عن الملكية الفكرية التدريب في مجال الملكية الفكرية إذكاء الاحترام للملكية الفكرية التوعية بالملكية الفكرية الملكية الفكرية لفائدة… الملكية الفكرية و… الملكية الفكرية في… معلومات البراءات والتكنولوجيا معلومات العلامات التجارية معلومات التصاميم الصناعية معلومات المؤشرات الجغرافية معلومات الأصناف النباتية (الأوبوف) القوانين والمعاهدات والأحكام القضائية المتعلقة بالملكية الفكرية مراجع الملكية الفكرية تقارير الملكية الفكرية حماية البراءات حماية العلامات التجارية حماية التصاميم الصناعية حماية المؤشرات الجغرافية حماية الأصناف النباتية (الأوبوف) تسوية المنازعات المتعلقة بالملكية الفكرية حلول الأعمال التجارية لمكاتب الملكية الفكرية دفع ثمن خدمات الملكية الفكرية هيئات صنع القرار والتفاوض التعاون التنموي دعم الابتكار الشراكات بين القطاعين العام والخاص أدوات وخدمات الذكاء الاصطناعي المنظمة العمل مع الويبو المساءلة البراءات العلامات التجارية التصاميم الصناعية المؤشرات الجغرافية حق المؤلف الأسرار التجارية أكاديمية الويبو الندوات وحلقات العمل إنفاذ الملكية الفكرية WIPO ALERT إذكاء الوعي اليوم العالمي للملكية الفكرية مجلة الويبو دراسات حالة وقصص ناجحة في مجال الملكية الفكرية أخبار الملكية الفكرية جوائز الويبو الأعمال الجامعات الشعوب الأصلية الأجهزة القضائية الموارد الوراثية والمعارف التقليدية وأشكال التعبير الثقافي التقليدي الاقتصاد المساواة بين الجنسين الصحة العالمية تغير المناخ سياسة المنافسة أهداف التنمية المستدامة التكنولوجيات الحدودية التطبيقات المحمولة الرياضة السياحة ركن البراءات تحليلات البراءات التصنيف الدولي للبراءات أَردي – البحث لأغراض الابتكار أَردي – البحث لأغراض الابتكار قاعدة البيانات العالمية للعلامات مرصد مدريد قاعدة بيانات المادة 6(ثالثاً) تصنيف نيس تصنيف فيينا قاعدة البيانات العالمية للتصاميم نشرة التصاميم الدولية قاعدة بيانات Hague Express تصنيف لوكارنو قاعدة بيانات Lisbon Express قاعدة البيانات العالمية للعلامات الخاصة بالمؤشرات الجغرافية قاعدة بيانات الأصناف النباتية (PLUTO) قاعدة بيانات الأجناس والأنواع (GENIE) المعاهدات التي تديرها الويبو ويبو لكس - القوانين والمعاهدات والأحكام القضائية المتعلقة بالملكية الفكرية معايير الويبو إحصاءات الملكية الفكرية ويبو بورل (المصطلحات) منشورات الويبو البيانات القطرية الخاصة بالملكية الفكرية مركز الويبو للمعارف الاتجاهات التكنولوجية للويبو مؤشر الابتكار العالمي التقرير العالمي للملكية الفكرية معاهدة التعاون بشأن البراءات – نظام البراءات الدولي ePCT بودابست – نظام الإيداع الدولي للكائنات الدقيقة مدريد – النظام الدولي للعلامات التجارية eMadrid الحماية بموجب المادة 6(ثالثاً) (الشعارات الشرفية، الأعلام، شعارات الدول) لاهاي – النظام الدولي للتصاميم eHague لشبونة – النظام الدولي لتسميات المنشأ والمؤشرات الجغرافية eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange الوساطة التحكيم قرارات الخبراء المنازعات المتعلقة بأسماء الحقول نظام النفاذ المركزي إلى نتائج البحث والفحص (CASE) خدمة النفاذ الرقمي (DAS) WIPO Pay الحساب الجاري لدى الويبو جمعيات الويبو اللجان الدائمة الجدول الزمني للاجتماعات WIPO Webcast وثائق الويبو الرسمية أجندة التنمية المساعدة التقنية مؤسسات التدريب في مجال الملكية الفكرية الدعم المتعلق بكوفيد-19 الاستراتيجيات الوطنية للملكية الفكرية المساعدة في مجالي السياسة والتشريع محور التعاون مراكز دعم التكنولوجيا والابتكار نقل التكنولوجيا برنامج مساعدة المخترعين WIPO GREEN WIPO's PAT-INFORMED اتحاد الكتب الميسّرة اتحاد الويبو للمبدعين WIPO Translate أداة تحويل الكلام إلى نص مساعد التصنيف الدول الأعضاء المراقبون المدير العام الأنشطة بحسب كل وحدة المكاتب الخارجية المناصب الشاغرة المشتريات النتائج والميزانية التقارير المالية الرقابة
Arabic English Spanish French Russian Chinese
القوانين المعاهدات الأحكام التصفح بحسب كل ولاية قضائية

طاجيكستان

TJ037

رجوع

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Берун Баровардан Ва Дохил Кардани Сарватҳои Фарҳангӣ

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Берун Баровардан Ва Дохил Кардани Сарватҳои Фарҳангӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001,№7, мод.511; соли 2008,№12, қисми 2, мод.1014)

Моддаи 1.Мақсади Қонуни мазкур Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигаҳдории мероси фарҳангиро ба танзим

дароварда, тартиби ягонаи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани сарватҳои фарҳангиро муқаррар намуда, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мусоидат мекунад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ ба Конститутсия (Сарқонун)‐и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин,шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда иборат аст. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда қоидаҳои дигар нисбат ба онҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ дарбар гирифтааст, мавҷуд бошанд, онгоҳ қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Моддаи 3.Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: Сарватҳои фарҳангӣ ‐ ашёи манқули олами моддӣ, ки арзишҳои миллӣ, таърихӣ, бадеӣ, илмию

маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва дигар арзишҳои фарҳангиро ифода мекунанд; берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ ‐ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои

фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо; дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ ‐ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои фарҳангӣ

ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо; муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ ‐ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли

сарватҳои фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраргардида;

муваққатан дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ ‐ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда.

экспертизаи бадеӣ ‐ аз ҷониби мутахассис (эксперт) ё гурӯҳи мутахассисон омӯхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти касбӣ ва донишҳои махсусро тақозо дорад.

Моддаи 4. Сарватҳои фарҳангии таҳти амали Қонуни мазкур қарор гирифта Сарватҳои фарҳангии зерин таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд: Офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон; Офаридаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бозтёфтҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08с№480). Гирдовардашудаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинофото‐фонотекаҳо, нигористонҳо ва

дигар маҳзанҳо; Бозёфтҳои экспедитсияҳои археологӣ, этнографӣ, фолклорӣ ва табии илмӣ бо ризоияти

мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд; дар натиҷаи мубодилаи ихтиёрӣ ба даст омадаҳо; ба сифати мерос, ҳадя қонунӣ ба дастомада ё бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин

сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд; аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардонидашуда.

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ

Танзими берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с№480).

Салоҳияти Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон: категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба

сарватҳои фарҳангӣ мансубанд, муайян мекунад; оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ тибқи

конунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад; ба қайдгирии сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда, инчунин

муваққатан берун баровардашаванда ва муваққатан дохил кардашавандаро ба амал мебарорад; экспертизаи сарватҳои фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан

инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд таъмин мекунад;

барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ шаҳодатнома медиҳад;

сарватҳои фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатй дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба тартиби берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ амалй мегардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Тартиби гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда

Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлатӣ ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ба сарватҳои фарҳангии берун баровардашаванда ва дохил кардашаванда инҳо мебошанд:

офариниши сарватҳои фарҳангӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ; офариниши сарватҳои фарҳангӣ аз ҳисоби фаъолияти худии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ; аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои фарҳангӣ офарида ё ба даст дароварда шудаанд; ба мерос монда; дигар асосҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти ақлӣ мебошанд,

мутобиқи қонунгузорӣ танзим мегардад.

Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ Берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ аз ҷониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори ӯ бо

тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад иҷро мегардад.

Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои фарҳангии офаридаашро, ки моликияти ӯст, тибқи қонунгузории муқарраршуда берун бароварад.

Моддаи 8. Сарватҳои фарҳангии берун бароварданашаванда Берун баровардани сарватҳои фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст: Сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда; аз ҷониби давлат ба рӯйхат ва реестри нигоҳбонӣ дохилшуда; дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлативу ҷамиятии Ҷумҳурии

Тоҷикистон нигоҳбонишаванда.

Моддаи 9.Муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ Муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар

мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад: барои ташкили намоишгоҳҳо; барои гузаронидани корҳои реставратсионӣ ва тадқиқоти илмӣ;

вобаста ба фаъолияти театрӣ, консертӣ ва фаъолиятҳои дигари ҳунарӣ; барои ороиши сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст. Сарватҳои фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё

ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст.

Моддаи 10.Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ Барои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи мувақатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ аз тарафи осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлатӣ ариза пешниҳод мешавад, ки ба он ҳуҷаттҳои зерин замима мегарданд:

шартнома бо ҷониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мӯҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

санади суғуртавии (шаҳодатнома, сертификат, квитансия) шартномаи суғуртаи амволӣ оид ба сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо таъмини ҳама ҳолатҳои эҳтимолии суғуртавӣ;

кафолати хаттии мақомоти давлатии ҷониби қабулкунанда оиди ҳифз, нигоҳдорӣ ва сари вақт баргардонидани сарватҳои фарҳангие, ки муваққатан дохил карда мешаванд.

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегардад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми аввали ҳамин модда зикр гардидаанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сархати сеюми қисми аввали ҳамин модда зикр гардидаанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 11. Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ

Шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:

ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд; вазъи сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда тағйир додани шароити

нигоҳдории онҳоро напазирад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480). молики сарватҳои фарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд,

муайян нашуда бошад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №480). сарватҳои фарҳангие, ки мавзӯи баҳси ҳуқуқи моликиятанд; дар кишваре, ки ба он муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳангӣ дар назар аст, офатҳои

табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда гардад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 12. Ҳифзи сарватҳои фарҳангии муваққатан берун баровардашуда Ҳифзи сарватҳои фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун баровардашударо

намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати қабулкунанда таъмин мекунанд.

Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан дохил кардашуда

Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии ба Тоҷикистон муваққатан дохил кардашударо бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Моддаи 14.Манъи дохил кардани ашёи дигар таҳти намуди сарватҳои фарҳангӣ Дохил гардонидани ашёи дигар таҳти намуди сарватҳои фарҳангӣ, ки ба вайронии сохти

конститутсионӣ ва истиқлолияти давлатӣ, халали тамомияти қаламрави кишвар, тартиби ҷанг, терроризм, таҷовуз, экстремизми динӣ, нажодпарастӣ равона шудааст ва ҳамчунин маводи мундариҷааш фаҳш ва зурӣ, манъ аст. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 15. Пешгирии ғайриқонунӣ дохил кардан ва харидани сарватҳои фарҳангӣ

Сарватҳои фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор боздошта мешаванд.

Бо мақсади пешгирии ба дастовардани сарватҳои фарҳангии аз давлатҳои дигар ғайриқонунӣ берун баровардашуда, дуздидашуда ва ё ғайриқонунӣ харидашуда, осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

Моддаи 16.Фурӯши сарватҳои фарҳангӣ Фурӯши сарватҳои фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии

харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад.

Пешниҳоди сарватҳои фарҳангӣ ба фурӯши оммавӣ бо ризоияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.Шахсони ҳуқуқие, ки дар фуруши сарватҳои фарҳангӣ иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 17. Транзит ва ирсоли сарватҳои фарҳангӣ тавассути почта Ҳангоми транзити сарватҳои фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзитӣ дохил кардани сарватҳои фарҳангиро аз рӯи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

Ирсоли сарватҳои фарҳангӣ тавассути почта аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегирад.

Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои фарҳангӣ Харидори боинсофи сарватҳои фарҳангии аз кишварҳои дигар ғайриқонунӣ баровардашуда,

дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад. Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рӯи тартиби муқарраргардида ҷубронпулӣ дода мешавад.

Сарватҳои фарҳангии мутобиқи банди аввали ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва пардохти боҷҳои дигар озод мешаванд. Хароҷотҳои дигарро оиди баргардонидани онҳо ҷониби талабкунанда пардохт мекунад.

Моддаи 19. Бозгардонидани сарватҳои фарҳангӣ Давлат барои бозгардонидани сарватҳои фарҳангие, ки ғайриқонунӣ берун бароварда шудаанд ва

ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баргардонида шаванд, чораҳо меандешад. Ба талаботи бозгардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

берун баровардашуда то эълони истиқлолияти он мӯҳлати мурур паҳн намешавад. Моликони сарватҳои фарҳангии бозгардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва пардохтҳои

махсус ҳангоми баргардонидани онҳо озод мешаванд.

Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 21. Пардохтҳои гумрукӣ барои сарватҳои фарҳангӣ Пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ бо

тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №480).

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ ш. Душанбе 6 августи соли 2001 №42

ҚАРОРИМАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани

сарватҳои фарҳангӣ» ва мавриди амал қарор додани он

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001,№7, мод.512)

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад: 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои

фарҳангӣ» қабул карда шавад. 2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардан» сарватҳои

фарҳангӣ» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.

ХАЙРУЛЛОЕВ ш. Душанбе 28 июни соли 2001 №343

ҚАРОРИМАҶЛИСИМИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»

(АхбориМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001,№7, мод.512)

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

М.УБАЙДУЛЛОЕВ ш.Душанбе 23 июли соли 2001 №219