Propiedad intelectual Formación en PI Respeto por la PI Divulgación de la PI La PI para... La PI y… La PI en… Información sobre patentes y tecnología Información sobre marcas Información sobre diseños industriales Información sobre las indicaciones geográficas Información sobre las variedades vegetales (UPOV) Leyes, tratados y sentencias de PI Recursos de PI Informes sobre PI Protección por patente Protección de las marcas Protección de diseños industriales Protección de las indicaciones geográficas Protección de las variedades vegetales (UPOV) Solución de controversias en materia de PI Soluciones operativas para las oficinas de PI Pagar por servicios de PI Negociación y toma de decisiones Cooperación para el desarrollo Apoyo a la innovación Colaboraciones público-privadas Herramientas y servicios de IA La Organización Trabajar con la OMPI Rendición de cuentas Patentes Marcas Diseños industriales Indicaciones geográficas Derecho de autor Secretos comerciales Academia de la OMPI Talleres y seminarios Observancia de la PI WIPO ALERT Sensibilizar Día Mundial de la PI Revista de la OMPI Casos prácticos y casos de éxito Novedades sobre la PI Premios de la OMPI Empresas Universidades Pueblos indígenas Judicatura Recursos genéticos, conocimientos tradicionales y expresiones culturales tradicionales Economía Igualdad de género Salud mundial Cambio climático Política de competencia Objetivos de Desarrollo Sostenible Tecnologías de vanguardia Aplicaciones móviles Deportes Turismo PATENTSCOPE Análisis de patentes Clasificación Internacional de Patentes ARDI - Investigación para la innovación ASPI - Información especializada sobre patentes Base Mundial de Datos sobre Marcas Madrid Monitor Base de datos Artículo 6ter Express Clasificación de Niza Clasificación de Viena Base Mundial de Datos sobre Dibujos y Modelos Boletín de Dibujos y Modelos Internacionales Base de datos Hague Express Clasificación de Locarno Base de datos Lisbon Express Base Mundial de Datos sobre Marcas para indicaciones geográficas Base de datos de variedades vegetales PLUTO Base de datos GENIE Tratados administrados por la OMPI WIPO Lex: leyes, tratados y sentencias de PI Normas técnicas de la OMPI Estadísticas de PI WIPO Pearl (terminología) Publicaciones de la OMPI Perfiles nacionales sobre PI Centro de Conocimiento de la OMPI Informes de la OMPI sobre tendencias tecnológicas Índice Mundial de Innovación Informe mundial sobre la propiedad intelectual PCT - El sistema internacional de patentes ePCT Budapest - El Sistema internacional de depósito de microorganismos Madrid - El sistema internacional de marcas eMadrid Artículo 6ter (escudos de armas, banderas, emblemas de Estado) La Haya - Sistema internacional de diseños eHague Lisboa - Sistema internacional de indicaciones geográficas eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange Mediación Arbitraje Determinación de expertos Disputas sobre nombres de dominio Acceso centralizado a la búsqueda y el examen (CASE) Servicio de acceso digital (DAS) WIPO Pay Cuenta corriente en la OMPI Asambleas de la OMPI Comités permanentes Calendario de reuniones WIPO Webcast Documentos oficiales de la OMPI Agenda para el Desarrollo Asistencia técnica Instituciones de formación en PI Apoyo para COVID-19 Estrategias nacionales de PI Asesoramiento sobre políticas y legislación Centro de cooperación Centros de apoyo a la tecnología y la innovación (CATI) Transferencia de tecnología Programa de Asistencia a los Inventores (PAI) WIPO GREEN PAT-INFORMED de la OMPI Consorcio de Libros Accesibles Consorcio de la OMPI para los Creadores WIPO Translate Conversión de voz a texto Asistente de clasificación Estados miembros Observadores Director general Actividades por unidad Oficinas en el exterior Ofertas de empleo Adquisiciones Resultados y presupuesto Información financiera Supervisión
Arabic English Spanish French Russian Chinese
Leyes Tratados Sentencias Consultar por jurisdicción

Tayikistán

TJ032

Atrás

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Ҳунарҳои Бадеии Халқӣ

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Ҳунарҳои Бадеии Халқӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003,№8, мод.466)

Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 25 июни соли 2003 Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳоеро, ки дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба миён меоянд ба танзим дароварда, принсипҳои асосии дастгирии давлатии ҳунарҳои бадеии халқиро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ва таърихи халқи тоҷик муайян намуда, ба нигоҳдории анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат мекунад.

БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: ҳунарҳои бадеии халқӣ ‐ яке аз шаклҳои эҷодиёти халқӣ, фаъолият оид ба офаридани

маснуоти бадеии таъйиноташон манфиатрасон ва (ё) ороишӣ буда, дар асоси азхудкунии инфиродӣ ва дастаҷамъонаи инкишофдиҳии анъанаҳои меросии санъати халқӣ дар маҳали муайян дар раванди меҳнати эҷодкоронаи дастӣ ва (ё) механиконидашудаи устоҳои ҳунарҳои бедии халқӣ амалӣ гардонида мешаванд; маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ‐ предметҳои таъйиноти ороишӣ ва манфиатрасон,

ки мутобиқи анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ бо истифодаи ашёҳои табиӣ ва меҳнати дастӣ тайёр карда шудаанд; устои ҳунарҳои бадеии халқӣ ‐ шахси воқеӣ, ки маснуоти муайяни ҳунарҳои бадеии

халқиро мутобиқи анъанаҳои он тайёр мекунад; муаллифи натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ

таҷассум ёфтааст ‐ шахси воқеӣ, ки тавассути кори эҷодии вай ин натиҷа ҳосил шудааст; маҳали мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ ‐ ҳудуде, ки дар қаламрави он

ҳунарҳои бадеии халқӣ таърихан эҷод шуда, мувофиқи анъанаҳои ба худ хос инкишоф меёбанд, инфрасохтори иҷтимоию маишии онҳо мавҷуд аст ва дорои захираҳои ашёи хоми зарурӣ мебошад; маснуоти нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ ‐ маснуоти ягонаи нодири ҳунарҳои бадеии

халқӣ, ки арзиши баланди бадеӣ дорад; намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ‐ намунае, ки дар шакли маснуоти

тайёр, тасвир (нақша, тарҳи композитсионӣ), нусха (қолиб) сохта шуда, барои бо тартиби муқарраршуда аз нав истеҳсол намудан, аз ҷумла бо истифодаи дигаргунсозии эҷодӣ таъйин шудааст; дигаргунсозии эҷодӣ ‐ яке аз шаклҳои зуҳури эҷодиёти халқӣ, усули асосии таҷдиди

намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро дар ҳалли композитсионӣ, рангубор, нақшу нигор, нафисӣ ва дигар ҷиҳатҳои бадеии маснуот пешбинӣ менамояд ва боиси тағйироти принсипиалии ғояи муаллиф, пастшавии сатҳи бадеӣ ва сифати истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ нисбат ба намунаи типии он намегардад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ Ба ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ шахсони ҳуқуқии ҳама гуна шаклҳои ташкилӣ‐

ҳуқуқие мансубанд, ки дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти (кор, хизматрасонии) онҳо маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ мувофиқи маълумоти мушоҳидаҳои давлатии оморӣ саҳми на камтар аз 50 фоиз дорад. Вазифаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ нигоҳдорӣ, эҳё ва

инкишофи анъанаҳои ҳунарҳои халқӣ аст.

Моддаи 4.Мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ Мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ дар асоси қарори шӯрои

бадеӣ‐экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи феҳристи намунавии намудҳои истеҳсолот ва гурӯҳҳои маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, сурат мегирад. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо бо назардошти нуктаҳои ҳамин Қонун

тартиби ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ мансуб донистани маснуоти дар ҳудуди онҳо тайёркардашавандаро муқаррар менамоянд. Ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ маснуоте мансуб дониста намешаванд, ки дар

технологияи тайёр кардани онҳо истифодаи дигаргунсозии эҷодии намунаҳои типии ин маснуот имконнопазир аст, аз ҷумла: ‐ маснуоти бахиядӯзӣ, ки дар мошин‐автоматҳо ё нимавтоматҳои дӯзандагӣ тайёр

шудаанд ва онҳо бе омезиши гулдӯзиҳои дастӣ ё бо гулдӯзии дар мошинҳои дӯзандагие, ки имконияти иҷро кардан ва дигаргунсозии гулдӯзии эҷодиро медиҳанд, иҷро шудаанд; ‐ маснуоти матоӣ, ки тавассути суратчопкунӣ бе омезиши усулҳои дастии зинатбахшии

маснуот ороиш дода шудаанд; ‐ маснуоти матоӣ, қолинҳо ва маснуоти қолинӣ, ки дар мошинҳо бе омезиши кори дастӣ

тайёр шудаанд; ‐ маснуот аз фулузот ва маснуоти заргарӣ, ки тавассути тамғазанӣ ва рехтагарӣ, ба

истиснои рехтагарӣ ба моделҳои мумӣ, бе сикказанӣ, кандакорӣ, нақшдиҳӣ, тезобдиҳии минбаъда ё истифодаи усулҳои дигари дастии коркарди зинатбахшии фулузот тайёр шудаанд; ‐ маснуоти сафолӣ, ки тавассути рехтагарӣ бе нақшдиҳӣ, гаҷкории минбаъда ё бе

истифодаи усулҳои дигари дастии зинатбахшии маснуот тайёр шудаанд; ‐ маснуоте, ки дар мошин‐автоматҳои бофандагӣ бе омезиши бофти гулдӯзии дастии

ороиш ё усулҳои дигари дастии зинатбахши маснуот тайёр шудаанд; ‐ маснуоти дигар, ки бо усулҳои механикӣ бо истифодаи ҷузъҳои санъати халқӣ тайёр

шудаанд. Оид ба қарори мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ба суд шикоят

кардан мумкин аст.

Моддаи 5. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Мақомоти ҳокимияти иҷроия шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шароитҳои дигарро

барои нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ фароҳам меоранд, аз он ҷумла: ‐ мутобиқи қонунгузорӣ барномаҳои мақсадноки нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои

бадеии халқиро қабул менамоянд; ‐ барои амалӣ гардонидани нақшаҳои сармоягузорӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, эҳё ва

инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат мекунанд; ‐ мутобиқи қонунгузорӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки дар соҳаи

ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолият доранд, нархҳои имтиёзнокро ба маҳсулот ва

хизматрасонии монополияи табиӣ, инчунин тартиби тайёр кардан ва ба даст даровардани ашёи хом ва маводе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва ба ҳисоб гирифта мешаванд, муқаррар менамоянд; ‐ ба омӯзиш ва тайёр намудани кормандон барои ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат

мекунанд; ‐ ба ташвиқу тарғиби санъати ҳунарҳои бадеии халқӣ, аз ҷумла тавассути ташкил

намудани намоишҳо, озмунҳо, музояда, фурӯши махсуси маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инкишофи мубодилаи байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ин соҳа мусоидат менамоянд; ‐ ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳо, иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои бадеии

халқиро дастгирӣ менамоянд; ‐ барои нигоҳдории ҳунарҳои бадеии халқӣ ва кормандони эҷодии ҳунарҳои бадеии

халқӣ ҳангоми амалӣ гаштани тартиби пешгирии муфлисшавӣ ё барҳамдиҳии ин ташкилотҳо чораҳо мебинанд; ‐ шаклҳои дигари дастгирии давлатии ҳунарҳои бадеии халқиро муқаррар менамоянд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҳалли масъалаҳои нигоҳдорӣ, эҳё ва

инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, аз он ҷумла доир ба дастгирии онҳо чораҳои иловагӣ меандешанд.

БОБИ 2 ҲУҚУҚИШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӣ

Моддаи 6. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои фаъолият дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи майлу рағбат ва қобилияти худ

барои фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқи шаҳрванд оид ба пеша намудани фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии

халқӣ метавонад дар асоси касбӣ ё ки ғайрикасбӣ (ҳаваскор) сурат гирад. Кормандони эҷодии соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки дар асоси касбӣ ё ғайрикасбӣ

(ҳаваскор) кор мекунанд, дорои ҳуқуқҳои баробари муаллифӣ мебошанд. Онҳо ба ҳимояи фаъолияти худ дар ин соҳа, ҳифзи сирри ҳунар ва дастгирии дигари давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба озодона ихтиёрдорӣ намудани натиҷаи меҳнаташон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташкил намудани иттиҳодияҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Шаҳрвандоне, ки дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ кор мекунанд, бо ташаббуси худ ба

ташкил намудани иттифоқҳои эҷодӣ, ассосиатсияҳо, фондҳо, иттиҳодияҳои дигар, ки мақсади онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти эҷодӣ, инкишоф, дастгирӣ намудан ва тарғиб кардани ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад, ҳақ доранд. Фаъолияти иттиҳодияҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Моддаи 8. Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ дар соҳаи истеҳсол

ва (ё) ба фурӯш баровардани маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 9. Ҳуқуқи муаллиф ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таҷассум ёфтааст Ҳуқуқи муаллиф ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ

таҷассум ёфтааст (маснуоти нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ, ё намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ), ҳамчунин ҳуқуқҳои бо истифодаи натиҷаи мазкур алоқаманд, ки аз тарафи муаллиф бо шартҳои шартнома барои таҷдиди минбаъда, аз он ҷумла бо истифодаи

дигаргунсозии эҷодӣ таҳвил шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Моддаи 10. Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ Вазъи ҳуқуқии устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дар асоси шаҳодатномаи намунавии

муқарраршуда мутобиқи Низомномаи оид ба устои ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад. Шаҳодатномаи устои ҳунарҳои бадеии халқӣ аз ҷониби Шӯрои бадеӣ‐экспертӣ, ки бо

тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад ва амал менамояд, дода мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд ба шахсоне, ки шаҳодатномаи устои ҳунарҳои бадеии халқиро гирифтаанд, барои амалӣ гардонидани фаъолияти эҷодии онҳо кафолату имтиёзҳо муҳайё карда, ба истеҳсоли ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат намоянд. Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳамзамон метавонад муаллифи натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ

бошад, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таҷассум ёфтааст.

Моддаи 11. ҳуқуқҳои устои ҳунарҳои бадеии халқӣ Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳуқуқ дорад, ки : ‐ ғояҳои эҷодиаш ҳимоя карда шавад; ‐ намоиш ё шаклҳои дигари намоиши оммавии натиҷаи фаъолияти эҷодии худро

ташкил намояд; ‐ барои истифодаи оммавии натиҷаҳои фаъолияти эҷодиаш инъом гирад; ‐ намудҳои зарурии ашёи хом ва маводро тайёр ва дастрас намояд; ‐ барои истифода аз фондҳои фарҳанг иҷозат дошта бошад; ‐ новобаста аз таҳсилоти базавӣ ба фаъолияти таълимии мутобиқи шакли ҳунарҳои

бадеии халқӣ шуғл варзад; ‐ шаъну шараф ва эътибори касбиаш ҳимоя карда шавад. Дорои ҳуқуқҳои дигаре буда метавонад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

муқаррар намудааст.

Моддаи 12.Шӯроҳои бадеӣ‐экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ Барои анҷом додани фаъолият оид ба мансуб донистани маснуоти тайёршаванда ба

маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ шӯроҳои бадеӣ‐экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ таъсис дода мешаванд. Шӯроҳои бадеӣ‐экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолияти худро дар асоси

низомномаи намунавӣ дар бораи шӯрои бадеӣ‐экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардонанд.

Моддаи 13.Маҳалли мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ Маҳалли мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқиро мақомоти ҳокимияти иҷроия

дар маҳалҳо муқаррар мекунанд. Заминҳое, ки дар онҳо маҳалли мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ воқеъ

гардидаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминҳои таъйиноти таърихию фарҳангӣ мансуб дониста шаванд.

БОБИ 3 ТАЪЛИМИ ҲУНАРҲОИ АНЪАНАВИИ ХАЛҚӣ, ТАЙЁР НАМУДАНИ

КАДРҲО, ТАДҚИҚОТҲОИ ИЛМӣ

Моддаи 14. Таълими ҳунарҳои анъанавии халқӣ Таълими ҳунарҳои анъанавии халқӣ бо роҳҳои зайл амалӣ мегардад:

‐ аз ҷониби устоҳои халқӣ ошно намудан бо таҷрибаи кории худ ва азхуд намудани таҷрибаи онҳо бо мақсади таъмини мутобиқат ба асли анъанаҳо; ‐ гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои

таълимии дахлдор, дар ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дар назди устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ; ‐ гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимии масхусгардонишуда; ‐ мустақилона пайдо намудани малакаҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, аз ҷумла дар

хонаҳои ҳунармандон, студияҳо, клубҳо ва маҳфилҳо; ‐ тайёр намудан, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо; ‐ шиносшавӣ бо ҳунарҳои анъанавии халқӣ, ба усулҳои истеҳсоли намудҳои алоҳидаи

маснуот, бо услубҳои бадеии ҳунарҳои халқӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии миёна, инчунин дар рафти таълиму тарбияи эстетикӣ ва бадеии беруназмактабӣ.

Моддаи 15. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ муайян намуда, идоракунии умумии онҳоро амалӣ мегардонад. Дар гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ

мутахассисони соҳаи фарҳанг, инчунин мутахассисони дигар, ки иштироки онҳо дар гузаронидани ин тадқиқотҳо зарур аст,ширкат меварзанд. Бо мақсади тадқиқоти технологияи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва таъмини раванди таълим

дар муассисаҳои таълимии махсусгардонишуда ва муассисаҳои дигари фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияҳои илмӣ‐тадқиқотӣ ташкил шуда метавонанд.

Моддаи 16. Дастгирии истеҳсолию техникии ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ Мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо

маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба мусоидат ва таъмини ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ бо таҷҳизот ва технологияи мукаммал барои рафти тайёрӣ ва ташкили истеҳсолот таҳия ва амалӣ мегардонанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ

имконият медиҳанд, ки дар асоси шартномаҳои иҷора бо шартҳои имтиёзнок аз биноҳо, таҷҳизот, биноҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ, дигар амвол, ки дар моликияти давлатӣ мебошанд, истифода баранд.

БОБИ 4 МУБОДИЛАИФАРҲАНГӣ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ

Моддаи 17. Мубодилаи фарҳангӣ ва робитаҳои байналмилалӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Мақомоти давлатӣ барои васеъ шудани доираи субъектҳои робитаҳои байналмилалӣ

дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамоянд, иштироки бевоситаи мустақили устоҳо, ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқиро дар мубодилаи фарҳангӣ бо ташкилотҳои шабеҳи мамлакатҳои хориҷӣ ҳавасманд мегардонанд.

Моддаи 18. Намоишҳои миллии молҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ Бо мақсади ҳавасманд гардонидани инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, тарғиби ин соҳа

мунтазам намоишҳои молҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ гузаронида мешаванд.

Моддаи 19.Осорхонаи ҳунарҳои бадеии халқӣ Бо мақсади нигоҳдорӣ ва намоиш додани молҳои бештар қиматбаҳои ҳунарҳои халқӣ,

маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инчунин маҳфуз доштани ҳунарҳои халқӣ ва бо мақсади нигоҳдории устоҳои махсусан маъруфи ҳунарҳои бадеии халқӣ, фароҳам овардани

имконият барои шинос шудан бо эҷодиёти онҳо осорхона‐ устохонаҳо ва хона‐осорхонаҳо бунёд карда мешаванд.

БОБИ 5 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофиқи тартиби

муайяннамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РАҲМОНОВ ш. Душанбе 1 августи соли 2003 №43