智能工具和服务 组织简介 与产权组织合作 问责制 专利 商标 工业品外观设计 地理标志 版权 商业秘密 WIPO学院 讲习班和研讨会 知识产权执法 WIPO ALERT 宣传 世界知识产权日 WIPO杂志 案例研究和成功故事 知识产权新闻 产权组织奖 企业 高校 土著人民 司法机构 遗传资源、传统知识和传统文化表现形式 经济学 性别平等 全球卫生 气候变化 竞争政策 可持续发展目标 前沿技术 移动应用 体育 旅游 PATENTSCOPE 专利分析 国际专利分类 ARDI - 研究促进创新 ASPI - 专业化专利信息 全球品牌数据库 马德里监视器 Article 6ter Express数据库 尼斯分类 维也纳分类 全球外观设计数据库 国际外观设计公报 Hague Express数据库 洛迦诺分类 Lisbon Express数据库 全球品牌数据库地理标志信息 PLUTO植物品种数据库 GENIE数据库 产权组织管理的条约 WIPO Lex - 知识产权法律、条约和判决 产权组织标准 知识产权统计 WIPO Pearl(术语) 产权组织出版物 国家知识产权概况 产权组织知识中心 产权组织技术趋势 全球创新指数 世界知识产权报告 PCT - 国际专利体系 ePCT 布达佩斯 - 国际微生物保藏体系 马德里 - 国际商标体系 eMadrid 第六条之三(徽章、旗帜、国徽) 海牙 - 国际外观设计体系 eHague 里斯本 - 国际地理标志体系 eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange 调解 仲裁 专家裁决 域名争议 检索和审查集中式接入(CASE) 数字查询服务(DAS) WIPO Pay 产权组织往来账户 产权组织各大会 常设委员会 会议日历 WIPO Webcast 产权组织正式文件 发展议程 技术援助 知识产权培训机构 COVID-19支持 国家知识产权战略 政策和立法咨询 合作枢纽 技术与创新支持中心(TISC) 技术转移 发明人援助计划(IAP) WIPO GREEN 产权组织的PAT-INFORMED 无障碍图书联合会 产权组织服务创作者 WIPO Translate 语音转文字 分类助手 成员国 观察员 总干事 部门活动 驻外办事处 职位空缺 采购 成果和预算 财务报告 监督
Arabic English Spanish French Russian Chinese
法律 条约 判决书 按司法管辖区搜索

塔吉克斯坦

TJ040

返回

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Телевизион Ва Радиошунавонӣ

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Телевизион Ва Радиошунавонӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996,№ 24, мод. 408; соли 1998.,№ 10. мод.76;

соли 1999, № 6, мод. 166; соли 2000,№ 11, мод. 521; соли 2001,№ 7 , мод. 481; соли 2004,№ 2, мод. 39;

соли 2006,№4, мод. 197)

Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу очил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.

БОБИ I ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1.Шарҳи истилоҳот Дар Қонуни мазкур истилоҳоти зерин истифода мешаванд: ‐ абонент ‐ шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад; ‐ нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) ‐ ба масофаи муайян паҳн намудани

ахбори овозӣ ва (ё) тасвирӣ тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд; ‐ шабақаи нашри барнома ‐ маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои паҳн намудани барномаҳои

телевизион ва радио пешбинӣ шудаанд; ‐ пахш ‐ ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои

техникии алоқа; ‐ пахши мустақим ‐ паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо; ‐ интиқоли пахш ‐ тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба

мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо; ‐ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ‐ шахсияти ҳуқуқест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши

барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуалӣ иҷозатнома дорад; ‐ воситаҳои паҳнкунии телевизион ва радио ‐ пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои

тасвирӣ ва сабтӣ тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳонӣ, ноқилӣ, оптикӣ, радиоӣ; ‐ воситаҳои техникии пахши барномаҳо ‐ маҷмӯи таҷҳизоти радиоэлектронӣ ва техникие, ки

тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд; ‐ маҳсулоти аудиовизуалӣ асарҳои аз силсилаҳо кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда

(видиотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техникӣ таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра).

Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, сарфи назар аз

шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва маъмурӣ), дустдорони алоқаи радиоӣ, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фардӣ ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умумӣ равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) ғайримавҷии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ мешавад. Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад. Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба

амал баровардани телевизион ва радиошунавони бо истифода аз шабақаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабақаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 3. Принсипҳоифаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

инҳоанд: ‐ воқеънигорӣ; ‐ ҳақиқатнигорӣ; ‐ ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор; ‐ озодона иброз намудани фикру ақида; ‐ эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ; ‐ қатъиян риоя намудани одоби касбӣ.

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи

(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф карддаст, иборат мебошад. Агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муқаррароти Қонуни мазкур

тартиби дигарро муайян карда бошанд, тартиби шартномаҳои байналмилалӣ истифода мешавад.

Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва асосҳои қонунгузории иҷрои онро муайян

намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ маблағ ҷудо мекунад, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмилалӣ ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ амалӣ мегардонад.

Моддаи 51. Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи

салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад: ‐ таҳия ва таъмини амали намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ; ‐ назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва

радиошунавонӣ; ‐ назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои

сифати техникии пахш; ‐ вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда. Низомномаи Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 6.Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони

мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъияти шаҳрвандони алоҳида ба фаъолияти эҷодии

ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензура давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори

ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд.

Моддаи 7.Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои

телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.

Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ Маҷмӯи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

телевизион ва радиошунавонии ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд. Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи

шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.

Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд: ‐ сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси

ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд; ‐ таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публисистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ,

шавқангез, варзишӣ; ‐ инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ‐ мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) тибқи Қонуни мазкур додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд.

БОБИ II ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА ҚАТЬ КАРДАНИФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ

ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон барои шахси ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии

намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.

Моддаи 12. Иҷзозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд

қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

БОБИ III ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Моддаи 14.Оғози нашри барномаҳо Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани

иҷозатнома (литсензия) оғоз намояд. Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро

ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд. Соҳиби иҷозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора

диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техники худӣ

ё иҷорагирифта амалӣ мегардонад.

Моддаи 15.Нишонаҳои нашр Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рӯз ном ва дигар маълумотҳои

рамзии худ (сароҳанг, нишона)‐ро эълон намояд.

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи оид

ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иҷзозатнома (литсензия) ҳуқуқ

доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд.

Моддаи 17. Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

мақсадҳои зерин истифода мешавад: ‐ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои

ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии тибқи қонуни мазкур ба қайд гирифташуда; ‐ табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо мамолики дигар. Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ташкилоте, ки соҳиби шабақаи бисёрбарномавӣ аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ

барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.

Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар

пахш мекунанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш

тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд. Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.

Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд,

ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад дар дасти мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд.

Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асосӣ ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад. Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлисҳои вилоятӣ ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҷониби

ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудомекунанд.

Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ .Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» амалӣ карда мешавад.

Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии

Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд.

Моддаи 26. Намояндагӣ Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва

иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 27.Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро

баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзӯъ мазмуни мухтасар, рӯзи интишор, вақти оғозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд. Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки

қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

БОБИ IV ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ ВА

КОРМАНДОНИ ОНҲО

Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол

намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ

доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад. Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқи ва

воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро иҷозат диҳад: ‐ пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурӯхтани сабтҳои

барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ‐драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст. Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои

зерин истифода мешаванд: ‐ барои истифодаи порчаҳои мухтасар—на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (фило( � ‐ ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона,

муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд. Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад: ‐ маълумоти дороӣ сири давлатӣ ё асрори дигари қонуннан маҳфуз, ахбору маводе, ки зуран

сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд; ‐ маҳсулоти телевизион ва радио ва видеоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш

диҳад ва фурӯшад. Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.

Моддаи 29. Eҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадор аст: ‐ ахбори ҳаққониро паҳн намояд; ‐ ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат

накунад; ‐ талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро

риоя намояд; ‐ абонентҳоро пешакӣ аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити

интишори онҳо воқиф намояд.

Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю

оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.

Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии

телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхуронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхурон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон таъин мегардад. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии

телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад. Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад. Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

муайян мекунад.

Моддаи 32.Маблағгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ

карда мешаванд. Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин

инҳо буда метавонанд: ‐ пардохти ҳаққи абонентӣ: ‐ фаъолияти рекламавӣ ва тиҷоратӣ; ‐ барномаҳои фармоиши телевизион ва радио; ‐ таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо; ‐ нашри рӯзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо; ‐ истеҳсол, фурӯш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир; ‐ ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ; ‐ фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст; ‐ маблағҳои спонсорҳо, мақомотӣ давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин

шаҳрвандони алоҳида.

БОБИ V ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА

РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ Ҳамкории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо шарикони хориҷӣ дар асоси шартномаҳои

имзошудаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаҳои мустақим сурат мегиранд. Фаъолияти иқтисодии хориҷии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ тибқи муқаррароти

Қонун «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии дахлдор сурат мегирад.

Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии

хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ VI ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА

РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандон, муассисони онҳо, ҳамчунин ашхоси дигар,

ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 36. Асосҳои аз ҷавобгарӣ озод намудан Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба

маълумоти воқеӣ мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд: ‐ агар ин маълумот дар ахбори расмӣ интишор ёфта бошад; ‐ агар маълумот аз агентиҳои давлатӣ ё маркази матбуоти мақомоти давлатӣ ва мақомоти

иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад; ‐ агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад; ‐ агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он

зикр гардида бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.

РАҲМОНОВ ш. Душанбе 14 ноябри соли 1996 №382

ҚАРОРИМАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996,№24, мод.409)

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» аз рӯзи расман нашр

шуданаш мавриди амал қарор дода шавад. 2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

телевизион ва радиошунавонӣ» мувофиқ гардонида шавад.

Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ ш. Душанбе 14 декабри соли 1996 № 382 а