عن الملكية الفكرية التدريب في مجال الملكية الفكرية إذكاء الاحترام للملكية الفكرية التوعية بالملكية الفكرية الملكية الفكرية لفائدة… الملكية الفكرية و… الملكية الفكرية في… معلومات البراءات والتكنولوجيا معلومات العلامات التجارية معلومات التصاميم الصناعية معلومات المؤشرات الجغرافية معلومات الأصناف النباتية (الأوبوف) القوانين والمعاهدات والأحكام القضائية المتعلقة بالملكية الفكرية مراجع الملكية الفكرية تقارير الملكية الفكرية حماية البراءات حماية العلامات التجارية حماية التصاميم الصناعية حماية المؤشرات الجغرافية حماية الأصناف النباتية (الأوبوف) تسوية المنازعات المتعلقة بالملكية الفكرية حلول الأعمال التجارية لمكاتب الملكية الفكرية دفع ثمن خدمات الملكية الفكرية هيئات صنع القرار والتفاوض التعاون التنموي دعم الابتكار الشراكات بين القطاعين العام والخاص أدوات وخدمات الذكاء الاصطناعي المنظمة العمل مع الويبو المساءلة البراءات العلامات التجارية التصاميم الصناعية المؤشرات الجغرافية حق المؤلف الأسرار التجارية أكاديمية الويبو الندوات وحلقات العمل إنفاذ الملكية الفكرية WIPO ALERT إذكاء الوعي اليوم العالمي للملكية الفكرية مجلة الويبو دراسات حالة وقصص ناجحة في مجال الملكية الفكرية أخبار الملكية الفكرية جوائز الويبو الأعمال الجامعات الشعوب الأصلية الأجهزة القضائية الموارد الوراثية والمعارف التقليدية وأشكال التعبير الثقافي التقليدي الاقتصاد المساواة بين الجنسين الصحة العالمية تغير المناخ سياسة المنافسة أهداف التنمية المستدامة التكنولوجيات الحدودية التطبيقات المحمولة الرياضة السياحة ركن البراءات تحليلات البراءات التصنيف الدولي للبراءات أَردي – البحث لأغراض الابتكار أَردي – البحث لأغراض الابتكار قاعدة البيانات العالمية للعلامات مرصد مدريد قاعدة بيانات المادة 6(ثالثاً) تصنيف نيس تصنيف فيينا قاعدة البيانات العالمية للتصاميم نشرة التصاميم الدولية قاعدة بيانات Hague Express تصنيف لوكارنو قاعدة بيانات Lisbon Express قاعدة البيانات العالمية للعلامات الخاصة بالمؤشرات الجغرافية قاعدة بيانات الأصناف النباتية (PLUTO) قاعدة بيانات الأجناس والأنواع (GENIE) المعاهدات التي تديرها الويبو ويبو لكس - القوانين والمعاهدات والأحكام القضائية المتعلقة بالملكية الفكرية معايير الويبو إحصاءات الملكية الفكرية ويبو بورل (المصطلحات) منشورات الويبو البيانات القطرية الخاصة بالملكية الفكرية مركز الويبو للمعارف الاتجاهات التكنولوجية للويبو مؤشر الابتكار العالمي التقرير العالمي للملكية الفكرية معاهدة التعاون بشأن البراءات – نظام البراءات الدولي ePCT بودابست – نظام الإيداع الدولي للكائنات الدقيقة مدريد – النظام الدولي للعلامات التجارية eMadrid الحماية بموجب المادة 6(ثالثاً) (الشعارات الشرفية، الأعلام، شعارات الدول) لاهاي – النظام الدولي للتصاميم eHague لشبونة – النظام الدولي لتسميات المنشأ والمؤشرات الجغرافية eLisbon UPOV PRISMA UPOV e-PVP Administration UPOV e-PVP DUS Exchange الوساطة التحكيم قرارات الخبراء المنازعات المتعلقة بأسماء الحقول نظام النفاذ المركزي إلى نتائج البحث والفحص (CASE) خدمة النفاذ الرقمي (DAS) WIPO Pay الحساب الجاري لدى الويبو جمعيات الويبو اللجان الدائمة الجدول الزمني للاجتماعات WIPO Webcast وثائق الويبو الرسمية أجندة التنمية المساعدة التقنية مؤسسات التدريب في مجال الملكية الفكرية الدعم المتعلق بكوفيد-19 الاستراتيجيات الوطنية للملكية الفكرية المساعدة في مجالي السياسة والتشريع محور التعاون مراكز دعم التكنولوجيا والابتكار نقل التكنولوجيا برنامج مساعدة المخترعين WIPO GREEN WIPO's PAT-INFORMED اتحاد الكتب الميسّرة اتحاد الويبو للمبدعين WIPO Translate أداة تحويل الكلام إلى نص مساعد التصنيف الدول الأعضاء المراقبون المدير العام الأنشطة بحسب كل وحدة المكاتب الخارجية المناصب الشاغرة المشتريات النتائج والميزانية التقارير المالية الرقابة
Arabic English Spanish French Russian Chinese
القوانين المعاهدات الأحكام التصفح بحسب كل ولاية قضائية

طاجيكستان

TJ028

رجوع

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Сармоягузорӣ

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Бораи Сармоягузорӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи сармоягузорӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007,№5, мод. 365)

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба сармоягузорӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодии фаъолгардонӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии одилона, баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Мақсади Қонуни мазкур ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардан ва самарабахш

истифода бурдани захираҳои моддӣ ва молиявӣ, техника ва технологияи муосир, таҷрибаи идоракунӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ, инчунин шароити истифодаи озод, шаффофият, соҳибият ва ихтиёрдории сармоягузорӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҷрибаи байналмилалии ҳамкории сармоягузорӣ мебошад. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ аз маблағҳои буҷети

давлатӣ ва бо замонати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста бо сармоягузорӣ ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ намешавад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд: ‐ cармоягузорӣ – ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқи молу мулкӣ (ба истиснои молу мулке, ки ба

истифодабарии шахсӣ ва ё бо фаъолияти фурӯши мол бе коркарди он алоқаманд аст), бо шумули маблағ, коғазҳои қиматнок, таҷҳизоти истеҳсолию‐технологӣ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки ба сармоягузор аз рӯи ҳуқуқи моликият мансубанд ва аз тарафи ӯ ба объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ бо мақсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиҷаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд; ‐ сармоягузор – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ

мекунад. ‐ сармоягузорони хориҷӣ ‐ ба сифати сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо

эътироф карда мешаванд: ‐ давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии онҳо дар шахси мақомоти ваколатдор; ‐ ташкилотҳои байналмилалӣ; ‐ шахсони ҳуқуқии хориҷӣ; ‐ ташкилотҳои хориҷие, ки шахсони ҳуқуқӣ набуда мутобиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ

ташкил шудаанд; ‐ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд; ‐ сармоягузори ватанӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки сармоягузори хориҷӣ намебошанд ва

фаъолияти сармоягузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд; ‐ фаъолияти сармоягузорӣ ‐ амали сармоягузор вобаста ба гузоштани сармоя ба истеҳсоли

маҳсулот ва (ё) тарзи дигари истифодаи он бо мақсади ба даст овардани (фоида) ва (ё) муваффақ шудан ба натиҷаи дигари назаррас; ‐ сармоягузории такрорӣ – сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби

фоидаи сармоягузорие, ки аз сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст; ‐ баҳси сармоягузорӣ – баҳсе, ки байни сармоягузор ва мақомоти давлатӣ,шахсони мансабдори

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни дигари фаъолияти сармоягузорӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти сармоягузорӣ ба амал меояд; ‐ мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

соҳаи сармоягузорӣ муайян карда мешавад;

‐ грантҳои аслии давлатӣ – молу мулке, ки моликияти давлатӣ буда, бе музд ҳамчун моликият ва ё барои истифодаи замин ба шахсони ҳуқуқӣ ба мақсади амалӣ намудани сармоягузорӣ дода мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузорӣ 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузорӣ ба Конститутсияи

(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани мухолифат байни муқаррароти Қонуни мазкур ва шартҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, шартҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ истифода бурда мешаванд.

Моддаи 3.Объектҳо ва намудҳои фаъолияти сармоягузорӣ 1. Объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ инҳо мебошанд: ‐ молу мулки ғайриманқул; ‐ коғазҳои қиматнок; ‐ моликияти зеҳнӣ; ‐ дигар объектҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро дар

онҳо манъ накардааст. 2.Намудҳои фаъолияти сармоягузорӣ: ‐ фаъолияти сармоягузории хусусие, ки онро шаҳрвандон, корхонаҳои ғайридавлатӣ,

муассисаҳо, ташкилотҳо ва сохторҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд; ‐ фаъолияти сармоягузории давлатие, ки онро мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, корхонаҳои

давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз ҳисоби фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, маблағҳои худӣ ва қарзӣ амалӣ мегардонанд; ‐ фаъолияти сармоягузории хориҷие, ки онро шаҳрвандони хориҷӣ,шахсони ҳуқуқӣ, давлатҳои

хориҷӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд амалӣ мегардонанд; ‐ фаъолияти сармоягузории муштарак, ки шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии

Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ амалӣ менамоянд.

БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ САРМОЯГУЗОР

Моддаи 4. Кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор Давлат баробарҳуқуқии сармоягузори хориҷӣ ва сармоягузори ватаниро кафолат дода, дар

муносибат бо сармоягузорон вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ, миллӣ, забонӣ, ҷинсӣ, нажодӣ, эътиқоди динӣ, ҷои анҷом додани фаъолияти иқтисодӣ, инчунин кишвари асли баромади сармоягузор ва сармоягузорӣ, ба ҳеҷ гуна поймолкунии ҳуқуқ роҳ намедиҳад.

Моддаи 5. Кафолати ҳимояи ҳуқуқии сармоягузор ва фаъолияти сармоягузорӣ 1. Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин

санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида ба сармоягузор ҳимояи пурра ва ҳатмии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашро кафолат медиҳанд.

2. Дар ҳолати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории вобаста ба сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорон ба мӯҳлати панҷ сол аз рӯзи интишори расмии тағйиру иловаҳо ҳуқуқи интихоби шароити барои онҳо мусоидтарро доранд. Ин низом нисбат ба тағйиру иловаҳои воридшаванда дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъалаҳои амнияти миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, маънавиёт ва ахлоқ вобастаанд, татбиқ намегардад.

3. Сармоягузор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни зарари расонидашуда ҳуқуқ дорад, ки дар натиҷаи аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул

шудани санадҳои мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар натиҷаи амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори ин мақомот ба вай расонида шудааст.

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътадилии шартҳои шартномаҳоеро, ки байни сармоягузор ва мақомоти давлатӣ баста шудаанд, кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тағйиру иловаҳо дар шартномаҳо бо ризоияти тарафҳо ворид карда шаванд.

Моддаи 6. Кафолати ҳуқуқи ҷойивазкунии сармоягузори хориҷӣ Сармоягузорони хориҷӣ, намояндагони онҳо ва коргарони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти сармоягузорӣ қарор доранд, ҳуқуқи ҷойивазкуниро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, ба истиснои қаламраве, ки дар онҳо шароит ва тартиби будубош бо қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи истифодаи даромадҳо 1. Сармоягузорон ҳуқуқ доранд: ‐ барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани даромадҳо ва маблағҳои дигар дар бонкҳои

қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои бонкӣ кушоянд; ‐ бо салоҳдиди худ фоидаҳои аз фаъолияти худ ба дастовардаро баъди пардохтани андозҳо ва

пардохтҳои дигари ҳатмӣ истифода намоянд. 2. Ба сармоягузорон ва кормандони хориҷӣ ҳуқуқи барои ба хориҷа интиқол додани маблағи

даромади онҳо ва музди меҳнат бо асъори хориҷӣ, ки ба таври қонунӣ аз сармоягузориҳо ва фаъолияти истеҳсолӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.

3. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти сармоягузорӣ бе гуноҳи сармоягузор ӯ ба ҷуброни сармояҳояш ва даромадҳои ба ин восита гирифта, дар шакли пулӣ ва ё молӣ аз рӯи арзиши аслӣ дар лаҳзаи қатъи фаъолияти сармоягузорӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 8.Муомилоти асъорӣ 1. Сармоягузорон дар робита бо тамоми пардохтҳои ба сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон вобаста, барои мубодилаи озодонаи пулии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори озодона мубодилашаванда, инчунин барои хариди асъори хориҷӣ ҷиҳати пардохти муомилоти берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Муомилоти асъориро сармоягузорон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» амалӣ менамоянд.

3. Маҳдудиятҳо оид ба интиқоли пул бо асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон танҳо дар асоси Қонун бо мақсади пешгирии амалиётҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ ба ‐дастомада мумкин аст ҷорӣ карда шаванд.

Моддаи 9.Ошкоро будани фаъолияти мақомоти давлатӣ нисбат ба сармоягузорон 1. Маълумотҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии

ҳуқуқие, ки ба манфиати сармоягузорон дахл доранд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд.

2. Ба сармоягузорон дастрасии озод ба маълумот дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва оинномаи онҳо, бақайдгирии аҳдҳо вобаста бо молу мулки ғайриманқул, инчунин додани иҷозатнома, ба истиснои маълумоте, ки сирри тиҷоратӣ ё сирри дигари бо Қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, таъмин карда мешавад.

Моддаи 10. Дахлнопазирии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ дахолат намояд,

ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 11. Кафолати ҳуқуқҳои сармоягузор ҳангоми милликунонӣ ва реквизитсия

1. Дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, касалиҳои сироятӣ, эпидемия, талафоти ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои истисноии фавқулодда молу мулк метавонад аз молик, мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ба манфиати ҷомеа гирифта шуда, ба ӯ арзиши молу мулки реквизитсияшуда пардохта шавад. Нисбати нархе, ки мутобиқи он ба молик арзиши молу мулки реквизитсияшуда пардохта

мешавад, ба суд шикоят кардан мумкин аст. Шахсе, ки молу мулки ӯ реквизитсия шудааст, ҳақ дорад баъди қатъи ҳолате, ки вобаста ба он молу мулкаш реквизитсия шуда буд, баргардонидани молу мулки зарар надидаашро талаб намояд ва дар ҳолати рад кардани он ба суд муроҷиат намояд.

2. Бо роҳи милликунонидан аз моликии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба моликияти давлат даровардани молу мулк танҳо дар асоси қонунгузорӣ, ки оид ба милликунонии ин молу мулк мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бо пардохти арзиши молу мулк ва ҷуброни дигар зиёне, ки вобаста ба милликунонӣ ба молик расонида шудааст, иҷозат дода мешавад.

3. Андозаи ҷуброни арзиши молу мулки сармоягузории милликунонидашуда ё реквизитсияшуда дар асоси арзиши бозории амвол муайян карда мешавад. Ҷуброн бояд ба таври воқеӣ татбиқшаванда буда, дар мӯҳлати аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда иҷро гардад ва бо асъори озод мубодилашаванда пардохта шавад.

4. Андозаи ҷуброни арзиши молу мулки сармоягузории милликунонидашуда ё реквизитсияшуда метавонад аз тарафи сармоягузор дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди байналмилалӣ ва суди байналмилалии арбитражӣ мавриди баҳс қарор дода шавад, агар ин дар шартномаи байни тарафҳо ё шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шуда бошад.

Моддаи 12. Додани ҳуқуқи сармоягузор ба шахси дигар тибқи кафолатҳои шартномаҳои суғуртавӣ Агар давлати хориҷӣ ё мақомоти давлатии ваколатдори он ё агентии суғурта пардохтҳоро ба

нафъи сармоягузор тибқи кафолати шартномаи суғуртаи ба ӯ вобаста ба сармоягузориҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда анҷом диҳад ва ба ин давлати хориҷӣ, мақоми давлатии ваколатдоршуда ё агентии суғурта ҳуқуқи сармоягузор ба сармоягузориҳои мазкур дода шавад, пас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқдорӣ фақат дар он ҳолат қонунӣ эътироф мешавад, ки сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузориҳоро амалӣ карда бошад ва (ё) ӯҳдадориҳои муайяни шартномавиро дар ҳаҷми пурра ба иҷро расонида бошад.

Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сармоягузориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, ки сармоя ҷалб

мекунанд, ҷавобгар нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ӯҳдадориҳо дар шакли муқаррарнамудаи Қонун аз тарафи давлат кафолат дода шуда бошанд.

Моддаи 14. Кафолати ҳуқуқи сармоягузор барои берун баровардани молу мулк ва иттилоот Сармоягузоре, ки дар ибтидо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулк ва иттилоотро

дар шакли ҳуҷҷат ё дар шакли сабтҳои электронӣ ба сифати сармоягузорӣ ворид кардааст, ҳуқуқ дорад, ки бе мамоният (бе квотакунонӣ, иҷозатномадиҳӣ ва истифодаи тадбирҳои дигари танзими ғайритарифии фаъолияти савдои хориҷӣ) молу мулк ва иттилооти мазкурро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми мӯҳлати сармоягузорӣ мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барад.

Моддаи 15. Ҳуқуқи сармоягузор ба объектҳои моликияти зеҳнӣ Ҳамаи ҳуқуқҳои сармоягузор нисбат ба объекти моликияти зеҳнӣ тибқи тартиби

муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.

Моддаи 16. Ҳуқуқи сармоягузор барои истифодаи захираҳои табиӣ

1. Аз тарафи сармоягузор ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, захираҳои дигари табиӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ҳангоми гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино ва иншоот, ҳамроҳ бо ин объектҳо ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин низ мутобиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузор мегузарад.

3. Аз тарафи сармоягузор ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шавад.

Моддаи 17. Кафолатҳо барои сармоягузоре, ки сармоягузории такрориро анҷом медиҳанд

1. Сармоягузор бо ихтиёри худ фоидаи пас аз пардохти андозҳо ба дастомадаро метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран сармоягузорӣ намояд.

2. Ҳангоми амалӣ гардонидани сармоягузории такрорӣ сармоягузор ба пуррагӣ аз ҳимояи ҳуқуқӣ, кафолатҳо ва имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода менамояд.

БОБИ 3. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОР ВА САРМОЯГУЗОРӢ

Моддаи 18.Мақсади дастгирии давлатии сармоягузор ва сармоягузорӣ 1.Мақсади дастгирии давлатии сармоягузорӣ фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ

барои рушди иқтисодиёт ва ҳавасманд гардонидани сармоягузорӣ, бунёд намудани истеҳсолоти нав, таҷдиди истеҳсолоти амалкунанда бо истифода аз таҷҳизот ва технологияи муосир, нигоҳ доштан ва муҳаё намудани ҷойҳои нави корӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва додани имтиёзҳо барои дастгирии соҳаи сармоягузорӣ мебошад.

2. Дастгирии давлатии сармоягузор аз тарафи мақомоти ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, амалӣ карда мешавад.

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ мутобиқи Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: ‐ робитаи байни мақомоти ваколатдори давлатӣ ва сармоягузоронро таъмин месозад; ‐ иттилоотро дар хусуси имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шароит дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, интишор менамояд; ‐барои беҳбудии фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия месозад; ‐ вазифаҳои дигарро, ки ба пешбурди сармоягузорӣ, дастгирӣ ва ҳимояи сармоягузор дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, ба амал мебарорад. 4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ӯҳдадор аст, ки барои сармоягузор дар асоси баробарӣ ба

ҳифз ва пешбурди манфиатҳои онҳо мусоидат кунад, ба ҳолатҳои вазнин шудани вазъияти молиявию истеҳсолии онҳо роҳ надода, принсипи ошкоро ва шаффофиятро дар тартиби ҷалб намудани сармоягузорӣ бо роҳи гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ амалӣ намояд.

Моддаи 19. Имтиёзҳои сармоягузорӣ 1.Имтиёзҳои сармоягузорӣ дар намудҳои зерин дода мешаванд: ‐ имтиёзҳои андозбандӣ; ‐ имтиёзҳои гумрукӣ; ‐ додани грантҳои аслии давлатӣ. 2. Имтиёзҳои андозӣ ба сармоягузор мутобиқи тартиби муқарраркардаи Кодекси андози

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. 3. Тартиби додани грантҳои аслии давлатӣ ва намудҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

муайян мекунад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТ БАРОИ САРМОЯГУЗОР

Моддаи 20. Аз тарафи сармоягузор риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

____________________________

Сармоягузор ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад.

Моддаи 21. Муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муносибатҳои байни сармоягузор ва кормандоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

мебошанд, дар асоси қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим карда мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Мддаи 22. Ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ 1. Баҳси сармоягузорӣ байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорӣ мувофиқи шартҳои

пешбининамудаи шартномаҳои басташудаи байни тарафҳо ҳал карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин шартномаҳо баҳсҳои сармоягузории байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорӣ аз рӯи имкон ба воситаи машварати байни тарафҳо ҳал карда мешаванд.

2. Дар сурати ғайриимкон будани ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ мувофиқи шартномаҳои басташуда, баҳсҳо мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди байналмилалии арбитражӣ, суди ҳакамӣ, ки бо созиши тарафҳо муайян карда мешавад, ҳал мегарданд.

Моддаи 23.Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1992 «Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992,№ 8, моддаи 118; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, моддаи 48; соли 1997, №23‐24, моддаи 333; соли 1999, №12, моддаи 333; соли 2002, №11, моддаи 678) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 12 майи соли 2007 № 260